Кабирӣ: «Раҳмон ба Аврупо ва Амрико даъвати расмӣ нашудааст»

Кабирӣ: «Раҳмон ба Аврупо ва Амрико даъвати расмӣ нашудааст»

Хабарнома

Ба гузориши пойгоҳи маҷозии Оzodandishon.org, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар суханоне дар ҷамъи гирдиҳамомадагон дар майдони Бундестаги шаҳри Берлин, ки дар эътироз ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва Амрико ҷамъ омада буданд, гуфт: “Мо дар давоми ин ду се рӯз аз манобеъи мутталеъ бохабар шудем, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва Амрико даъвати расмӣ нашудааст, барои ширкат дар конфронсҳо меояд, ӯ барои ширкат дар кадом бизнесфорумҳо аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ меояд, аммо мо ва шумо бояд маҷбур кунем, бояд водор кунем, ки ҳатто як созмони тиҷоратӣ, ҳатто як ташкилот ҳам дигар шарм кунад, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба Аврупо даъват кунад, ба Амрико даъват кунад. Ва умедворам ки иншоаллоҳ оҳиста-оҳиста, қадам-қадам мо ба ин ҳадафи худ хоҳем расид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ хоҳад шуд, ки миллати тоҷик дар чӣ мушкилоте ба сар мебарад.”

Кабирӣ дар оғози суханони худ бо ташаккур ба ҷамъомадагон ҷиҳати “ҳамдилӣ ва ваҳдати воқеие, ки намояндаҳои тамоми қишрҳои Тоҷикистон имрӯз нишон доданд”, гуфт: ”Имрӯз дар ҳамоише, қарор дорем, ки онро на ягон созмон, на ягон гурӯҳ, балки мардуми муҳоҷир худашон бо ташаббуси худи мардум; бо ташаббуси касоне, ки дард доранд, ғам доранд ва ҳарфе барои гуфтан доранд ташкил шудааст.”

Вай афзуд: “Мо мебинем, ки дар инҷо аз Олмон ҳастанд, аз Австрия ҳастанд, аз Полша ҳастанд, аз саросари Аврупо ҳастанд ва ҳамаи муҳоҷирин, ки намояндагони тамоми қишрҳои миллати тоҷиканд; Бадахшон, Зарафшон, Кӯлоб, Душанбе ва ғайра дар ин ҳамоиш ширкат доранд ва ягон минтақаи Тоҷикистон нест, ки дар инҷо намоянда надошта бошад ва воқеан бояд бо ин саҳна, бо ин ҳамоиши миллӣ, ҳақ дорем, ки ҳар кадом якдигарро табрик гӯем.”

Раҳбари ПМТ хотиррасон кард: “Нуктаи дуввум ин аст, ки бародарони азиз, хоҳарони мӯҳтарам! Мо тоҷикистониён бояд биёмӯзем, аллакай ёд гирифта бошем, ки ҳаққи худро дар тамоми дунё талаб кунем. Аз хомӯшии мо, аз беҳавсалагии мо, аз тарсу нокории мо диктотурҳо истифода карда истодаанд; онҳо бидуни ҳеч монеъа сафар мекунанд ба Аврупо, ба Амрико ва касе шарм намекунад аз он ки онҳоро пешвоз бигирад.”

Кабирӣ афзуд: “Мардуми рус, мардуми белорус, мардуми кишварҳои дигар тавонистанд, ки Аврупо ва Амрикоро маҷбур кунанд, ки аз пешвози диктотури онҳо шарм кунанд, худдорӣ кунанд. Вале амрикоиҳо, аврупоиҳо, миллатҳои озод аслан намедонанд, ки дар Тоҷикистон як низоми худкомаи диктотурии хонаводагӣ ҳаст; хабар надоранд, ки ҳазорҳо зиндонии сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон алъон ба сар мебаранд. Хабар надоранд, ки ин диктотур як минтақа аз Тоҷикистон — Бадахшони азизи моро ба хоку хун кашид, бояд ҳар рӯз ҳар соат аз ҳамаи минбарҳо, дар ин бора гуфт; бояд ҳамоишҳо ташкил кард, митингҳо ташкил кард.”

Раҳбари ПМТ дар идома ёдовар шуд: “Хеле хуб шуд, ки ду рӯз шуд дар пойтахти Олмон дар шаҳри Берлин дар назди Вазорати умури хориҷа ду маротиба, дар назди Сафорати Тоҷикистон имрӯз дар маркази Берлин; дар он ҷое, ки қарору қонун қабул карда мешавад яъне дар назди порлумон, мо тоҷикон митинг карда истодаем. Ҳадаф як чиз аст бародарону хоҳарони азиз! Расондани паёми миллати тоҷик ба гӯши аврупоиҳо, ки инҳо дигар шарм кунанд аз он ки пойи ингуна диктотур мисли Эмомалӣ Раҳмон ба хоки онҳо гузошта шавад ва ин аллакай натиҷа дода истодааст.”

Муҳиддин Кабирӣ афзуд: “Мо дар давоми ин ду се рӯз чандин номаҳо, чандин ҷавобҳо ба номаҳои худ гирифтем, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва Амрико даъвати расмӣ нашудааст, барои ширкат дар конфронсҳо меояд, ӯ барои ширкат дар кадом бизнесфорумҳо аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ меояд, аммо мо ва шумо бояд маҷбур кунем, бояд водор кунем, ки ҳатто як созмони тиҷоратӣ, ҳатто як ташкилот ҳам дигар шарм кунад, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба Аврупо даъват кунад, ба Амрико даъват кунад. Ва умедворам ки иншоаллоҳ оҳиста-оҳиста, қадам-қадам мо ба ин ҳадафи худ хоҳем расид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ хоҳад шуд, ки миллати тоҷик дар чӣ мушкилоте ба сар мебарад.”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Як сабад хушбахтӣ
Радиои форсии BBC таътил шуд

Матолиби пурбоздид