Ҷоҳилият – YII

Ҷоҳилият – YII

Бахши ҳафтум

Назари Тосихико Идзутсу дар бораи ҷоҳилият, воқеъбинона аст
Сайидюнуси Истаравшанӣ

8 ) Аз миёни муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони ғайримусалмон, ки дар бораи ҷоҳилият ва чистии он таҳқиқу баррасиҳои қобили таваҷҷӯҳе намудаанд, се пажӯҳиш барҷаста аст: пажӯҳишҳои Игнос Голдсиер, таҳқиқоти Режис Блашер ва корҳои Тосихико Идзутсу, ки ба назари роқими ин сатрҳо, таҳқиқҳои Тосихико Идзутсу наздиктар ба воқеият ба назар мерасад. Инак, ҳар якро ба таври мухтасар аз назар мегузаронем:

1) Ҷоҳилият аз назари Игнос Голдсиер:

Игнос Голдсиер (Ignác Goldziher, 1850-1921), ховаршиноси яҳудитабори маҷорӣ, бо пажӯҳиш дар шеър ва фарҳанги ҷоҳилӣ, ба ин натиҷа расид, ки ҷаҳл дар муқобили ҳилм (ҳилм ба маънои ақл, на ба маънои бурдборӣ) аст, на илм. Бар ин асос, асри ҷоҳилият ба маънои давраи нодонӣ ва ҷаҳолат нест, балки даврони барбарият ва саркашӣ ва шомили хушунат, истибдод, худпарастӣ, ёвагӯӣ ва амсоли онҳост.

Бо он ки назарияи Голдсиер мавриди ташкик воқеъ шуд ва бархе мутарҷимони Қуръон пас аз вай, дар тарҷумаи муштаққоти ҷаҳл (аз ҷумла ҷоҳилият) ба назарияи ӯ таваҷҷӯҳи чандоне накарданд, ҳосили пажӯҳиши Голдсиер дар канори таҳқиқоти ҷадид дар бораи фарҳанги араби пеш аз ислом, дастмояи пажӯҳиши муҳаққиқони баъдӣ қарор гирифт. (1)

2) Ҷоҳилият аз назари Режис Блашер:

Режис Блашер (Régis Blachère, 1900-1973), ховаршиноси фаронсавӣ, дар китоби “Таърихи адабиёти араб” (Histoire de la littérature arabe), ба суратбандии равоншиносии шахсияти араби бадавӣ пардохта ва вежагиҳои фардӣ ва иҷтимоии араби ҷоҳилиро ба ин сифатҳо донистааст:

– хӯ гирифтан бо хушунат аз кӯдакӣ, ки дар канори тангдастӣ ва маҳрумият ӯро тундхӯ, мағрур, зудхашм ва ситезагар мекард;

– ҳисси шараф ва номус, ки дар воқеъ мазҳари таваҷҷӯҳи вай ба некномӣ буд;

– баландпарвозӣ;

– интиқомҷӯӣ, ки ҳам бо ҷанбаҳои фардӣ ва ҳам бо ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва динӣ муртабит буд;

– раҷазхонӣ, ки ҷилваи берунӣ ва ҳунарии сифоти ёдшуда буд ва маъмулан дар ҷанг маҷоли буруз меёфт;

– қимор ва боданӯшӣ, ки нишондиҳандаи ниёзи араби бадавӣ ба худнамоӣ ва намоиши сарват ва беэътиноӣ дар сарфи он буд.

Блашер пас аз баёни ин хусусиёт ва зимни таъйиди назарияи Голдсиер, мегӯяд, ки тамоми ин ҷилваҳои равонӣ, маҷмӯаеро ташкил медод, ки ислом онро ҷоҳилият номид. (2)

3) Ҷоҳилият аз дидгоҳи Тосихико Идзутсу:

Тосихико Идзутсу, файласуф ва исломшиноси жопунӣ, дар китоби “Мафоҳими ахлоқӣ-динӣ дар Қуръон” (Ethico-Religious Concepts in the Quran) бар асоси пажӯҳише, ки умдатан бар мабнои оятҳои Қуръон ва шавоҳиди ҳадисӣ ва таърихӣ аст, чунин натиҷа гирифт, ки дар корбурди қуръонӣ, ҷаҳл ва ба табаъи он ҷоҳилият, нозир ба душмании душманони Паёмбар (с) бо ақидаи тавҳид ва пархошгарӣ ба он аст, ки бар асоси меъёрҳои ахлоқии онон, эътиқоде сахтгирона ва тоқатфарсо буд.

Илова бар ин, Идзутсу фасле аз китоби худ “Худо ва инсон дар Қуръон” (God and Man in the Koran)-ро ба табйини мафҳуми ҷоҳилият дар чорчӯби иртибот миёни мафоҳими “рабб” (парвардигор) ва “абд” (банда) ихтисос дод. Ба навиштаи вай, араби ҷоҳилӣ “Аллоҳ”-ро худои мутлақ намешинохт, балки қоил ба арбоб (худоён) буд ва истиқрори мафҳуми рубубияти мутлақ барои “Аллоҳ”, тағйире асосӣ дар тасаввури иртибот миёни Худо ва инсон эҷод кард; ба ин маъно, ки инсон дар баробари “Аллоҳ” фақат бояд “абд” (фармонбардори бидуни қайду шарт) бошад ва мафоҳиме чун ибодат, тоъат, қунут, хушуъ ва тазаррӯъ низ дар ҳамин чорчӯб маъно меёбанд.

Ба ақидаи ӯ, муҳимтарин сурате, ки мафҳуми “убудият” (бандагӣ)-ро баён мекунад, мафҳуми “ислом” ба маънои “таслим шудани маҳз дар баробари хости Худо” аст. Ислом ба ин маъно, нуқтае аст, ки дар он, зиндагии фард ба ду бахш тақсим мешавад. Ин ду бахш сириштҳои комилан мутафовите доранд, ки метавон онҳоро ҷоҳилӣ ва исломӣ номид.

Дар воқеъ, муслим шудан ба ин маъност, ки фард аз худписандӣ ва мағрур будан ба қудрати инсонии хеш даст бикашад ва ба унвони “абд” таслими Худо шавад. Ва дар муқобил, ҷоҳил будани фард ба маънои мағрур будани ӯ ба қудрати башарӣ ва истиқлоли мутлақ аст.

Идзутсу, бо истинод ба оятҳои Қуръон, такаббур ва худписандиро сарчашмаи ҳамаи хислатҳои давраи ҷоҳилият дониста ва бар он аст, ки ислом зарбаи сахте бар ин руҳия, ки ба таври хулоса дар ояти 26 сураи Фатҳ омадааст:

إِذْ جَعَلَ الَّذِينَ كَفَرُوا فِي قُلُوبِهِمُ الْحَمِيَّةَ حَمِيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ

“Ба хотир биёваред ҳангомеро, ки кофирон дар дилҳои худ хашму ғурури ҷоҳилият доштанд” – ворид сохт. Бад-ин тартиб, бо зуҳури арзишҳои қуръонӣ, бар бунёди тавҳид ва эътиқод ба рубубияти мутлақи Аллоҳ, ки бо нафйи ширк ҳамроҳ буд, миёни ду асли носозгор, яъне ҷоҳилият ва ислом, муборизае падид омад, ки пеш аз ин собиқа надошт. (3)

* * *

(1) Бадвӣ, Абдурраҳмон, Фарҳанги комили ховаршиносон, Игнос Голдсиер.

(2) Манбаъи пешин, Режис Блашер.

(3) Идзутсу – исломшиносе, ки шинохта нашуд, Машриқ нюз.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Cарнагунии паҳподи омрикоӣ бар фарози бандари Алҳадидаи Яман
Вазъи фарҳангӣ-сиёсӣ

Матолиби пурбоздид