Манқуртӣ дарди бедармон аст

Таҳлили хабарӣ

Манқуртӣ дарди бедармон аст

Ёдошти Исфандиёри Одина

Замони Шӯравӣ русҳо мехостанд моро комилан аз гузаштаи худ ҷудо кунанд ва бар зеҳни мо ин дурӯғро бирезанд, ки гӯё моро Шӯравӣ, яъне рус, миллат сохт!

Барои ин мебоист адабиёти гузаштаро аз мо бигиранд, моро аз худ бехуд созанд. Бино бар ин, мехостанд дастрасии моро ба забон ва адаби гузаштаамон мамнӯъ кунанд!

Вале бузургони мо, чун устод Айнӣ ва дигарон, эътироз карданд ва устод Намунаи адабиёти тоҷикро нивишт, ки ҳамон адабиёти порсӣ аст.

Баъд русҳо гуфтанд, ки ин адабиёт моли эрониҳост, шумо адабиёт надоред, шумо давлат ҳам надоштед, тоза рус ба шумо “республика” дод ва бояд акнун забон ва адабиёте барои худ халқ кунед. Аммо бузургони мо напазируфтанд.

Дар пайи ин баҳсҳо тасмим бар ин шуд, ки ҳам форс ва ҳам тоҷик гӯянд, яъне “адабиёти форсу тоҷик” ё “адабиёти форс-тоҷик”, он ҳам фақат то қарни 15, баъд аз он гӯё тибқи назарияи сафсатаи ленинӣ, гӯё миллатҳои форсу тоҷик аз ҳам ҷудо шуданд ва ҳар кудом роҳи худро пеш гирифтанд!

Ва дертар тоҷик гӯё худаш ба Русия ҳамроҳ шудааст, яъне Русияҳ сарзаминҳои моро ИШҒОЛ накарда ва мардумони моро қатли ом накарда, балки бо даъвати тоҷикон омада, то моро ба тамаддун бирасонад!!!

Инҳо аз сафсатаҳое буд, ки рус бар мағзи тоҷик рехт, то тоҷикро монқурт кунад. Албатта, иддае аз тоҷикон монқурт шуданд ва ҳануз ҳам аз ҳамон истилоҳоти ҷаълии Шӯравӣ даст барнамедоранд ва дилашон барои фармонравоии рус танг ҳам мешавад! Хуб, монқуртӣ навъе бемори равонист, ки гирифторонаш камтар дармон меёбанд.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Исфандиёри Одина)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Неъмати АҚЛ
Чӣ замоне шак бавуҷуд меояд?

Матолиби пурбоздид