Кабутарвор меоям ба обу донае дилхуш…

Таърих

Кабутарвор меоям ба обу донае дилхуш…

Имом Ризо(а) дар манобеи аҳли суннат

Агар хоҳӣ орӣ ба каф домани ӯ

Бирав доман аз ҳарчӣ ҷуз ӯст дарчин.

Ибни Ҳаббон: “Ман чандин дафъа қабри эшон (Имом Ризо)-ро зиёрат кардаам. Замоне ки дар Тӯс будам, ҳар вақт мушкиле бароям рух медод, қабри Алӣ ибни Мӯсо Ризоро — ки дуруди Худо бар ҷаддаш ва худаш бод! — зиёрат мекардам ва барои бартараф шудани мушкилам Худоро дуо мекардам ва дуоям мустаҷоб ва мушкилам низ ҳал мешуд. Ин корро чандин бор таҷриба кардам ва ҷавоб гирифтам. Худованд моро бар муҳаббати Мустафо (а) ва Аҳли Байташ — ки дуруди Худо бар ӯ ва Аҳли Байташ бод! — бимиронад.”

 

Алӣ ибни Мӯсо мулаққаб ба Ризо ва Абулҳасан — ки мусалмонони шиъа ӯро ҳаштумин имоми худ мешуморанд – дар 11 зилқаъдаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ (мусодиф бо 29 декабри 765 милодӣ) дар Мадинаи Мунаввара мутаваллид ва дар соли 203 ҳиҷрии қамарӣ дар Тӯс (Машҳади кунунӣ) ба дасти Маъмуни Аббосӣ ба шаҳодат расидааст. Дар ин ҷустор, ин шахсияти исломӣ аз назари уламо ва донишмандони аҳли суннат мавриди баррасӣ қарор мегирад.

  1. Маҷдуддин ибни Асири Ҷазарӣ (606 ҳ.қ.) мегӯяд:

هو أبو الحسن، علي بن موسى بن جَعْفَر بن محمد بن علي بن الحسين بن علي بن أبي طالب الهاشمي، المعروف بالرِّضا… وإِليه انتهت إِمامة الشِّيعة في زمانه. وفضائله أكثر من أن تُحْصى، رحمة الله عليه ورضوانه

”Ӯ, Абулҳасан Алӣ ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиби Ҳошимӣ аст, маъруф ба Ризо… Имомати шиъа дар замони Алӣ ибни Мӯсо ба эшон мунтаҳӣ мешуд, фазоили вай қобили шумориш нест. Раҳмат ва ризвони Худо бар вай!”

(Ҷомеъул-усул, Ибни Асири Ҷазарӣ, ҷ.2, с.1403)

  1. Дар “Таҳзибут-таҳзиб” ба нақл аз Ҳоким омадааст:

سمعت أبا بكر محمد بن المؤمل بن الحسن بن عيسى يقول خرجنا مع امام أهل الحديث أبي بكر بن خزيمة وعديله أبي علي الثقفي مع جماعة من مشائخنا وهم إذ ذاك متوافرون إلى زيارة قبر علي بن موسى الرضى بطوس قال فرأيت من تعظيمه يعنى ابن خزيمة لتلك البقعة وتواضعه لها وتضرعه عندها ما تحيرنا

“Аз Абӯбакр Муҳаммад ибни Муаммил шунидам, ки гуфт: рӯзе бо пешвои аҳли ҳадис Абӯбакр ибни Хузайма ва дӯсташ Абуалии Сақафӣ ва дигар машойихамон ба зиёрати қабри Алӣ ибни Мӯсо (Имом Ризо) ба Тӯс (Машҳади имрӯза) рафтем. Онҳо ба зиёрати қабри эшон бисёр мерафтанд. Муҳаммад ибни Муаммил мегӯяд: эҳтиром ва таъзим ва тавозӯъ ва гиряву зории Ибни Хузайма назди қабри Алӣ ибни Мӯсо ҳамагиро шигифтзада карда буд…”

(Таҳзибут-таҳзиб, 7/339 ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила)

Ибни Хузайма назди аҳли ҳадис ҷойгоҳи вижае дорад; ба гунае ки аз вай ба унвонҳое чун: Шайхул-ислом, Имомул-аъимма, Ҳофиз, Ҳуҷҷат, Фақеҳ, Беназир, Зиндакунандаи суннати Расули Худо таъбир кардаанд ва ӯ дар илми ҳадис ва фиқҳ зарбулмасал буд. (Сияру аъломин-нубало, Шамсуддини Заҳабӣ, ҷ.14, с.365 ва 377)

Дар мавриди Абуалии Сақафӣ низ, ки аз наводагони Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф аст, таъбирҳое чун: Имом, Муҳаддис, Фақеҳ, Аллома, Шайхи Хуросон, Мударриси фиқҳи шофеӣ дар Хуросон, Имом дар аксари улуми шаръӣ, Ҳуҷҷати Худо бар халқ дар даврони худаш ба кор рафта, ки нишондиҳандаи аҳаммият ва ҷойгоҳи ин шахсият аст. (Сияру аъломин-нубало, ҷ.15, с.280 ва 282)

  1. Ибни Ҳаббон (354 ҳ.қ.) мегӯяд:

قد زرته مرارا كثيرة وما حلت بي شدة في وقت مقامى بطوس فزرت قبر على بن موسى الرضا صلوات الله على جده وعليه ودعوت الله إزالتها عنى إلا أستجيب لي وزالت عنى تلك الشدة وهذا شيء جربته مرارا فوجدته كذلك أماتنا الله على محبة المصطفى وأهل بيته صلى الله عليه و سلم الله عليه وعليهم أجمعين

“Ман чандин дафъа қабри эшон (Имом Ризо)-ро зиёрат кардаам. Замоне ки дар Тӯс будам, ҳар вақт мушкиле бароям рух медод, қабри Алӣ ибни Мӯсо Ризоро — ки дуруди Худо бар ҷаддаш ва худаш бод! — зиёрат мекардам ва барои бартараф шудани мушкилам Худоро дуо мекардам ва дуоям мустаҷоб ва мушкилам низ ҳал мешуд. Ин корро чандин бор таҷриба кардам ва ҷавоб гирифтам. Худованд моро бар муҳаббати Мустафо (а) ва Аҳли Байташ — ки дуруди Худо бар ӯ ва Аҳли Байташ бод! — бимиронад.”

(Сиқоти Ибни Ҳаббон, 8/457, Ашшомила)

Ибни Ҳаббон низ аз бузургони аҳли суннат аст ва ҷойгоҳи волое дорад; ба гунае ки аз вай ба унвонҳое чун: Имом, Аллома, Ҳофиз, Шайхи Хуросон, яке аз устувонаҳои илм дар фиқҳ ва луғат ва ҳадис, ва аз уқалои риҷол таъбир кардаанд. (Сияру аъломин-нубало, ҷ.16, с.92)

Шоиста аст ин навишторро бо шеъре аз Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар васфи Имом Ризо ба поён бирасонем:

Саломун ало Оли Тоҳо ва Ёсин

Саломун ало Оли хайриннабийин

Саломун ало равзатин ҳалла фиҳо

Имомун юбоҳӣ биҳил-мулку вад-дин

Имоми ба ҳақ шоҳи мутлақ, ки омад

Ҳарими дараш қиблагоҳи салотин

Шаҳи кохи ирфон, гули боғи эҳсон

Дури дурҷи имон, маҳи бурҷи тамкин

Алӣ ибни Мӯсар-Ризо, к-аз Худояш

Ризо шуд лақаб чун ризо будаш ойин

Зи фазлу шараф бинӣ ӯро ҷаҳоне

Агар набвадат тира чашми ҷаҳонбин

Пайи атри рӯбанди ҳурони ҷаннат

Ғубори диёраш ба гесӯи мишкин

Агар хоҳӣ орӣ ба каф домани ӯ

Бирав доман аз ҳарчӣ ҷуз ӯст дарчин

Чу Ҷомӣ чашад лаззати теғи меҳраш

Чӣ ғам гар мухолиф кашад ханҷари кин

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қуръони боз
Закариёи Розӣ ва хадамоти илмии ӯ

Матолиби пурбоздид