Уилям Ҷеймс, “Дин ва равон”

Адаб
Уилям Ҷеймс, “Дин ва равон”
“Уилям Ҷеймс (William James) мардест илоҳӣ ва китобҳое, ки то кунун аз ӯ тарҷима шуда, дар ҳадди зиёде хуб аст, махсусан китоби “Дин ва равон”.
Ӯ равоншинос ва файласуфи бисёр боризе будааст ва аз донишмандони бузурги ҷаҳон шумурда мешавад.
Аз замони фавташ шояд 60 сол бештар нагузарад.
Дар он китоб, ин марди мунсиф, ҳарфи хубе мезанад, мегӯяд:
“Дар инсон як силсила ғароиз вуҷуд дорад, ки бо ҳисобҳои моддӣ ҷур дарнамеояд. Ғароизи моддӣ моро бо ҷаҳони модда пайванд медиҳад ва бояд бошад. Инҳо конолҳоест миёни мо ва ҷаҳони модда. Масалан, агар дар мо ҳисси гуруснагӣ ҳаст, ин як коноли иртиботӣ аст байни мо ва табиат, чун агар ин ҳис намебуд, мо дунболи тағзия намерафтем… Ва ғароизе ҳам дар мо вуҷуд дорад, ки бо табиати моддии мо ҷур дарнамеояд ва ин ғароиз аст, ки моро бо ҷаҳони дигар пайванд медиҳад. Мо аз вуҷуди худамон далел ва роҳ дорем ба олами дигаре ғайр аз олами табиат. Инсон бо ғароизи табиии худаш як силсила ниёзҳоеро, ки бо табиаташ созгор аст бароварда месозад ва бо ғароизи моварои моддӣ як силсила ниёзҳои дигареро, ки моварои табиати моддии инсон аст ва бо ҳақиқати ғайри моддии ӯ созгор аст рафъ менамояд. Ва ба иборати дигар, ин ғароиз инсонро ба моварои табиати моддии ӯ пайванд медиҳад барои ин ки як силсила ниёзҳои маънавӣ, ки дар вай ҳаст, бартараф бишавад…”
(Ба нақл аз “Фалсафаи ахлоқ”, Муртазо Мутаҳҳарӣ)
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нобудии ду чархболи Русия дар Украина
Достони ҷолиби писари Луқмон

Матолиби пурбоздид