Кофир хондани мӯъмин ҷоиз нест
Маорифи исломӣ
Расули Акрам(с) фармуданд:
Ҳар кас ба бародари мӯъмини худ бигӯяд: Эй кофар, – дар ҳақиқат, яке аз он ду нафар ба он сифат муттасиф мегардад ва кофар дониста мешавад, агар он мусалмон чунин бошад, ки кофар аст, вагарна бармегардад ба гӯяндаи калимаи кофар!
Расули Акрам(с) мӯъмининро аз такфири ҳамдигар башиддат манъ намудаанд ва таъкид доранд, ки агар касе мӯъминеро ба куфр нисбат дод ва ӯ чунин сифатеро надошт ва кофар набуд, нисбати куфр бармегардад ба худи гӯяндаи калимаи кофар; бинобар ин беҳтар аст дар гуфторамон ва нисбат доданамон эҳтиётро риоят намоем.
Қаламонлайн