Маънои ҳақиқии хушбахтӣ
Сабки зиндагӣ
Агар аз касе ин суолро пурсед, ки хушбахтӣ чист, чунин посухҳое хоҳанд дод:
Хушбахтӣ яъне:
1 – доштани ҳамсари хуб
2 – хонаи хуб
3 – кори хуб
4 – фарзандони хуб
5 – пулу сарват…
Ҳамаи инҳо аз дуруст аст, аммо аз дидгоҳи дини мубини ислом, хушбахтӣ ба маънои: расидан ба Худованд аст.
Худованд дар сураи Зориёт, ояти 56 мефармояд:
“Ман ҷинну инсро наофаридам, ҷуз барои ин ки маро бипарастанд”.
Хушбахтӣ дар ин оят ба маънои растгории бузург, яъне наҷот, омадааст:
“Ва ҳар кас Худо ва паёмбарашро фармон барад, қатъан ба растгории бузурге ноил омадааст”. (Сураи Аҳзоб, ояти 71).
Фаҳмидем, ки хушбахтӣ расидан ба Худованд ва наздик шудан ба Худо аст.
Ҳоло суоли баъдӣ ин аст, ки роҳи наздик шудан ба Худованд кадом аст?
Аз чӣ роҳе метавон ба Худованд расид?
Ҷавобаш як чиз аст: Бандагӣ. Яъне бандагии Худоро хуб баҷо биёрем.
Дар ривояте аз ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб(р) нақл шудааст:
“Касе хушбахт намешавад, магар бо тоати Худованди Субҳон ва касе ҳам бадбахт намешавад, магар бо маъсият ва нофармонии илоҳӣ”. (Ғурар-ул-ҳикам, саҳ.788).
Ин аст маънои ҳақиқии хушбахтӣ ва бадбахтӣ.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: