Кистӣ ва чистии инсон

 

Кистӣ ва чистии инсон

Кистӣ ва чистии инсон дар осори Мавлавӣ

Мавлоно беш аз ҳар чиз, кистӣ ва чистии инсонро ба ӯ ёдовар мешавад. Чӣ дар Маснавӣ ва чӣ дар ғазалиёт ва чӣ дар боқии осораш, ӯ бештар дар бораи инсон навиштааст. Ин ки ӯ кист, аз куҷост ва дар куҷост ва ба куҷо меравад. Инсон чӣ хусусиятҳо ва вежагиҳое дорад, чӣ истеъдодҳое дар ӯ нуҳуфтааст ва ғайра.

Яке аз вежагиҳои бисёр зишт ва нописанд, ки мутаассифона дар бештари инсонҳо дида мешавад (вале худашон ба он таваҷҷӯҳ надоранд) ин аст, ки одамҳо ба дунё ва ба дигарон, аз айнаки худашон нигоҳ мекунанд. Ва ба таъбири расотар, онҳо ҳамеша дигаронро ба худашон қиёс мекунанд, мисли худашон гумон мекунанд. Агар як одами дурӯя ва мунофиқ аст, фикр мекунад, ҳама низ мисли ӯ дурӯя аст ва ё бояд дурӯя бошад. Агар як одами дурӯғгӯ аст, фикр мекунад, ҳама мисли вай дурӯғгӯ ҳастанд. Барои якчунин одаме, бисёр душвор аст ва ҳатто маҳол аст бифаҳмонед, ки дар ин дунё одамҳои ростгӯе ҳам ҳастанд. Ӯ қабул надорад. Агар манифатмеҳвар аст яъне фақат замоне ба анҷоми як кор даст мезанад, ки ба фоидаи ӯ бошад, фикр мекунад дигар одамҳо низ мисли вай манфиатмеҳвар ҳастанд ва аз назари вай, ғайри он маҳол аст.

Ин ки мебинем, баъзеҳо шуморо ва ё дигаронро ба риёкорӣ нисбат медиҳанд яъне ҳар кореро аз ҳар инсоне ба риёкорӣ ва худнамоӣ ҳамл мекунанд, ба ин далел аст, ки чун худашон якчунин одаме ҳастанд. Яъне чун ин хислати нописанд дар ӯ ҳаст, дигар одамҳоро низ ба худаш қиёс мекунад.

Мавлоно дар Маснавӣ ин ҳақиқатро дар қолаби як ҳикояти бисёр ҷолиб баён мекунад. Ҳикояти тӯтӣ ва баққол. Баққоле тӯтии хушнавое дошт, ки харидоронро бо худ саргарм мекард. Рӯзе тӯтӣ дар дӯкон ба парвоз даромад ва шишаҳои равғани гулро бар замин рехт. Баққол вақте ки ба дӯкон бозгашт ва дид, ки равғанҳо рӯи замин рехта, хашмгин шуд ва чунон бар сари тӯтӣ зад, ки парҳои сараш фурӯ рехт ва то чанд рӯз аз сухан гуфтан ва бонг баровардан худдорӣ кард. Рӯзе як марди кал аз канори дӯкон мегузашт. Ҳамин ки чашми тӯтӣ ба ӯ афтод, хиёл кард, ки калии он мард низ сабабе монанди калии ӯ дорад. Тӯтӣ ба сухан омад ва аз он мард пурсид: ту магар шишаи равған рехтӣ? Дар воқеъ тӯтӣ қиёси нобаҷо кард ва калии худро бо калии он мард яке фарз кард.

Мавлоно дар ин достон ин хислатро, ки миёни мардум ривоҷ дорад, мазмуму нописанд мешумурад.

Буд баққолеву вайро тӯтие,

Хушнавое, сабз, гӯё тӯтие…

То ин ки мегӯяд:

Ҷавлақие сарбараҳна мегузашт,

Бо сари бемӯ, чу пушти тосу ташт.

Тӯтӣ андар гуфт омад дар замон,

Бонг бар дарвеш зад, ки: ҳей фалон!

К-аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ?

Ту магар аз шиша равған рехтӣ?

Аз қиёсаш ханда омад халқро,

К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро.

Баъд, Мавлоно натиҷа мегирад:

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шеру шир.

Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ шуд,

Кам касе з-абдоли Ҳақ огоҳ шуд.

Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд,

Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.

Гуфта: инак мо башар, эшон башар,

Мову эшон бастаи хобему х(в)ар.

Яъне мегӯянд, мо ҳам башарем ва авлиёуллоҳ ҳам башаранд. Ва мо ва эшон вобаста ба хобидан, хӯрдан ва ниёзҳои табиӣ ҳастем.

Ин надонистанд эшон аз амо,

Ҳаст фарқе дар миён, бемунтаҳо.

Ҳар ду гун занбӯр хӯрданд аз маҳал,

Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.

Яъне ду навъ занбӯр (ҳам занбӯри асал ва ҳам занбӯри ваҳшӣ) аз як маҳал шира мехӯранд, вале аз яке асал ба даст меояд ва аз он яке неш.

Ҳар ду гун оҳу гиё хӯрданду об,

З-ин яке саргин шуду з-он мушки ноб…

Садҳазорон инчунин ашбоҳ бин,

Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин…

Сипас идома медиҳад ва нукоти бисёр судманде арз медорад ва дар поён мегӯяд:

Шери пашмин аз барои гад кунанд,

Бӯмусайлимро лақаб Аҳмад кунанд.

Яъне Мусайламаи Каззобро Аҳмад лақаб медиҳанд. Яъне шахси беҳақиқатеро ҳақ ҷилва медиҳанд. Баъд аз реҳлати ҳазрати Паёмбар (с) як шайёд иддаои паймбарӣ кард. Номаш Мусайлама буд.

Бӯмусайлимро лақаб Каззоб монд,

Мар Муҳаммадро Улул-албоб монд.

Яъне саранҷом Мусайлама ба лақаби Каззоб (бисёр дурӯғгӯ) мулаққаб шуд ва ҳазрати Муҳаммад (с) лақаби Улулалбоб ёфт.

Он шароби Ҳақ хитомаш мушки ноб,

Бодаро хатмаш бувад ганду азоб.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб
Забони зинда ё мурда

Матолиби пурбоздид