Магар ӯро ба кулбаи мо мебаранд?
Рӯзе ҷанозаеро мебурданд. Писари Мулло Насриддин аз падараш пурсид:
— Падарҷон! Ин ҷанозаро куҷо мебаранд?
Мулло Насриддин гуфт:
— Ӯро ба ҷое мебаранд, ки на об ҳаст, на нон ҳаст, на пӯшиданӣ ҳаст ва на ҳеч чизи дигаре.
Писари Мулло гуфт:
— Фаҳмидам… Ӯро ба кулбаи мо мебаранд.
Қаламонлайн