Оё Зеленский оташафрӯзи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хоҳад буд?

Оё Зеленский оташафрӯзи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хоҳад буд?

Ахбори ҷаҳон

Ба иддаои яке аз муассисоти мутолеотии Амрико, Зеленский бо фиребу дурӯғгӯиҳо дар бораи мушаки суқуткарда дар Полша, таъкид намудааст, раиси ҷумҳури Украина дар паи оташ афрӯхтан ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ аст.

Тибқи гузориши пойгоҳи хабарии RT, Андрей Курибко дар вебгоҳи муассисаи мутолеотии “Рон Паул барои сулҳу пешрафт” дар Амрико, дар матлабе навиштааст, ҳукумати Украина ба раёсати Владимир Зеленский талош кард то бо фиребкорӣ ва дурӯғ, ҷанги ҷаҳонии сеюмро оғоз кунад.

Ин рӯзноманигор ва таҳлилгари сиёсӣ гуфтаааст: “Ин воқеият, ки мақомоти баландпоя дар Киев ба маънои воқеии калима, барои иҷрои ин сенориюи охируззамонӣ тавтиа карданд, нишон медиҳад, ки ҷабҳаи онҳо ба қудрати худ итминон надорад”.

Вай дар идома таъкид кардааст, ки Зеленский ба тамоми ҷаҳон дурӯғ гуфтааст ва бомбаборони Лаҳистон (Полша) тавассути неруҳои украиниро “ҳамлаи мушакии Русия ба амнияти ҷамъӣ” унвон карда ва ба НАТО гуфтааст, ки ин эътилофи низомӣ бояд иқдом кунад.

Рӯзи сешанбе, 15-ноябр, мушаке дар хоки Лаҳистон, наздикии марзи Украина суқут кард, ки дар паи ин ҳодиса, ду шаҳрванди лаҳистонӣ кушта шуданд. Зеленский дар бораи ин ҳодиса гуфта буд, ки ин мушак тавассути Русия партоб шуда ва ин рӯйдод, нишонгари афзоиши таниш аз сӯи Маскав мебошад. Аммо муттаҳидони ғарбии Зеленский ва намояндагони НАТО дар пазириши иддаоҳои Украина тардид намудаанд.

Курибко дар гузориши худ хотирнишон мекунад, ки мақомоти украинӣ нигаронанд, ки Амрико махфиёна заминаро барои музокироти сулҳ байни Украина ва Русия омода мекунад, ки дар натиҷаи он, Киев таҳти фишори сахте барои расидан ба созиш бо Русия қарор хоҳад гирифт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иддаои Натонёҳу дар бораи дидори маҳрамона бо сарони баъзе аз кишварҳои арабӣ
Риштаҳои нозук бар пои фил

Матолиби пурбоздид