Ман ҷобиру ситампеша нестам
Мактаби инсоният
Рӯзе як араби биёбонӣ хидмати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омад; ӯ ҳоҷате дошт. Вақте ки наздиктар омад, убуҳати Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ӯро гирифт ва забонаш ба лукнат афтод.
Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нороҳат шуданд ва суол карданд:
— Оё аз дидани ман забонат ба лукнат афтод?
Сипас ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ӯро ба оғӯш гирифтанд ва ба тавре фишурданд, ки баданаш бадани Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро ламс намояд, он гоҳ фармуданд:
— Осон бигир! Аз чӣ метарсӣ? Ман аз ҷобирон (подшоҳони ситампеша) нестам. Ман писари он зане ҳастам, ки бо дасти худаш аз пистони гӯсфанд шир медӯшид, ман мисли як бародари шумо ҳастам.
Қаламонлайн