Озодаи фаротар аз дину мазҳаб

Таърих

Озодаи фаротар аз дину мазҳаб

Ҳодисаи Карбало (1)
Моҳи Муҳаррам, ки шурӯъ мешавад, исми мубораки набераи гиромии Паёмбари Акрам (с), Имом Ҳусайн ибни Алӣ ба ёдҳо меояд. Ӯ дар ин моҳ дар маҳалле маъруф ба Карбало ба шаҳодат расида.
Дар ҳамин ибтидо шоиста аст ёдовар бишавам, ки Имом Ҳусайн танҳо мутаъаллиқ ба мусалмонони шиъа нест, балки ин озодаи таърих на фақат пешвои ҳамаи мусалмонон – аз шиъа ва суннӣ – ки пешвои тамоми озодагони ҷаҳон, мусалмон ва ғайримусалмон, ба шумор меравад.
Ба ҳамин баҳона, лозим дидам шурӯъ аз имрӯз ҳар рӯз ривояте аз китобҳо ва манобеъи мӯътабар дар бораи ҷойгоҳи ин пешвои озодагони таърих дар назди Паёмбари Акрам (с) ва шаҳодаташ матлабе биёварам.
* * *
Ҳофиз Ибни Касир дар китоби “Албидоя ван-ниҳоя”-и худ ба нақл аз “Мустадрак”-и Ҳоким (ки онро ба шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ дониста) аз Умми Фазл бинти Ҳорис овардааст, ки: ӯ ба маҳзари ҳазрати Паёмбари Акрам (с) расид ва арз кард: Эй Расули Худо! Ман имшаб хобе бисёр нописанд дидам.
Фармуд: Чӣ буд он хоб, бигӯ.
Арз кардам: Хоб дидам гӯё порае аз ҷасади мубораки шумо ҷудо шуда ва дар домани ман қарор дода шуд.
Фармуд: Хайр аст, Фотима (духтарам) иншоаллоҳ ба зудӣ писаре ба дунё хоҳад овард ва он писар дар оғӯши ту қарор хоҳад гирифт.
Сипас Фотима Ҳусайнро зойид ва ӯ дар домани ман буд ҳамон тавр ки Расули Худо (с) хабар дода буданд.
Пас, Ҳусайнро дар домани Паёмбари Худо (с) гузоштам ва таваҷҷӯҳ кардам, аз чашмони мубораки эшон ашк ҷорӣ мешавад. Пурсидам: Эй Расули Худо! Падару модарам фидоят, чӣ шуд?
Фармуд: Ҷабраил (а) ба наздам омад ва хабар дод, ки умматам ба зудӣ ин фарзандамро хоҳанд кушт.
Арз кардам: Ҳусайнро?
Фармуд: Бале.
Ва турбате (як мушт хок) аз турбати ӯро, ки сурх буд бароям дод.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал низ дар “Муснад”-и худ бо санад аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки гӯяд: Паёмбари Акрам (с)-ро дар хоб дидам дар ҳоле ки сухан мегуфт ва мӯйҳояш жӯлида ва ғуборолуд буданд ва дар дастонаш зарфе шишаӣ буд ва дар дохили он зарф хун дида мешуд.
Арз кардам: Падару модарам фидоят эй Расули Худо! Ин чист?
Фармуд: Хуни Ҳусайн ва ёронаш.
Ибни Аббос гӯяд: Ман ҳамон рӯзро (рӯзе ки хоб дидам) дуруст ба ёд дорам. Сипас мо он рӯзро ҳисоб кардем ва дидем, дуруст ҳамон рӯзе будааст, ки Ҳусайн (а) ба шаҳодат расида…
(Албидоя ван-ниҳоя, Ҳофиз Ибни Касир, 6/258, Аш-шомила)
* * *
‎عن أم الفضل بنت الحارث أنها دخلت على رسول الله صلى الله عليه وسلم فقالت: يا رسول الله إني رأيت حلما منكرا الليلة، قال. وما هو ؟ قالت: رأيت كأن قطعة من جسدك قطعت ووضعت في حجري، قال: رأيت خيرا، تلك فاطمة إن شاء الله تلد غلاما فيكون في حجرك، فولدت فاطمة الحسين، فكان في حجري كما قال رسول الله صلى الله عليه وسلم، فوضعته في حجره ثم حانت مني التفاتة فإذا عينا رسول الله صلى الله عليه وسلم تهريقان الدموع، قالت: قلت يا نبي الله بأبي أنت وأمي، مالك ؟ قال: أتاني جبريل عليه السلام فأخبرني أن أمتي ستقتل ابني هذا، فقلت: هذا؟ قال: نعم، وأتاني بتربة من تربته حمراء
‎الامام أحمد: حدثنا عفان، ثنا حماد، أنا عمار بن أبي عمارة عن ابن عباس، قال: رأيت النبي صلى الله عليه وسلم فيما يرى النائم بنصف النهار وهو قائل، أشعث أغبر، بيده قارورة فيها دم، فقلت: بأبي أنت وأمي يا رسول الله، ما هذا؟ قال: دم الحسين وأصحابه، لم أزل التقطه منذ اليوم، قال: فأحصينا ذلك اليوم فوجدوه قتل في ذلك اليوم رضي الله عنه
* * *
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нақши одатҳо дар зиндагӣ
Эҳтироми Бобоҷон Ғафуров, расми ягона ва пешгӯиҳои Зуфархон Ҷавҳарӣ

Матолиби пурбоздид