Масъуди Пизишкиён: “Эрон ишғолгарони теруристро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард!”

Масъуди Пизишкиён: “Эрон ишғолгарони теруристро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард!”

Ахбори байналмилал

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба шаҳодати Исмоил Ҳаниа, навишт:

“Пайванди ду миллати сарбаланди Эрон ва Фаластин мустаҳкамтар аз қабл хоҳад шуд ва масири муқовамат ва дифоъ аз мазлум пурқудраттар аз ҳамеша дунбол мешавад.”

Матни паёми ӯ ба шарҳи зерин аст:

“Имрӯз Эрони азиз ба сӯги шарики ғам ва шодии худ, ҳамроҳи ҳамешагӣ ва пурифтихори роҳи муқовамат, раҳбари шуҷои муқовамати Фаластин, шаҳиди Қудс, Ҳоҷ Исмоил Ҳаниа нишастааст. Дирӯз дасти фотеҳи ӯро боло бурдам ва имрӯз бояд бар рӯйи шонаҳоям ӯро ташйеъ кунам.

Шаҳодат ҳунари мардони Худост. Пайванди ду миллати сарбаланди Эрон ва Фаластин мустаҳкамтар аз қабл хоҳад шуд ва масири муқовамат ва дифоъ аз мазлум пурқудраттар аз ҳамеша дунбол мешавад. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамомияти арзӣ ва иззат ва ҳайсият ва ифтихор ва шарафи худ дифоъ ва ишғолгарони теруристро аз иқдоми буздилонаи худ пушаймон хоҳад кард.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қофилаи шаҳидон…
Исмоил Ҳаниа дар охирин дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ

Матолиби пурбоздид