Киштии коғазӣ
Шоҳмансури Шоҳмирзо
Ҳикоя
Рӯзи фараҳбахши тобистон буд ва боди нарм мевазид. Кӯчаҳои деҳа тақрибан холӣ аз одам буд. Мудири хоҷагии мактаб бо чобукию чустӣ фаррошонро дастур медод саҳни мактабро мураттабу муназзам кунанд. Қассоб барои муштарие гӯшт майда карду рӯи тарозу гузошт ва ангушти шасташро нишон дод: яъне гӯшти беҳтарин. Чанд устухонро низ пеши саги сафедаш-Барс андохт. Мудири дӯкон аз бочкаи бузург, ки нисфаш зери замин аст, барои пиразане равған бармекашид. Ду мӯйсафед зери сояи ғафси тути балхӣ нишастаанд. Ҳар рӯз ҷояшон инҷост. Сартароши ҷавон шояд барои садумин бор аз оне, ки риши ғулӯ дорад, мепурсад:
-Бобо, шумо Сталинро дидаед?
Пирамард ба ин тарафу он тараф нигоҳе андохту бо ҷиддияти тамом ва бо садои баланду шево гуфт:
– Дар хандақ бо пулемёт чил немисро паррондам. Як вақт касе ба китфам тап-тап заду гуфт: молодес тоҷикбала, син Сангинмо. Гардаму бинам рафиқ Сталин болои сарам истодаанд.
Ин суҳбатро ман ҳам борҳо аз ҷанговари пир шунидаам, сартарош ҳам, аммо ӯ бо ҷиддият гӯш мекунад.
Чеҳраи марди дигарро мебинам, ки асозанон аз дур меояд. Ӯ ҳам дар ҷанги Гирмон асири немисҳо шуда буд, ки қиссаҳои ӯро дар ҳикоёти дигар бароятон хоҳам гуфт.
… Ману бародарам аз коғаз киштӣ сохта, даруни оби ҷӯйи борик меандохтем ва худро дар уқёнуси азиме тасаввур мекардем, ки яке нохудо ва дигарӣ мусофири киштии бузург будем. Киштиҳоро ба оби равон сар медодем ва бо завқу шодӣ дунболашон медавидем. Валя-ҳамсояи русамон, ки бо Устоқурбони ҳамдеҳаамон издивоҷ кардааст, аз хушҳолии мо лаззат мебурд ва бо шӯхӣ мегуфт: “мешад даруни киштӣ тухм монам ба дасти Курбан расад, Курбан тухм нагз дид”.
Устоқурбон дар заводи пахтаи Сентрали Узбакистон кор мекард ва ба тухм алоқаи хос дошту рӯзе 10-20 дона мехӯрд ва оби ҷӯйи кӯчаи мо аз қубури зери замин гузашта, то Сентрал мерасид.
Ҳамин вақт Абдулло-ҳамсинф ва хеши дурамон ҳашшу ҳишкунон аз сари кӯча намоён шуду гуфт апаам таваллуд кардааст ва ҳамроҳаш барои расондани хабари хуш ба участкаи сеюм равем. Медонистам Абдулло онҷо холае дораду гоҳ-гоҳе ба ман хабар меовард, ки хонаи холаам будам ё хола меҳмонамон аст. Ман, ки таъми ширини шодиёнаро вақти омадани писари тағоям аз ҷанги Афғонистон ба падараш расонда, соҳиби бисту панҷ рубл шуда будам, ҳанӯз дар ком доштам ва бадам намеомад, ки агар хола ҳиммат кунаду муждагонии хуб диҳад, барои худаму бародарам ҷиҳози хониш мехарам. “Ҷаҳонгардӣ беҳ аз ҷаҳонхӯрӣ” гуфтаму бе рухсати волидайн Абдуллоро ҳамроҳӣ кардам ва ба бародарам фармудам бозиро давом деҳ, ман зуд бармегардам.
Дар истгоҳи парки тракторӣ тақрибан даҳ дақиқае истодем, ки автобуси куҳнаи ПАЗ-ики зард омад. Савор шудем ва Абдулло намедонам аз кисааш чанд танга ба ронанда доду ӯ ҳам ҳисоб накарда, даруни ҷаъбааш андохт. Дар истгоҳи назди пули бетонӣ пиёда шудем.
-Ин ҷо участкаи се, хонаи холаам ҳафт кӯча болотар тарафи рост аст-гуфт Абдулло.
Аввалин чизе, ки ба чашмам зад, шиоре бо ҳарфҳои калон рӯи симчӯб буд: “Ору номус дошта бошӣ ба саҳро баро!”. Ба Абдулло гуфтам агар баъди ору вергул гузорем, аҷаб шиори хуб мешавад: “Ору, номус дошта бошӣ ба саҳро баро!”. Рафиқам заҳрханд кард. Дар ду сӯйи роҳ мардону занон пахта мечиданд ва ҳамонанди мӯр ба ниҳолҳои пур аз ҳосил часпида буданду баъди рафтанашон ғӯзаи сиёҳ боқӣ мемонд.
Ман то он вақт участкаи серо надида будам ва Абдулло нақлҳои даруни автобусро идома дода, дар бораи хонаводаи холааш мегуфт, ки бисёр меҳрубонанду гову моли зиёд доранд.
Ба кӯчаи дуюм, ки расидем, 5-6 нафар бачаи ҳамсоли худамон-даҳ дувоздаҳсола футболбозӣ мекарданд. Яке аз бачаҳо, ки синнаш аз мо бештар ва зоҳиран калонтар аз ҳамбозиҳояш буду рӯи безебу пешонии барҷаста дошт, ба ҳардуямон нигоҳ кард ва ба тӯб зарбаи муҳкам зад, ки ба пушти Абдулло бархӯрд. Шарикам сангеро аз замин бардошт. Баччаи калонсол-занандаи тӯб тарафи мо омад ва Абдулло сангро ба замин андохт. Вай аз Абдулло пурсид:
-Хонаи холаат меравӣ?
Рафиқам ба нишони тасдиқ сар ҷунбонд.
Он бачча чизе нагуфту аз канори мо дур шуд ва бозӣ идома ёфт. Дарвозаи хонаи хола кушода буд. Зани фарбеҳу босалобат аз даруни таште, ки пур аз хамири қурут буд, тика-тика мегирифту онҳоро бо кафи дастонаш гирду кулӯла мекарду рӯи лагане мегузошт. Ба маҳзи дидани мо бо ҳамон дастони қурутолуд омаду аз рухсори ҳардуямон бӯсид. Намедонам аз ҷурғоти сараш буд ё дастони қурутолудаш, ки бӯи дуғи туруш ба димоғам зад.
Зан рафту дастонашро бо оби ҷӯйе, ки аз миёни ҳавлии бузургашон мегузашт, шуст.
– Худо хоҳад писарай, хушхабар бошӣ-гуфт зан.
– Духтар-гуфт Абдулло.
– Ҳе дар пеши пои даҳанат мурам, асома гирӣ, илоҳӣ ба умри дарозу ризқи равону чор ишкелу падару модари ширин дода бошаду худи Гулхумору Гуланору Гулнигору Гулузор мантупазаки додош шавад. Духтар давлатай, дар пеши поҳои духтар мурам. Илоҳӣ баъди ин як шаҳписараш диҳад-гуфту чорпояро монду чанд ғунча ангури ҳусейнӣ канду шуст ва пешамон гузошт.
Онҷо фаҳмидам, ки навзод духтари панҷуми апаи Абдулло будааст. Зан, ки чеҳраи сафеду рӯи гирду паҳн дошт, тақрибан шастсола ва забонаш ширин буд. Аз саломатию аҳволи падару модар, бародару хоҳар, ҳамсояҳо ва чанд зану мард мепурсид, ки ман онҳоро намешинохтам ва маълум буд аз таборонаш ҳастанд. Нони гармро пора карда, ҳар замон зорию таоруф мекард, ки онро бо ангур хӯрем. Майл доштам бихӯрам, вале дар чеҳраи шарикам як нигаронию беқарории амиқро дидам. Вай зуд аз хӯрдан даст кашиду ман ҳам бас кардам. Зан вориди хонаи барҳаво шуду ду дастрӯймол, фатир ва барои ҳардуямон 5 сумӣ доду: “фардо худо хоҳад чинаки якум тамом мешаваду бо язнаат муборакбод меравем” гуфту моро аз дарвоза берун кард.
Баччаҳо дар миёни кӯчаи хилват, ки ду тарафаш пур аз дарахти тут буд, ҳамоно футболбозӣ доштанд. Бо наздик шудани мо ҳамон баччаи тануманд даст боло карду бозиро мутаваққиф намуд. Баъд рост омаду аввал рӯймоли дасти ман, баъд бо зӯрӣ рӯймоли дасти Абдуллоро гирифт.
-Ун дафъа гурехтӣ-гуфту як силӣ ба рӯи Абдулло зад. Абдулло ақиб-ақиб рафту мехост худро дур нигаҳ дорад. Он бачча бо синну солу тану тӯш аз мо бузург буд ва агар муқовимат ҳам мекардем, зӯрамон ба вай намерасид. Даст бурду аз кисаи Абдулло пулу тангаҳоро гирифту ҷайби маро ҳам холӣ кард. Онгоҳ дасташро боло карду ба баччаҳо амр дод:
-Занедашон.
Баччаҳо гӯё аз қабл маслиҳат карда бошанд, баробар ҳамла карданд. Фурсати дифоъ ва фирор намеёфтем ва мушту лагад бар сару рӯю шикамамон фуруд меомад. Абре аз чангу ғубор ба ҳаво мехост. Акнун мо тӯби футбол шуда будем. Аз хонаи хола панҷ кӯча поин омада будему дар атроф касе ҳам набуд, ки доду фарёдамонро шунида, халосамон кунад. Ман фақат рӯямро бо дастонам пӯшонда будам, ки захмӣ нашавам, чун чанд рӯзи дигар бояд мактаб мерафтам. Бо сару рӯи сиёҳу кабуд ва куртаҳои дарида як бало карда дур шудем. Ба Абдулло гуфтам биё хонаи холаат меравему моҷароро нақл мекунем. Вале вай бо як ғурури хос гуфт: “не, айб аст” ва ҳарду дур шудему ҳарчи ҳақорат медонистем, нисорашон кардему тарафашон санг андохтем. Онҳо ҳам дунболи мо санг андохта, ҳақораткунон таъқибамон мекарданд. Дидем наздик мешаванд, кафшҳоро аз пой кашидему то ҷон доштем тарафи роҳи мошингард давидем. Вақте кафи пойҳои бараҳнаамон ба асфалти сӯзону нарм мерасид, кайфияти аҷиберо ҳис мекардем. Баччаҳои хаста диданд ба мо намерасанд, аз нисфи роҳ баргаштанд. Мо ба роҳи калон расида будем ва офтоб камнуртар мешуд.
Дар роҳ аз мошин хабаре набуд. Тракторе бо присепи пур аз пахта самти маркази пахтақабулкунӣ мерафт, ки ба маҳаллаи мо наздик буд. Давидему ба он часпидем. Бо пахта ман захмҳои Абдулло ва ӯ захмҳои маро хушк кардем.
Дар рӯи присеп Абдулло нақл кард, ки порсол бо бародари калонаш барои расондани хабари таваллуди хоҳарзодааш ба хола ҳамин бало ба сарашон омада будааст. Гуфтам чаро ҷанг кардед? Посух дод: ҳамон калонтарашон моро диду гуфт: “инҷо маҳаллаи мо аст ва ман шефам, касе ҳақ надорад бе иҷозати ман аз ин кӯча гузарад” ва бе баҳона омаду аввал бародарам, баъд маро зад. Фикр кардам имсол ба мо чизе намегӯяд.
Трактор дар хамгашт суръаташро суст кард ва ҳарду поин шудем.
Ба хона расидам, ки додарам лаби ҷӯй набуд ва киштии коғазӣ дар гӯшаи ҷӯйбор канори алафҳо дар гил дармонда буд.
Падарам варами рӯямро диду моҷароро барояш гуфтам. “Сухан шунидан бехи давлат аст, сад бор гуфтам бе иҷозати ману модарат ба ҷои дур нарав, боз кори худатро мекунӣ, хуб тунистанатун кардаанд” гуфту бастаи дафтару қаламу поккунро ба дастам дод, ки омодаи мактаб рафтан шавам.
Чанд рӯз баъд дар толори варзишии мактаб Абдуллоро дидам, ки гурзҳои вазнинро мебардошту кисаи чарминро лагадкӯб мекард.
-Ин дафъа равем ҳисобашонро меёбам-гуфт ва ҳарду хандидем.
Соли дигар боз ҳам хоҳарбузурги Абдулло духтар зоид: Гулбаҳор. Абдулло нақл кард ин бор тани танҳо хабарро ба холааш мерасонад. Пурсидам: “шеф зиёфатат надод?”.
Сар ҷунбонд ва гуфт:
– Ба худам гуфтам агар ин бор пеши роҳамро гирад, мезанамаш. Надидамаш. Аз хола пурсидам шеф наменамояд.
– Э холат мураде, дасташ қалб буд. Дар ферма мурғ намонд. Чанд бор милисаҳо бурда маҳкамаш карданд. Як шаб дуздӣ меравад, ки саги нигаҳбон аз занҷир хато карда мерӯбадаш. Ҷонҳалокатӣ саг нахӯрадам гуфта, даруни чуқурии амиқе, ки барои захираи алафи майдашуда канда буданд, меафтад ва косҳояш мешикананд. Ҳозир хонагӣ ҳай, берун намеравад.
Моҷарои порсолро ба хола қисса кардам. Хиҷилу ғамгин шуд. Баъд ин байтро хонд:
Навҷавоне, ки беадаб бошад,
Гар ба пирӣ расад, аҷаб бошад.
Онгоҳ рафту даҳ сӯм “ҷуброн”-и лат хӯрданамонро ба дастам дод.
Абдулло баъдҳо нақл кард, ки хоҳари бузургаш 9 духтар мезояд ва ҳар бор ӯ ба холааш хабар мебурду шодиёна мегирифт.
… Ҳамин дирӯз яке аз дӯстон аз пушти телефон бо хиҷолат хабари таваллуди фарзанди дуюмашро расонду таъкид кард эродаш нагирам. Чашмдошти муждагонӣ ҳам надошт ва дар омади гап навидро гуфт. Ӯ ҳам бетафовут буду ман ҳам. Вале як нукта дар зеҳнам мисли санги вазнин овезон шуд, ки дар ин умри кӯтоҳ замоне мо барои расондани хабари таваллуди фарзанди панҷуми апаи Абдулло аз ҳафт хони Рустам мегузаштему бо чи иштиёқу шавқ аз ҷое ба ҷое мерафтем ва шодии хола аз ин мужда ҳадду канор надошт. Бетафовутию бесӯӣ эҳсосотамро пӯшонд. Аммо дарку пурсиши сангине ба афкорам часпида буд, инки чархаи зиндагӣ ва шодиҳои содааш замоне бо шӯру ҳарорат ҷашн гирифта мешуд, акнун чаро танҳо ҳамчун як такрори холию сирф ба назар мерасад?
Бодҳои хашмгини мудернизм, зиндагии мошинӣ, изтиробҳои беҷо, ҳирсу озу бемеҳрӣ киштии коғазии ману бародарамро, ки он рӯзҳои беғами баччагӣ суннату шодиҳо ва содагиҳоро ҳамл мекард, дар гил нишонд. Дигар касе аз омадани навзод ба ин дунё монанди холаи Абдулло табли шодӣ намезанад ва дар хушҳолии дигарӣ шарик намешавад.
Ба ёдам зад, ки имсол ҷӯйбори пеши хонаамон об надошт ва баччаҳо ҳам киштии коғазӣ дуруст намекарданд. Агар ҷӯй об медошту баччае киштӣ месохт, хоҳишаш мекардам тухмҳоро аз апаи Валя гираду ба Устоқурбон расонад.
2023, ноябр
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Шоҳмансури Шоҳмирзо)
Қаламонлайн