Конфронси Санъо дар ҳимоят аз Ғазза

Конфронси Санъо дар ҳимоят аз Ғазза
Муқовамат дар муқобили ишғолгар ва ҳузури Омрико, ҷиҳод дар роҳи Худост
Ахбори байналмилал

Masirahtv

Конфронси уламо дар ҳимоят аз Ғазза, ки дар Санъо, пойтахти Яман баргузор шуд, аз низомҳо бавежа низомҳое, ки равобиташонро бо “Исроил” оддӣ кардаанд, хост, оддисозии равобитро мутаваққиф кунанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, муҳосираи Ғазза бояд бардошта ва кӯмакҳо ба мардуми Фаластин ироа шавад.
Ба гузориши Алмасира, баёнияи поёнии Конфронси васеъи уламо дар Яман, ки барои ҳимоят аз Ғазза бо шиори “Вазифаи уламо барои ҳимоят аз Ғазза” баргузор шуд, хостори “ваҳдат ва нафйи тафриқа ва ихтилоф байни мусалмонон” шуд ва ба ин амр ишора кард, ки “муқовамат дар муқобил ишғолгар ва ҳузури Омрико, ҷиҳод дар роҳи Худо” аст.
Ин баёния ҳамчунин аз низомҳо хост, дар муқобила бо душмани исроилӣ гомҳои амалиётӣ иттихоз кунанд ва бавежа аз низомҳое, ки равобити худро бо “Исроил” оддисозӣ кардаанд, хост, “иқдом ба қатъи равобит ва таваққуфи оддисозӣ бо қотилони кӯдакон ва занон ва ғосибони ҳуқуқ кунанд”.
Ин баёния ҳамчунин аз низомҳо ва миллатҳо хост, то “муҳосираи Ғаззаро бардоранд, кӯмакрасонӣ кунанд ва аз ранҷи мардуми Фаластин бикоҳанд”.
Дар ин баёнияи поёнӣ, пуштибонии муқовамати исломии Ироқ аз Ғазза сутуда шудааст.
Дар ин баёния, камкории Шӯрои амният, Созмони Милал, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Иттиҳодияи Араб дар таваққуфи таҷовуз ва кӯмакрасонӣ ба Ғазза маҳкум шуда ва бар зарурати ҳимоят аз нерӯи мушакӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва тавлидоти низомӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид шудааст.
Дар ин баёния ҳамчунин иқдоми бархе аз кишварҳои арабӣ ва бархе дигар дар тавсиф кардани ҷунбишҳои Ҷиҳод ва муқовамат дар Фаластин, Лубнон ва минтақа ба унвони “теруризм” маҳкум шуда ва бар зарурати тадовуми таъомул бо мавзӯъи Фаластин ва зинда нигаҳ доштани он дар виҷдони миллатҳо ва ширкат дар тазоҳурот таъкид шуд.
Дар ин баёния ҳамчунин ташдиди танишҳо тавассути Омрико дар баҳри Сурх, ки қоиқҳои нерӯи дарёии Яманро ҳадаф қарор дод ва мунҷар ба шаҳодат ва мафқуд шудан чандин тан шуд, маҳкум шуда ва бар машрӯъияти иқдомоти нерӯи дарёии Яман дар ҷилавгирӣ аз ҳаракати киштиҳое, ки ба самти режими ғосиби саҳюнистӣ мераванд, таъкид шуд.
Дар ин конфронс, ки дар он садҳо тан аз уламо ва хатибон аз тамоми устонҳои Яман ва низ уламо аз кишварҳои арабӣ мушорикат карданд, Ҳошим Сафиюддин, раиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳ, ки аз тариқи видеоконфронс дар ин нишаст ширкат карда буд, эълом кард, ки аз воҷибтарини воҷибот дар ҳоли ҳозир, истодагӣ дар канори мардуми Фаластин ва нерӯҳои муқовамати қаҳрамон аст.

Masirahtv

Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиёновартарин таҳрифи таърих
Эъломи ҳамбастагии Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо мардуми Яман

Матолиби пурбоздид