Ишқро сармояи имон Алӣ

Фарҳанг

Ишқро сармояи имон Алӣ

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ, ба муносибати зодрӯзи Имом Алӣ ибни Абӯтолиб

1) Имрӯз (13-раҷаб) зодрӯзи Имом Алӣ ибни Абӯтолиб аст. Паёмбари Акрам (с) дар бораи ҳеч саҳобӣ ба он андоза фазилат зикр накарда, ки дар бораи ҳазрати Алӣ зикр кардааст, ба ҳадде, ки ҷойгоҳи Алӣ нисбат ба худро монанди ҷойгоҳи Ҳорун ба Мӯсо (а) медонад.

Ва ин фазилат баршумурданҳо сабаб дорад, ки ба назари ман, бисёре аз мусалмонҳо ҳанӯз аз он сабаб огоҳ нестанд. Ва ҳамин огоҳ набудан аст, ки вақте фазилате дар бораи Алӣ бигӯед, ғолибан бо ду пиндор рӯ ба рӯ мешавед: аввал ин ки гумон мекунад, Алӣ чун писараму ва домоди Паёмбар (с) ва яке аз наздикони ӯ будааст, ба ҳамин хотир барои ӯ фазилат баршумурда. Яъне, сабаби ин фазилат баршумурданҳо барои Алӣ аз сӯйи ҳазрати Паёмбар (с)-ро сирфи робитаи хешовандӣ ва отифӣ – ки миёни ҳар падар бо фарзандаш вуҷуд дорад – мепиндорад ва дигар ҳеч.

Ва пиндори дигаре, ки бо он рӯ ба рӯ мешавед ин аст, ки вақте таърифу тамҷиди ҳазрати Паёмбар (с) аз Алиро бигӯед, тараф фарзро бар ин мегирад, ки шабеҳи ин таърифу тамҷидҳо аз сӯйи Паёмбар (с), ҳатман дар бораи соири бузургони саҳоба низ гуфта шудааст, вале чун ин гӯянда ғулув мекунад ва ё як ҳадафи нопоки дигаре дорад, аз ин рӯ суханони ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи Алиро барҷаста кардааст.

Дар ҳоле, ки он фазилат баршумурданҳо ва таърифу тамҷидҳои Паёмбар (с) аз Алӣ, на ба хотири пайванди хешовандӣ ва отифӣ аст, ки мақоми Паёмбар (с) волотар ва болотар аз ин аст, ки ангезааш аз таърифу тамҷиди ин ё он одам, сирфи робитаи хешовандӣ ва наздикӣ бошад, вагарна Абӯлаҳаб низ амуи ӯ буд, ки сарзаниш ва накӯҳиши вай дар Қуръон ворид омада ва на шабеҳи он фазилатҳоро дар бораи дигарон гуфта бошад.

Хуб, ҳоло чаро Паёмбар барои Алӣ то ба ин ҳадд фазилат баршумурда? Дар ин навиштор, ба ин пурсиш посух хоҳам навишт.

2) Барои ин ки инсон, Алӣ ва бузургии ӯро бишносад, кофист аввалан бо зиндагиномаи ӯ – ки дар китобҳои сира ва таърихи саҳеҳ ворид омада – ошно шавад ва сониян, ба суханон ва номаҳо ва ҳикматҳои Алӣ, ки онҳоро низ таърихнигорон ва ҳадиспажӯҳон ва адибон нақл нақл кардаанд огоҳӣ ёбад, хусусан суханон ва номаҳо ва ҳикматҳои ӯ дар 5 соли хилофаташро. Он вақт хоҳад фаҳмид, ки барои чӣ Паёмбар (с) то ба он ҳадд аз ин мард таърифу тамҷид карда ва барояш фазилат баршумурда будааст?! Яъне, қатъи назар аз суханони ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи Алӣ, гуфторҳо, рафторҳо ва мавзеъгириҳои ӯ хусусан дар 5 соли хилофаташ, кофист инсон ба ҷойгоҳи ӯ пай бибарад ва ба ӯ алоқаманд шавад ва ӯро дӯст бидорад; хислатҳое, ки инсонҳо фитратан ва қатъи назар аз ин ки мусалмон ҳастанд ва ё ғайримусалмон, ошиқ ва дилбохтаи инсоне ҳастанд, ки соҳиби чунин гуфторҳо ва кирдорҳо ва мавзеъгириҳо бошад.

Ин навиштор гунҷоиши онро надорад, ки ба тафсил баён бикунам, балки танҳо ба гӯшае бисёр андак аз рафторҳо ва мавзеъгириҳои Алӣ дар даврони хилофаташ ишора мекунам.

3) Алӣ, дар даврони хилофаташ, ки 5 сол буд, ба ҷойи фатҳу кишваргушоӣ мисли хулафои пеш аз худ ва густариши ҷуғрофиёи ислом, ба ислоҳи дарунӣ пардохт, ки сабаб шуд, се ҷанг ва набарди бисёр бузург дар даруни ҷомеаи навпойи исломӣ ба вуқӯъ бипайвандад ва боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор мусалмон гардад. Ҷанги дохилӣ миёни худи мусалмонон, на дар даврони халифаи аввал воқеъ шуда ва на дар замони халифаи дуввум ва на ҳатто дар рӯзгори халифаи севвум, балки ин барои аввал бор буд, ки дар замони хилофати ҳазрати Алӣ мусалмонон бар сари якдигар шамшер кашидаанд.

Ин се ҷанг, вақте бо сабабҳо ва иллатҳои онҳо ошно мешавед, агар Алиро нек нашносед, хоҳед гуфт, Алӣ марди сиёсат набудааст! Зеро имкон дошт, Алӣ сиёсат ба кор гирад ва коре бикунад, ки ин ҷангҳо воқеъ нашаванд.

4) Ва аммо сабаби ҷанги Ҷамал, нахустин набарди Алӣ: Имом Алӣ вақте бар маснади хилофат нишаст, дар рӯзи дуввуме, ки мардум бо ӯ байъат карда буданд, ба масҷид омад ва фармуд:

وَاللَّهِ لَوْ وَجَدْتُهُ قَدْ تُزُوِّجَ بِهِ النِّسَاءُ وَمُلِكَ بِهِ الْإِمَاءُ لَرَدَدْتُهُ، فَإنَّ فِي الْعَدْلِ سَعَةً، وَمَنْ ضَاقَ عَلَيْهِ الْعَدْلُ فَالْجَوْرُ عَلَيْهِ أَضْيَقُ

“Ба Худо савганд, (молҳои ғоратшудаи байтулмолро ба он бозмегардонам ҳатто) агар маҳрияи занонатон шуда ё канизоне бо он харида бошед, ҳамаро қотеъона ба байтулмол бармегардонам (ва иҷоза намедиҳам беадолатӣ дар ҷаҳони ислом идома ёбад), зеро дар адолат кушоиш аст (барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа) ва он кас, ки адолат барои ӯ танг (ва ногувор) бошад, зулм ва ситам барои ӯ тангтар (ва ногувортар) аст.” (1)

Ин суханони тунд, вале сареҳ ва ошкор, дар бораи бозгардондани амволи касоне буд, ки халифаи пешин ба ҷамъе аз бастагон ва асҳоб бахшида буд. Ду саҳобии бузург, Талҳа ва Зубайр – ки бино ба нақли Ибни Касир дар “Ал-бидоя ван-ниҳоя”, аз аввалин ашхосе буданд, ки бо Алӣ байъат кардаанд – ва низ ҷамъе дигар аз саҳоба, назди Алӣ омаданд ва ба ӯ эътироз карданд, ки: собиқан бо мо чунин рафтор намешуд! Ба илова, Зубайр аз Алӣ аморат бар Куфаро дархост кард ва Талҳа аморат бар Басраро ва ҳамчунин онҳо аз Алӣ дархост карданд, ки касонеро, ки дасташон ба хуни халифаи пешин олуда аст, таҳвили онҳо бидиҳад. Вақте Алӣ пешниҳоди онҳоро рад кард, он ду, оҳанги сафар ба Маккаро карданд. Дар Макка бо Уммулмуъминин Оиша (р), ҳамсари ҳазрати Паёмбар (с) мулоқот ва таҳрикаш карданд, то дар эътироз ба сиёсатҳои “нодуруст”-и Алӣ ва дархости таҳвили қотилони халифаи севвум ба онҳо, бо ҳам алайҳи ӯ биҷанганд. Уммулмуъминин низ розӣ шуд. (2) Ва ба ин тартиб, нахустин ҷанг миёни мусалмонон ба вуқӯъ пайваст ва ҳазорон мусалмон дар он ҷон бохтанд.

Аз назари як сиёсатмадор – ки нигоҳаш фақат ба масолеҳу манофеъи сиёсист – ин кори Алӣ ва сахтгирии ӯ, ҳикоят аз адами огоҳии вай ба умури сиёсӣ ва давлатдорӣ мекунад, зеро аввалин шарти давлатдорӣ ин аст, ки ту, афроди соҳибнуфузи ҷомеаро бо бахшидани маносиб ва пулу моли бештар, ба сӯйи худ ҷазб кунӣ, то дар канорат қарор гиранд, ки пояҳои ҳукумати ту мустаҳкам шавад, на ин ки коре бикунӣ, ки аз назди ту дур шаванд, ки чи басо алайҳи ту бишӯранд. Ин чӣ коре аст, ки Алӣ кардааст!

Ғофил аз ин ки ҳадаф аз идораи ҷомеаи исломӣ, он ҳам аз сӯйи фарде мисли Алӣ, ки наздиктарин инсон ба Паёмбар (с) аст, фақат фатҳу футуҳот ва кишваргушоӣ нест, балки ба тасреҳи Қуръони Карим, “барпоии адолат” аст. Асосан, Худованд паёмбаронро барангехта, ки то мардум ба адолат қиём кунанд:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

“Мо фиристодаҳои худро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо китоб ва мизон ва тарозу (-и шиносоии ҳақ аз ботил ва қавонини одилона) нозил кардем, то мардум қиём ба адолат кунанд…”

Ин ки мебинед, баъзеҳо Алиро муттаҳам ба адами огоҳӣ ба умури сиёсӣ мекунанд, ин чизи тозае нест. Дар замони худаш дар бораи вай чунин гуфта буданд ва ӯ посухи онҳоро додааст. Мегуфтанд, Муовия хеле сиёсатмадор аст, метавонад мардумро ба сӯйи худ ҷазб кунад, на мисли Алӣ, ки ҳамаро аз назди худ ронда. Алӣ мегӯяд:

وَ اللَّهِ مَا مُعَاوِيَةُ بِأَدْهَى مِنِّي، وَ لَكِنَّهُ يَغْدِرُ وَ يَفْجُرُ؛ وَ لَوْ لَا كَرَاهِيَةُ الْغَدْرِ لَكُنْتُ مِنْ أَدْهَى النَّاسِ، وَ لَكِنْ كُلُّ غُدَرَةٍ فُجَرَةٌ وَ كُلُّ فُجَرَةٍ كُفَرَةٌ، وَ لِكُلِّ غَادِرٍ لِوَاءٌ يُعْرَفُ بِهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ

“Ба Худо савганд, Муовия аз ман сиёсатмадортар ва зирактар нест; ӯ найранг мезанад ва муртакиби анвоъи гуноҳ мешавад. Агар ғадру хиёнат нописанд набуд, ман сиёсатмадортарини мардум будам, вале ҳар гуна ғадр ва паймоншиканӣ мунтаҳӣ ба фуҷур ва гуноҳ мешавад ва ҳар гуноҳе сар аз куфр дармеоварад (ҳамон гуна, ки Расули Худо фармуд, ки) “Ҳар ғаддор ва паймоншикане рӯзи қиёмат парчами хоссе дорад, ки ба василаи он шинохта мешавад (ва дар саҳнаи маҳшар расво мегардад)…”

5) Ҷанги Сиффин, набарди дуввуми Алӣ аст, ки байни сипоҳиёни ӯ ва сипоҳиёни Муовия воқеъ шуда. Баъд аз он ки Алӣ бар маснади хилофат нишаст, он ҳангом волии Шом Муовия ибни Абӯсуфён буд, ӯро хулафои пеш аз Алӣ дар Шом волӣ қарор дода буданд. Замоне, ки хилофат ба Алӣ расид, Муовияро аз вилоят азлшуда ва барканоршуда эълом кард. Бино бар он чи Ибни Касир дар “Ал-бидоя ван-ниҳоя” ва соири таърихнигорон мегӯянд, баъзе саҳоба назди Алӣ омаданд ва гуфтанд, ки Муовияро дар ҷойи худаш боқӣ гузорад, ки азли ӯ барои Алӣ дарди сар дуруст мекунад. Алӣ фармуд, ҳатто як лаҳза ҳам Муовия набояд сари қудрат боқӣ бимонад. Ин буд, ки Муовия бо гирд овардани афроди норозӣ аз сиёсатҳои Алӣ дар атрофи худ, оҳанги ҷанг алайҳи Алӣ намуд ва дар ҷангҳое, ки миёни сипоҳиёни Алӣ ва Муовия ба вуқӯъ пайваст, ҳазорон мусалмонон кушта шуданд.

6) Ҷанги Наҳравон, севвумин ва охирин набарди Алӣ аст. Ин ҷанг худаш достоне дорад, ки ин мақола гунҷоиши тафсили онро надорад. Хулосаашро – бо такя бар “Ал-бидоя ван-ниҳоя”-и Ибни Касир – нақл мекунам. Ва он ин аст, ки дар набарди Сиффин замоне фаро расид, ки сипоҳиёни Алӣ ба наздики хаймаҳои Муовия расида буданд ва шикасти Муовия тақрибан қатъӣ гардид. Ин ҷо буд, ки Амр ибни Ос, вазири Муовия, ба Муовия пешниҳод кард, то ба сипоҳиёнаш дастур диҳад, Қуръонҳоро болои найзаҳо қарор диҳанд ва хостори довар қарор додани Қуръон дар даъво миёни Алӣ ва Муовия шаванд. Муовия замоне, ки сабаби ин пешниҳодро аз Амр пурсид, Амр ибни Ос ҷавоб дод, ки дар миёни сипоҳиёни Алӣ ҷамоате ҳастанд бисёр кавдан ва аҳмақ, ки ба соддагӣ метавон онҳоро гӯл зад. Муовия ҳамин корро кард.

Ин ҷамоати аблаҳ аз сипоҳиёни Алӣ, вале мутаъаббид ва мутанассик ва зоҳидмаоб, омаданд пеши Алӣ ва гуфтанд, Муовия мехоҳад байни мо ва худаш Қуръон довар бошад, ту пешниҳоди ӯро бипазир. Алӣ гуфт, ин як найранг ва ҳила аст, Қуръони нотиқ манам. Гӯли онҳоро нахӯред. Аммо он ҷамоати аблаҳ, ки зиёд ҳам буданд, ба Алӣ фишор оварданд, ки ба сипоҳиён дастур бидиҳад, то даст бардоранд, вагарна ӯро хоҳанд кушт. Хулоса, Алӣ розӣ ба ҳакамият шуд, вале ба он ҷамоат гуфт, шумо фиреб мехӯред ва ба зудӣ бароятон равшан мешавад.

Ба пешниҳоди ин ҷамоати аблаҳ – ки баъдҳо ба Хавориҷ маъруф шуданд – Абӯмӯсои Ашъарӣ довар аз сӯйи Алӣ ва Амр ибни Ос довар аз ҷониби Муовия таъйин шуданд. Ин ду нафар чанд рӯз бо ҳам машварат карданд ва ба ин хулоса расиданд, ки бояд ҳар ду нафар, Алӣ ва Муовияро аз хилофат барканоршуда эълом кунем ва таъйини халифаи баъдиро ба ӯҳдаи шӯро қарор диҳем.

Қарор шуд, ин ду нафар дар миёни ҷамъ тасмими худро эълон кунанд Аввал Абӯмӯсо омад болои минбар ва ангуштарии худро аз ангушташ берун кард ва гуфт, ман ҳамон гуна ки ин ангуштарро аз ангуштам берун овардам, Алиро аз хилофат барканор кардам. Қарор буд Амр ибни Ос низ ҳамин корро бикунад, вале ӯ вақте дар болои минбар нишаст, ангуштарии худро ба ангуштонаш кард ва гуфт: ман, ҳамон тавр ки ин хотамро дар ангуштам гузоштам, Муовияро ба унвони халифа таъйин кардам.

Инҷо буд, ки он ҷамоати аблаҳ фаҳмиданд, ки гӯл хӯрдаанд ва Муовия онҳоро фиреб додааст. Омаданд пеши Алӣ ва гуфтанд, аслан мо хато кардем, ки инсонро ҳоким қарор додем, мо бо ин корамон муртакиби гуноҳи кабира шудем ва инак тавба кардем, ту низ бояд тавба кунӣ, ки ту ва Муовия низ кофир шудаед.

Як ҷамоати бисёр нодон ва аҳмақ ва аблаҳ буданд, ҳарф сарашон намешуд. Алӣ борҳо ба онҳо гӯшзад мекард, ки шумо пештар ҳам иштибоҳ мекардед ва алъон ҳам иштибоҳ мекунед. Зеро ҳакам ва довар қарор додани Қуръон, бо ин ки Муовия қасди суе дошт, вале хилофи Қуръон нест, як асли шаръист, касе кофир нашудааст. Аммо онҳо намефаҳмиданд ва ошкоро Алӣ ва Муовияро такфир мекарданд. Алӣ, то замоне, ки онҳо даст ба шамшер набурданд, коре ба корашон надошт ва мегуфт, инсон то замоне, ки даст ба ихлол дар ҷомеа назанад, дар ибрози ақида ва раъй озод аст. Аммо вақте онҳо даст ба шамшер бурданд ва яке аз наздикони Алиро куштанд, Алӣ тасмим гирифт ин ҷамоати аблаҳро аз миён бардорад.

Ҷанг бо ин ҷамоат кори осоне набуд ва ҳар касе ҳам ҷуръат ба ҷангидани бо онҳо намекард. Зеро одамони бисёр мутанассик ва зоҳидмаоб буданд, дар миёнашон қориҳои Қуръон зиёд буд. Як рӯз пеш аз ҷанг, Алӣ намояндаи худ, Абдуллоҳ ибни Аббосро ба сӯйи ин ҷамоат фиристод, то насиҳаташон кунад, то даст аз лаҷоҷат бардоранд. Бар асоси ривоёт, Ибни Аббос вақте аз назди онҳо баргашт, бисёр ҳолаш ғариб ва сараш хам буд. Алӣ пурсид, чаро ба фикр фурӯ рафтааст? Ибни Аббос гуфт: оё медонед, қарор аст мо бо чӣ ҷамоате биҷангем?! Ман бо ҷамоате рӯ ба рӯ шудам, ки пешонии онҳо аз зиёдии саҷда мисли пешонии асп гардида ва зонуҳояшон пина зада, қории Қуръонанд ва шабзиндадор ва хулоса, бисёр одамони зоҳидпеша ҳастанд. Алӣ гуфт, медонад, вале бо ин ҳама, бисёр қишринигаранд, ки зиёнашон барои ислом басо бештар аз зарару зиёни душманони ислом аст.

7) Дар поён дӯст дорам, мақолаи худро бо шеъре аз Аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки дар васфи Алӣ сурудааст, поён бибахшам:

Муслими аввал шаҳи мардон Алӣ,

Ишқро сармояи имон Алӣ.

Аз валои дудмонаш зиндаам,

Дар ҷаҳон мисли гуҳар тобандаам.

Наргисам, ворафтаи наззораам,

Дар хиёбонаш чу бӯ овораам.

Замзам ар ҷӯшад зи хоки ман, аз ӯст,

Май агар резад зи токи ман, аз ӯст.

Хокаму аз меҳри ӯ ойинаам,

Метавон дидан наво дар синаам.

Аз рухи ӯ фол Пайғамбар гирифт,

Миллати Ҳақ аз шукӯҳаш фар гирифт.

Қуввати дини мубин фармудааш,

Коинот ойинпазир аз дудааш.

Мурсали Ҳақ кард номаш Бутуроб,

Ҳақ “ядуллаҳ” хонд дар Уммул-китоб.

Ҳар ки донои румузи зиндагист,

Сирри асмои Алӣ донад, ки чист.

Хоки торике, ки номи ӯ тан аст,

Ақл аз бедоди ӯ дар шеван аст.

Фикр гардунрас, заминпаймо аз ӯ,

Чашм кӯру гӯш ношунво аз ӯ.

Аз ҳавас теғи дурӯ дорад ба даст,

Раҳравонро дил бар ин раҳзан шакаст.

Шери Ҳақ ин хокро тасхир кард,

Ин гули торикро иксир кард.

Муртазо, к-аз теғи ӯ Ҳақ равшан аст,

Бӯтуроб аз фатҳи иқлими тан аст.

Мард кишваргир аз каррорӣ аст,

Гавҳарашро обрӯ худдорӣ аст.

Ҳар ки дар офоқ гардад Бӯтуроб,

Бозгардонад зи Мағриб офтоб.

Ҳар ки зин бар маркаби тан танг баст,

Чун нигин бар хотами давлат нишаст.

Зери пош ин ҷо шукӯҳи Хайбар аст,

Дасти ӯ он ҷо қасими Кавсар аст.

Аз худогоҳӣ ядуллоҳӣ кунад,

Аз ядуллоҳӣ шаҳаншоҳӣ кунад.

Зоти ӯ дарвозаи шаҳри улум,

Зери фармонаш Ҳиҷозу Чину Рум.

Ҳукмрон бояд шудан бар хоки хеш,

То майи равшан хӯрӣ аз токи хеш

Хок гаштан мазҳаби парвонагист,

Хокро аб шав, ки ин мардонагист.

Санг шав, эй ҳамчу гул нозукбадан,

То шавӣ бунёди девори чаман.

Аз гили худ одаме таъмир кун,

Одамиро оламе таъмир кун.

Гар бино созӣ на девору даре,

Хишт аз хоки ту бандад дигаре.

Эй зи ҷаври чархи ноҳинҷор тапг,

Ҷоми ту фарёдии бедоди санг,

Нолаву фарёду мотам то куҷо?

Синакӯбиҳои пайҳам то куҷо?

Дар амал пӯшида мазмуни ҳаёт,

Лаззати тахлиқ қонуни ҳаёт.

Хезу халлоқи ҷаҳони тоза шав,

Шӯъла дар бар кун, халиловоза шав.

Бо ҷаҳонӣ номусоъид сохтан,

Ҳаст дар майдон сипар андохтан.

Марди худдоре, ки бошад пухтакор,

Бо мизоҷи ӯ бисозад рӯзгор.

Гар насозад бо мизоҷи ӯ ҷаҳон,

Мешавад ҷангозмо бо осмон.

Барканад бунёди мавҷудотро,

Медиҳад таркиби нав зарротро.

Гардиши айёмро барҳам занад,

Чархи нилуфомро барҳам занад.

Мекунад аз қуввати худ ошкор,

Рӯзгори нав, ки бошад созгор.

Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист,

Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист.

Озмояд соҳибн қалби салим

Зӯри худро аз муҳиммоти азим.

Ишқ бо душвор варзидан хуш аст,

Чун Халил аз шӯъла гул чидан хуш аст

Мумкиноти қуввати мардони кор

Гардад аз мушкилписандӣ ошкор.

Ҳарбаи дунҳимматон кин асту бас,

Зиндагиро ин як ойин асту бас

Зиндагонӣ қуввати пайдостӣ,

Асли ӯ аз завқи истилостӣ.

Афви беҷо сардии хуни ҳаёт,

Сактае дар байни мавзуни ҳаёт.

Ҳар кӣ дар қаъри мазаллат мондааст,

Нотавониро қаноъат хондааст.

Нотавонӣ зиидагиро раҳзан аст,

Батнаш аз хавфу дурӯғ обистан аст.

Аз макорим андаруни ӯ тиҳист,

Шераш аз баҳри замоим фарбеҳист.

Ҳушёр, эй соҳиби ақли салим,

Дар каминҳо менишинад ин ғаним.

Гар хирадмандӣ, фиреби ӯ мах(в)ар,

Мисли ҳур бо ҳар замон рангаш дигар.

Шакли ӯ аҳли назар нашнохтанд,

Пардаҳо бар рӯи ӯ андохтанд.

Гоҳ ӯро раҳму нарми пардадор,

Гоҳ мепӯшад ридои инкисор.

Гоҳ ӯ мастур дар маҷбурӣ аст,

Гоҳ пинҳон дар таҳи маъзурӣ аст.

Чеҳра дар шакли таносоӣ намуд,

Дил зи дасти соҳиби қувват рабуд.

Бо тавоноӣ садоқат тавьам аст,

Гар худ огоҳӣ, ҳамин ҷоми Ҷам аст.

Зиндагӣ кишт асту ҳосил қувват аст,

Шарҳи рамзи хаққу ботил қувват аст.

Муддаъӣ гар моядор аз қувват аст,

Даъвии ӯ бениёз аз ҳуҷҷат аст.

Ботил аз қувват пазирад шоми Ҳақ,

Хешро Ҳақ донад аз бутлони Ҳақ.

Аз «кун»-и ӯ заҳр Кавсар мешавад,

Хайрро гӯяд шаре, шар мешавад.

Эй зи одоби амонат бехабар,

Аз ду олам хешро беҳтар шумар.

Аз румузи зиндагӣ огоҳ шав,

Золиму ҷоҳил зи ғайриллоҳ шав.

Чашму гӯшу лаб кушо, эй ҳушманд,

Гар мабинӣ роҳи Ҳақ, бар ман биханд.

* * *

(1) Шарҳи Муҳаммад Абдуҳ бар Наҳҷулбалоға, хутбаи 15.

(2) Азизоне, ки бо забони арабӣ ошно ҳастанд, тафсили ҳодисаи ҷанги Ҷамалро дар китобҳои таърихӣ бихонанд, аз ҷумла дар “Ал-бидоя ван-ниҳоя”-и Ибни Касир, 7/225-228, Ашшомила.

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нӯҳ нуктаи корбурдӣ
Foreign Policy: Омрико дар фикри хуруҷ аз Сурия аст

Матолиби пурбоздид