Иқболи Лоҳурӣ аз назари шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ
Вежагиҳои Иқболи Лоҳурӣ
“Дар хориҷ аз ҷаҳони араб бархе муслеҳон, ки битавон онҳоро “қаҳрамон” номид, каму беш зуҳур карданд. Иқболи Лоҳуриро қатъан як қаҳрамони ислоҳгар дар ҷаҳони ислом бояд ба шумор овард, ки андешаҳои ислоҳияш аз марзи кишвари худаш ҳам гузашт. Иқбол имтиёзҳое дорад ва навоқисе:
Аз ҷумлаи имтиёзҳои Иқбол ин аст, ки фарҳанги Ғарбро мешинохтааст ва бо андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии Ғарб ошноии амиқ доштааст, то он ҷо, ки дар худи Ғарб ба унвони мутафаккир ва як файласуф ба шумор омадааст.
Дигар ин ки: бо ҳамаи ошноӣ ва шиносоии фарҳанги Ғарб, Ғарбро фоқиди як идеулужии ҷомеъи инсонӣ медонистааст; баръакс мӯътақид будааст, ки мусалмонон танҳо мардуме ҳастанд, ки аз чунин идеулужӣ бархӯрдор ва баҳраманданд. Ба ҳамин далел, Иқбол дар айни даъват ба фарогирии улуму фунуни ғарбӣ, аз ҳар гуна ғарбгароӣ ва шефтагӣ нисбат ба “-изм”-ҳои ғарбӣ мусалмононро барҳазар медошт.
Иқбол мегӯяд: “Мисолигарии Урупо ҳаргиз ба сурати омили зиндае дар ҳаёти он дарнаёмада ва натиҷаи он пайдоиш “ман”-и саргардонест, ки дар миёни демукросиҳои носозгор бо якдигар, ба ҷустуҷӯи “худ” мепардозад, ки кори мунҳасири онҳо баҳракашӣ аз дарвешон ба суди тавонгарон аст. Сухани маро бовар кунед, ки Урупои имрӯз бузургтарин монеъ дар роҳи пешрафти ахлоқи башарият аст. Аз тарафи дигар, мусалмонон молики андешаҳо ва камоли матлубҳои ниҳоии мутлақи мубтанӣ бар ваҳйе мебошанд, ки чун аз дарунитарин жарфои зиндагӣ баён мешавад, ба зоҳирӣ будани он ранги ботинӣ медиҳанд.”
Имтиёзи дигари Иқбол ин аст, ки: дар зеҳни худ даргириҳое, ки Муҳаммад Абдуҳ гирифтори онҳо буда доштааст. Яъне ёфтани роҳи ҳалле, ки мусалмонон бидуни он ки по рӯйи ҳукм ё асле аз усули ислом бигузоранд, мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоии замони худро ҳал кунанд. Аз ин рӯ, дар бораи масоиле аз қабили иҷтиҳод, иҷмоъ ва амсоли инҳо зиёд меандешидааст. Иқбол иҷтиҳодро мутури ҳаракати ислом мешуморад.
Аз ҷумлаи имтиёзҳои Иқбол ин аст, ки: бар хилофи соири парваришёфтагони фарҳанги Ғарб шахсан маънавиятгаро аст ва аз буъди руҳии ирфонӣ ва ишроқии нерӯманде бархӯрдор аст. Аз ин рӯ, барои ибодат ва зикр ва фикр ва муроқиба ва муҳосибаи нафс ва билохира сайру сулук ва маънавият ва он чи имрӯз онро “дарунгароӣ” мехонанд ва аҳёнан тахтиъа менамоянд, арзиши фаровон қоил аст ва аз ҷумлаи масоиле, ки дар “Эҳёи фикри динӣ” тарҳ мекунад, ин масоил аст. Иқбол эҳёи фикри диниро бидуни эҳёи маънавияти исломӣ бефоида мешуморад.
Имтиёзи дигари ӯ ин аст, ки танҳо марди андеша набуда, марди амал ва мубориза ҳам будааст, амалан бо истеъмор даргирӣ доштааст. Иқбол яке аз поягузорон ва муассисони кишвари исломии Покистон аст.
Имтиёзи дигари Иқбол қудрати шоирии ӯст; қудрате, ки дар хидмати аҳдофи исломии ӯ қарор гирифтааст. Сурудҳои инқилобии Иқбол ҳамчунон асари ҳамосаофарин ва ҳаяҷоновари худро ҳифз кардааст…”
(Наҳзатҳои исломӣ дар сад соли ахир, сафҳаи 49-51)
* * *
Иқбол ва фалсафаи “худӣ”
“Аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ фалсафае дорад, ки онро “фалсафаи худӣ” меномад. Ӯ мӯътақид аст, ки шарқи исломӣ ҳувияти воқеии худро, ки ҳувияти исломӣ аст аз даст дода ва бояд онро бозёбад. Иқбол мӯътақид аст, ҳамон тавр ки фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва ё гум кардани шахсият мешавад, аз “худ” фосила мегирад ва бо “худ” бегона мегардад, ғайри “худ”-ро ба ҷойи “худ” мегирад ва ба қавли Мавлавӣ, ки Иқбол сахт муриду шефтаи ӯ ва таҳти таъсири ҷозибаи қавии ӯст, “дар замини дигарон хона месозад ва ба ҷойи он, ки кори худ кунад, кори бегона мекунад”, ҷомеа низ чунин аст.
Ҷомеа монанди фард руҳу шахсият дорад, монанди фард аҳёнан дучори тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият мегардад, имон ба “худ”-ро ва ҳисси эҳтиром ба зот ва каромати зотро аз даст медиҳад ва яксара суқут мекунад. Ҳар ҷомеае, ки имон ба хештан ва эҳтиром ба киёни зот ва каромати зоти хештанро аз даст бидиҳад, маҳкум ба суқут аст.
Иқбол мӯътақид аст, ки ҷомеаи исломӣ дар ҳоли ҳозир дар бархӯрд бо тамаддун ва фарҳанги ғарбӣ дучори бемории тазалзули шахсият ва аз даст додани ҳувият шудааст. “Худ”-и ин ҷомеа ва “хештан“-и асили ин ҷомеа ва рукни ракини шахсияти ин руҳи ҷамъӣ, ислом ва фарҳанги исломӣ аст.
Нахустин кори лозиме, ки муслеҳон бояд анҷом диҳанд, бозгардондани имон ва эътиқоди ин ҷомеа ба “худ”-и воқеии ӯ яъне фарҳанг ва маънавияти исломӣ аст, ва ин аст “фалсафаи худӣ”. Иқбол дар ашъор ва мақолот ва суханрониҳо ва конфронсҳои худ ҳамвора кӯшиш дорад маҷдҳо, азаматҳо, фарҳангҳо, лиёқатҳо, шоистагиҳои ин умматро ба ёди ӯ оварад ва бори дигар ӯро ба “худаш” мӯъмин созад. Инки Иқбол, қаҳрамонони исломиро аз лобалои таърих берун мекашад ва ҷилави чашми мусалмонон қарор медиҳад, ба ҳамин манзур аст. Аз ин рӯ, Иқбол ҳаққи азиме бар ҷомеаи исломӣ дорад. Иқбол андаке монанди Сайидҷамолуддини Асадободӣ, ва на дар ҳадди ӯ, шуоъи андеша ва фаъолиятҳои ислоҳияш аз марзҳои кишвари худаш гузашта ва каму беш дар ҳамаи ҷаҳони ислом асар гузоштааст…”
(Наҳзатҳои исломӣ дар сад соли ахир, сафҳаи 51-52)
Қаламонлайн