Коре накунед…

Адаб

Коре накунед…

Аъзам Хуҷаста

Коре накунед, барра дарранда шавад,
Ҳар гурба ба қасди чуҷа парранда шавад.
Коре накунед сеҳри бовар шиканад,
Дар арсаи шеър шар барозанда шавад.
Коре накунед руҳи пирони Аҷам,
Дар маҳфили орифона шарманда шавад.
Коре накунед макру найранги шумо,
Дар маҳзари Кирдугор парванда шавад.
Коре накунед каждуми зери гилем,
Бар қасди газидани шумо зинда шавад…
Аъзам Хуҷаста
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳақиқат
“Бут насозед”

Матолиби пурбоздид