Корти иқомаи Лаҳистон (Полша)
Корти иқомаи Лаҳистон ( karta czasowego pobytu – Карта побыту) – ин ҳуҷҷат аз тарафи ҳукумати Лаҳистон барои шаҳрвандони хориҷие, ки будубошти худро қонунӣ мехоҳанд, тақдим карда мешавад.
Одатан мӯҳлати кортҳо 3 сола дода мешавад. Бар асоси ин ҳуҷҷат, шахси хориҷӣ иҷозаи кор дар ҳудуди Лаҳистон ва саёҳат дар кишварҳои Шенгенро дорад. Кишварҳои Шенген инҳо мебошанд: Олмон, Фаронса, Ҳолланд, Утриш, Белҷик, Литва, Латвия, Эстония, Чехия, Маҷористон, Дания, Финляндия, Словакия, Словения, Испания, Италия, Юнон, Люксембург, Португалия, Норвегия, Шветсия, Швейтсария, Малта, Хорватия, Лихтенштейн ва Исландия.
Имкониятҳои корти иқомаи Лаҳистон:
– иҷозаи қонунӣ кор, таҳсил ва зиндагӣ дар кишвари Лаҳистон
– бемуддат хориҷ ва дохил шудан ба ҳудуди кишвари Лаҳистон
– саёҳати бидуни виза дар ҳудуди кишварҳои Лаҳистон
– таҳсил дар мактабу коллеҷ ва донишгоҳҳои кишвари Лаҳистон
– сабти ширкат ва ё Startup
– даъват кардани зану фарзанд ҳамчун пайвасти хонавода
Ҳуҷҷатҳои лозима барои дархости корти иқомат дар кишвари Лаҳистон:
– формаи дархости барои корти иқомат
– тасдиқнома аз ҷои зист (Meldunek)
– акс 3х5-4х5 (2 дона)
– нусхаи шиносномаи хориҷӣ
– ҳуҷҷати пардохти молиёт (PESEL)
– тасдиқнома аз ҷои кор
– шартнома аз ҷои кор (załącznik nr. 1)
– пардохт пул (420 zl)
Қайд кардан ба маврид аст, ки муддати тайёр шудани корти иқомат аз 3 моҳ то 2 сол тӯл мекашад.
Қаламонлайн