Масеҳият дар Бритониё рӯ ба коҳиш аст

Масеҳиёни Бритониё ақаллияти диниро ташкил медиҳанд

Ахбори фарҳангӣ

Тиби натиҷаи саршумории соли 2021 дар Бритониё, пайравони дини масеҳият барои аввалин бор дар Англистон ва Уелз дар ақаллият қарор гирифтаанд.

Додаҳои дафтари миллии омор дар Бритониё, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, камтар аз ниме аз ҷамъияти Англия ва Уелз худро масеҳӣ муаррифӣ кардаанд.

Бино ба ҳамин додаҳо 46.2 дарсади ҷамъияти Англия худро масеҳӣ медонад. Дар ҳоле ки ин рақам дар саршумории як даҳа пеш 59.3%-ро ташкил медод.

Теъдоди афроде, ки дар Англия худро мусалмон муаррифӣ намудаанд, ба 6.5% расидааст, ки ин омор низ, як даҳа пеш 4.9%-ро нишон медодааст.

Аммо теъдоди афроде, ки худро пайрави ҳеч дине намедонанд, дар ин омор 37% эълом шудааст, рақаме, ки дар саршумории гузашта, 25%-ро ташкил дода буд.

Масеҳиён дар ҳоле дар Англия ва Уелз ба ақаллияти динӣ табдил шудаанд, ки дини расмии кишвар масеҳият аст ва подшоҳи Бритониё раиси калисои олии Англия маҳсуб мешавад.

Баррасии додаҳои мунташиршуда нишон медиҳад, ки теъдоди афроди “бидуни дин” дар манотиқе аз Англия ва Уелз, ки ҷамъиятҳои бумӣ ва сафедпусти бештаре доранд, бештар аз манотиқест, ки ақаллиятҳои қавмӣ дар он манотиқ ҳузури пуррангтаре доранд.

Фаъолони секулорист  ва мудофеи ҷудоии дин аз сиёсат, дар Бритониё дар паи ин ҳастанд, ки тибқи интишори додаҳои Дафтари миллии омори ин кишвар, таҷдиди назар дар нақш ва аҳамияти дин дар умури ҷомеа пешбинӣ шавад. Ин матлаб ба ин дадел аст, ки давлати Бритониё ҳазинаи мадориси калисои Англияро таъмин мекунад ва кашишҳо узви Маҷлис Аъён ё Маҷлиси лордҳо ҳастанд.

Натиҷаи саршуморӣ дар ду бахши дигари Бритониё –  Шотландия ва Ирландияи Шимолӣ ба таври ҷудогона аз Англия ва Уелз мунташир мешавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баррасии ҷиноёти ҷангии Русия дар дастури кори додгоҳи байналмилал
Насиҳатҳои Луқмони Ҳаким ба писараш

Матолиби пурбоздид