Мактаби Имом Ҳусейн(а) чӣ меомӯзад?

Таърих

Мактаби Имом Ҳусейн(а) чӣ меомӯзад?

Торих ва тамаддуни ислом

Ошуро як мадраса аст, ки мо мусалмонон беш аз ин ки дар ин рӯз гиря кунем ва ё сина занем, ниёз аст аз он дарс биомӯзем. Он чӣ беш аз ҳар чизе дар ин воқеа муҳим аст он аст, ки бидонем, зиндагии мо, одамиён, аз оғоз то поёнаш, иборат аст аз саҳнаи Ошуро; саҳнае, ки дар он аз як сӯ Язид ҳаст, Шимр ҳаст, Убайдуллоҳ ибни Зиёд ҳаст, Умар ибни Саъд ҳаст, куфиён ҳастанд ва аз он сӯй ҳам, Имом Ҳусайн (а) ҳузур дорад ба ҳамроҳи ёрони андак, аммо мусаммам ва бовафояш, дар ин саҳна Зайнаб ҳузур дорад…

Ошуро ба мо меомӯзад, ту дар ин саҳна – ва шабеҳи он — дар ҷониби Ҳусайн (а) ва ёронаш қарор бигирӣ ва алайҳи Язид, ки намоде аз як ҳокими золим ва ситампеша аст, қиём кунӣ ва ҳаргиз аз камии теъдод наҳаросӣ.

Ошуро ба мо меомӯзад, ту дар зиндагии худ мисли мардуми Куфа (Куфаи он замон) мабош; мардуме тарсу ва мунофиқ ва асири матои пасти дунё, ки ба қавли Фараздақ хитоб ба Имом Ҳусайн — вақте аз ҳоли куфиён суол мекунад — мегӯяд:

قلوبهم معك وسيوفهم عليك

Яъне, ин мардум дар дил ва ботин бо ту ҳастанд, аммо дар зоҳир шамшери худро алайҳи ту аз рӯ бастаанд.

Якчунин ҳолат фақат мутааллиқ ба куфиёни торих нест, балки дар ҳар замоне чунин инсонҳое ёфт мешаванд ва мутаассифона аксариятро ҳам ташкил медиҳанд, ки қалбан ва ботинан бо ту ҳастанд, вале тарс аз марг, онҳоро чунон хору залил карда, ки ҳозиранд дар канори ҳокими ситампеша ва қудратманд қарор бигиранд ва алайҳи ту биҷанганд.

Ошуро ба мо меомӯзад, ту мисли куфиёни хиёнаткор ва паймоншикан мабош, ки эъломи вафодорӣ бикунӣ ва сипас паймони худ бишканӣ.

Ошуро ба мо меомӯзад, мувозиб бош, ки оқибате мисли оқибати афроде мисли Убайдуллоҳ ибни Зиёд, Умар ибни Саъд ва Шимр ибни Зилҷавшан гиребонгират нашавад. Зеро ин афрод, яъне ҳам Убайдуллоҳ ва ҳам Умар ибни Саъд ва ҳам Шимр, дар зиндагии худ хадамоти фаровоне дар роҳи ислом карда буданд, инҳо қориёни Қуръон ва олимони дин ба шумор мерафтанд, аммо дунёпарастӣ, мақомхоҳӣ ва дил супурдан ба пулу молу сарвати дунё, онҳоро афроде гардонид, ки дар поёни умри худ, барои ноил шудан ба мақом, ҳозир шуданд наваи Паёмбар (с) ва беҳтарин инсони рӯйи замин дар он замонро ба қатл бирасонанд. Язид ба Умар ибни Саъд ваъда дод, ки агар Имом Ҳусайн (а)-ро аз сари роҳам бардорӣ, туро волӣ ва ҳокими Рай қарор медиҳам, ва ин одами пастфитрат барои расидан ба ин мақом, даст ба он ҷиноят зад, ки албатта ин орзуи худро ба гӯр бурд.

Хулоса, Ошуро на фақат маросими синазанӣ ва гиря ва ибрози отифа аст, балки беш аз ҳама як мадраса аст, ки бояд аз он дарс омӯхт; дарсе барои на фақат шиъа ва ё суннӣ, балки барои тамоми башарият.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пойгоҳи омрикоии Hill: “Пизишкиён ба дунболи ислоҳи низоми ҷаҳонии омрикоӣ аст”
Раҳбари Ансоруллоҳ: Телавив дигар дар амн нахоҳад буд

Матолиби пурбоздид