Маънои адаб
Бартарин хислатҳои инсонӣ аз дидгоҳи Имом Ҳусайн
Ба муносибати зодрӯзи Имом Ҳусайн (а)
Имрӯз (3 Шаъбон) зодрӯзи Имом Ҳусайн ибни Алӣ (а), ҷигаргӯшаи ҳазрати Паёмбари Акрам (с) аст. Касе, ки Расули гиромии ислом (с) дар бораи ӯ фармуда:
حسين مني وأنا من حسين أحب الله من أحب حسينا حسين سبط من الأسباط
“Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, Худованд дӯст дорад ҳар касеро, ки Ҳусайнро дӯст дошта бошад, Ҳусайн сибте аз асбот аст.” (Силсилаи саҳеҳаи Албонӣ, 3/229)
Ба ҳамин баҳона, муносиб дидам, шаммае аз суханони гуҳарбори он ҳазрат (а) биёварам.
* * *
1) Аз Имом Ҳусайн (а) маънои адабро пурсиданд.
Имом (а) фармуд:
هُوَ أَنْ تَخْرُجَ مِنْ بَيْتِكَ، فَلا تُلْقِيَ أَحَداً إِلاّ رَأَيْتَ لَهُ الْفَضْلَ عَلَيْكَ
“Адаб иборат аст аз ин ки вақте, ки аз хона хориҷ мешавӣ, ба ҳар касе бархӯрд мекунӣ, ӯро бартар аз худ бинӣ.” (Яъне ҳамеша дигаронро аз худ беҳтар бинӣ ва эҳтироми онҳоро нигаҳ дорӣ.)
(Мавсуъатул-калимот ал-Имом ал-Ҳусайн (а), с.910)
2) Имом Ҳусайн (а) фармудааст:
خَمْسٌ مَنْ لَمْ تَكُنْ فِيهِ، لَمْ يَكُنْ فِيهِ كَثيرُ مُسْتَمْتَعٍ: الْعَقْلُ، وَالدّينُ، وَالْأَدَبُ، وَالْحَياءُ، وَحُسْنُ الْخُلْقِ
“Панҷ чиз аст агар дар инсон набошад, дар ӯ баҳраи зиёде нахоҳад буд: 1) ақл; 2) дин; 3) адаб; 4) ҳаё; 5) хушахлоқӣ.”
(Ҳаётул-Имом ал-Ҳусайн (а) 1/181)
3) Имом Ҳусайн (а) фармудааст:
لا أَفْلَحَ قَوْمٌ اشْتَرَوْا مَرْضاةَ الْمَخْلُوقِ بِسَـخَطِ الْخـالِقِ
“Миллате, ки ризоят ва хушнудии мардумро бо хашми Худо муомила кунад, ҳаргиз растгор нахоҳад шуд.”
(Мақталул-Хоразмӣ, 1/239)
4) Имом Ҳусайн (а) фармояд:
الصِّدْقُ عِزٌّ، وَالْكِذْبُ عَجْزٌ، وَالسِّرُّ أَمانَةٌ، وَالْجِوارُ قَرابَةٌ، وَالْمَعُونَةُ صَداقَةٌ، وَالْعَمَلُ تَجْرِبَةٌ
“Ростгӯӣ бузургворӣ аст ва дурӯғгӯӣ нотавонӣ, роздорӣ амонат аст ва ҳамсоягӣ хешовандӣ ва кӯмак кардан садоқат аст ва кор, таҷриба.”
(Таърихи Яъқубӣ, 2/246)
Қаламонлайн