Кӯдакони боҳуш ва зирак

Кӯдакони боҳуш ва зирак

Сабки зиндагӣ

Як кӯдаки боҳуш нишонаҳое дорад, ки хеле зуд ва пеш аз оғози даврони таҳсилӣ, дар кӯдак, худро нишон медиҳад.

Дар воқеъ онҳо дар рафтор ва шеваҳои ҳалли масъала ба гунае амал мекунанд, ки ба хубӣ аз дигарон мумтоз мешаванд.

Илова бар ин, дорои халлоқият ва суръати ёдгирии болое ҳастанд ва барои муваффақият ва анҷоми ҳар коре, пайваста талош мекунанд.

Албатта набояд ғофил шавем, ки бо вуҷуди ҳамаи ин хусусиёт, руҳиёти ин кӯдакон ҳассос аст ва маъмулан онҳо фишори зиёдеро аз ҷониби атрофиён таҳаммул мекунанд. Ҳамчунин ба далели дарк нашудан аз тарафи онон асабӣ мешаванд. Бояд бидонем, ки агар кӯдаки боҳуш дорем, лозим аст, ки эҳтиёҷоти фикрӣ, отифӣ ва равонии онҳоро бишносем ва тамҳидоте барои онон дар назар бигирем, то аз ҳамон синини кӯдакӣ битавонанд аз тавоноиҳояшон дар масири дурусте истифода кунанд. Ҳамчунин баҳра бурдан аз мушовираи кӯдак ва мушовираи таҳсилӣ метавонад дар рушду иртиқои беҳтари кӯдак муассир воқеъ шавад.

Ҳуш чист?

Гуфтем, кӯдаки боҳуш, аввал аз ҳуш таърифи илмӣ дошта бошем ва сипас ба масоили кӯдакони боҳуш, ба таври муфассал бипардозем.

Равоншиносон ба як таърифи мушаххас ва воҳиде дар заминаи ҳуш даст пайдо накардаанд ва дар ин замин ихтилофи назарҳои бисёре вуҷуд дорад. Бархе аз равоншиносон ба тавоноии созгорӣ бо муҳит ишора мекунанд ва бархе дигар, маҷмӯае аз тавоноиҳоро дар назар мегиранд.

Бо вуҷуди ин ки гурӯҳи бисёре аз рвоншиносон ба ҳуши умумӣ ва баҳои баҳари ҳушӣ ё IQ эътиқод доранд, бархе аз равоншиносон низ мӯътақиданд, ҳуш ҷанбаҳои мухтилифе дошта ва наметавон онро ба сурати куллӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Бо ин ҳол, роиҷтарин озмунҳое, ки барои баррасии ҳуш мавриди истифода қарор мегиранд, як баҳраи ҳушии куллиро дар ихтиёри фард ва хонавода қарор медиҳанд.

Баҳои баҳраи ҳушӣ

Баҳраи ҳушии кӯдак, ки аз озмунҳои ҳуш ба даст меояд, ба хубӣ метавон мизони муваффақиятҳои баъдии фардро мушаххас ккунад. Ба таври миёнгин, аксари афрод баҳраи ҳушии байни 90 то 109 хоҳанд дошт. Ба мизоне, ки кӯдак аз ин миёнгин болотар ё поинтар меравад, боҳуштар ё кмҳуштар хоҳад буд. Баҳраи ҳушии 79 ё камтар, нишондиҳандаи вуҷуди мушкил дар тавоноии зеҳнии кӯдак аст ва ӣболотар будани баҳраи ҳушӣ аз 110 низ, нишондиҳандаи ҳуши болои фард ва тезҳушии кӯдак мебошад.

Хусусиёти кӯдаки боҳуш

Кӯдакони боҳуш вижагиҳо ва тавоноиҳои хоссе доранд, ки дар идома ба онҳо ишора хоҳем кард.

Ин нишонаҳо маъмулан дар кӯдакони боҳуш дида мешаванд, аммо танҳо меъёри қатъӣ ва мушаххас барои боҳуш донистани кӯдак ё ба таври куллӣ санҷиши тавоноии зеҳнии вай, анҷоми арзёбии ҳушӣ тавассути мутахассисони равоншиносии кӯдак мебошад.

Бо анҷоми тести ҳуш, аз кӯдаки худ, нуқоти қувват ва заъфи ӯро беҳтар шинохта ва метавонед барои истеъдодҳояш барномарезӣ кунед ё нуқоти заъфро зудтар мутаваҷҷеҳ шуда ва бартараф намоед.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Арзиши сухан гуфтан
Аморот даъвати Натонёҳуро рад кард

Матолиби пурбоздид