Мамнӯияти риш дар Узбекистон

Мамнӯияти риш дар Узбекистон

Ахбори минтақа

Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, аз моҳи октябри соли гузашта, бар асоси як қонуни ҷадид, мардон ба ҷурми риши дароз дар ин кишвар ҷарима ва ба иҷбор, ришашон ислоҳ мешавад.

Инчунин дар торихи 31-октябри соли 2023, қонуни мамнӯияти пӯшиши чеҳраи занон бо ниқоб, ба далели эҷоди хилал дар шиносоӣ, дар Узбекистон тасвиб шуд.

Бар асоси ин қонун, ҷавононе, ки риши онҳо аз назари қонун монее барои шиносоӣ шавад, то сақфи 400 (чаҳорсад) доллар, муодили панҷ миллион сӯми Узбекистон ҷарима мешаванд.

Ба гузориши расонаҳо, аз октябри соли гузашта то кунун, барои 789 мард бар асоси ин қонун парванда боз шудааст.

Лозим ба ёдоварист, пеш аз ин низ дида мешуд, ки пулиси Узбекистон ба таври ғайриқонунӣ мардони ришдорро ба иттиҳоми ташобуҳ ба ифротгароён боздошт карда ва риши онҳоро метарошид.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қазоқистон ва Озарбойҷон ба Исроил нафт содир мекунанд
Қазоқистон сафири толибонро ба расмият шинохт

Матолиби пурбоздид