Маъод – IV

Маъод – IV

Бахши чаҳорум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Моҳияти марг аз назари Қуръон

Баҳси маъодро, ки дар ҷаласаи пеш шурӯъ кардем, зимнан баҳонае шуд барои ман, ки бештар рӯйи он мутолеа кунам ва дар ҷаласае, ки дар масҷиди “Ҳидоят” барои сӯҳбат меравам, дар онҷо ҳам мабҳаси маъодро тарҳ кардам, вале албатта дар як сатҳи умумитар ва мақрунтар ба насиҳат ва мавъиза, яъне омехта ба баҳсҳои мавъизаӣ.

Ҳамон тавре, ки дар ҷаласаи пеш сӯҳбат шуд, мо ба масъалаи маъод, ба таъбири Қуръон бояд имон — ва болотар, иқон (яқин) — дошта бошем ва он қадр масъалаи маъод масъалаи буғранҷ ва печидае аст, ки бисёре аз афрод мӯътақиданд дар боби маъод ҷуз таъаббуд ва таслим роҳе нест, яъне ончунон ин масъала барои башар маҷҳул аст — на ин ки мумтанеъ аст — ки мо ҷуз аз тариқи таъаббуд ва таслим ба гуфтаи пайғамбар ва ваҳй, роҳе барои қабулаш надорем. Вале бидуни шак, башар барои дарки масъалаи маъод, талошҳое ҳам аз тариқи илм ва ақли худаш кардааст.

Мо дар инҷо муваззафем, аввал — қабл аз он ки дунболи талошҳои илмӣ ва ақлӣ ва фалсафӣ биравем, ки чӣ гуна талош кардаанд ва бидуни ҳеч гуна ҷонибдорӣ аз ҳеч назаре — гуфтаи худи Қуръонро дар боби маъод тарҳ кунем, вале ҳамаҷониба тарҳ кунем, бибинем, ки асосан Қуръон маъодро чӣ гуна тарҳ ва баён кардааст, баъд биравем дунболи талошҳо, чун то он ҷо, ки ман худам мутолеа кардаам, мебинам талошҳое, ки муҳаддисин (яъне онҳое, ки завқашон завқи муҳаддисин ва фуқаҳост) ба як шакл, ҳукамо ва фалосифа ба як шакл ва уламои ҷадид ба шакли дигар кардаанд, ҳама як навъ мутолеоти якҷониба аст, яъне масалан қисмате аз оятҳои Қуръон, ки бо назарияи онҳо интибоқи беҳтаре доштааст, ҳамонро гирифта ва дунбол кардаанд ва ҳол он ки як қисматро гирифтан ва як қисматро раҳо кардан, мушкилро ҳал намекунад.

Қатъияти қиёмати кубро аз назари Қуръон

Ба назар мерасад, мо аввал бояд аз инҷо шурӯъ кунем, ки як матлаб аз назари Қуръон қатъӣ ва мусаллам аст ва Қуръон рӯйи он хеле исрор дорад ва он ин аст, ки як қиёмати куброе дар ояндаи маҷҳуле ҳаст ва Қуръон исрор дорад, ки ояндаи қиёматро ҷуз Худо касе намедонад:

عِلْمُها عِنْدَ رَبِّي

(Аъроф/187) Дар як ояндаи маҷҳуле, ки ба ҳеч наҳв намешавад онро тавқит кард ва вақт барояш муайян кард. Дар он қиёмати кубро масъала танҳо ин нест, ки авзоъи дунё ва замину осмон ба шакле, ки имрӯз ҳаст бошад, вале фақат мурдаҳо якдафъа аз қабрҳо берун биёянд барои ҳисобу китоб. Ин ҳашри қубуре, ки Қуръон баён кардааст (ки воқеан таъбири Қуръон ин аст, ки мурдаҳо зинда мешаванд), мақрун аст бо як тағйири куллӣ ва асосӣ дар тамоми олам, аз хуршеду ситорагону замину ҳар чи дар замин ҳаст ва он мавҷудҳои хеле азим ва васеъи замин, ки чашми инсонро пур мекунад ва одам бовар намекунад инҳо дигар тавре бишаванд мисли дарёҳо ва кӯҳҳо, ҳамаи инҳоро Қуръон мисол зикр мекунад: он яке мисли пашми задашуда бошад, он яке мисли ғубори пароканда бошад, нур аз хуршед гирифта шавад, ситорагон мункадир шаванд, хулоса, як тағйири куллӣ дар тамоми оламе, ки мо онро олами табиат мешиносем. Оламе, ки мо олами табиат мешиносем, ҳамин замин аст ва он чи, ки мо осмон меномем маҷмӯъи хуршед ва ситорагон аст. Дигар чизе намондааст, ки Қуръон рӯйи он даст нагузошта бошад, ки дар он қиёмати кубро он ҳам тағйир мекунад:

یَوْمَ تُبَدَّلُ الْأَرْضُ غَیْرَ الْأَرْضِ وَالسَّماواتُ

(Иброҳим/48)

وَالسَّماواتُ مَطْوِیّاتٌ بِیَمِینِهِ

(Зумар/67)

Аз ин ҷур таъбирот хеле зиёд аст. Мункирини замони пайғамбар ҳам нисбат ба қиссаи ҳашри инсон аз қабрҳо буда, ки эътироз мекарданд, яъне инро як амри ношуданӣ ва ба қавли Касравӣ, “наёрастанӣ” талаққӣ мекарданд. Қуръон ҳам бо такя ба қудрати Худо ё бо такя ба низоми мавҷуд (ки низоми мавту ҳаёт аст ва мурдаҳо доиман бар рӯйи ин замин зинда мешаванд) ё бо такя ба хилқати аввалӣ (ки баргардондани баъдӣ, аз эҷоди ибтидоӣ муҳимтар нест) ва ё бо ин навъ истидлол, ки мо, ки офаридем, магар абас офаридем?, ба онҳо ҷавоб медиҳад. Пас як масъала, ки мо дорем, масъалаи қиёмати кубро аст.

Фосилаи мурдан то қиёмат

Қабл аз он ки мо роҷеъ ба қиёмати кубро сӯҳбат кунем, як масъаларо бояд расидагӣ кунем ва он ин аст: дар фосилаи мурдан то он қиёмат, аз мурдане, ки имрӯз мо мемирем ё ашхосе дар гузашта мурдаанд, то қиёмат, ки маълум нест чӣ қадр тӯл хоҳад кашид ва шояд миллиардҳо сол тӯл бикашад, шояд ҳам масалан ҳазор соли дигар тамом бишавад — ки мо арз кардем, маҷҳул аст ва намедонем кай ҳаст — дар ин фосила вазъ чист? Аз Қуръон чӣ истифода мешавад? Оё дар ин фосила он касе, ки мурда, дигар воқеан мурда, ҳамин тавре, ки мо ба ҳасби зиндагии ҳиссии дунёӣ мегӯем? Яъне мисли ин аст, ки дар як хоби хеле амиқе фурӯ рафта ва амиқтар аз он дар як сукути мутлақ ва дар як бехабарии мутлақ фурӯ меравад ва ҳаст то дар қиёмат маҳшур шавад? Ё на, дар фосилаи ин мурдан то қиёмат ҳам як вазъе дорад, ки он вазъ ҳам боз навъе зиндагӣ аст? Қуръон чӣ мекунад? Оё дар инҷо сукут кардааст ё назаре дорад ва агар назаре дорад назараш чист?

Мусаллам вазъи фосилаи мурдан то қиёматро агар мо бидонем, худаш аввалан ҷузъи оламҳои баъд аз марг аст ва сониян то андозаи зиёде метавонад қарина бошад барои вазъи худи қиёмат, ки баъд бибинем қиёмат чист. Табъан ин масъала пеш меояд, ки аз назари Қуръон, тафсири мурдан чист? Агар мо бошем ва ҳамин иттилооти зоҳир ва маҳсусе, ки дар бораи инсонҳо дорем ё иттилооте, ки як пизишк дар бораи инсон дорад, (мурдан мусовӣ аст бо фасод ва табоҳӣ), инсон мемирад, яъне як дастгоҳе, ки кор мекунад, дастгоҳи солиме аст ва гоҳе маъюб мешавад, ислоҳаш мекунанд ба кори худаш идома медиҳад, як вақт ин дастгоҳ ончунон хароб мешавад, ки дигар дуруст шуданӣ нест, мошине аст, ки якдафъа хароб мешавад, ки дигар ба куллӣ муталошӣ мешавад, ё мисли як мураккаби табиӣ ё мураккаби маснуӣ аст, ки дар як лабаратория ё дар табиат таҷзия шавад, вақте, ки таҷзия шуд, он ҳувият ва шахсияти худашро аз даст дода, дигар алъон он (мураккаб) бо он шахсияте, ки буд нест ё ба таъбири ҳукамо, фасод ба мафҳуми мусталаҳ рух дод ва ин мураккаб фосид шуд. Оё моҳияти марг аз назари Қуръон, фасод ва табоҳӣ аст, ҳамчунон ки мусаллам аз назари ҷасад фасод ва табоҳӣ аст? Ё на, Қуръон мурданро чизи дигаре тафсир мекунад?

Маҷмӯъан он чи ки мо аз оятҳои Қуръон мефаҳмем ин аст, ки мурдан дар мантиқи Қуръон, табоҳӣ нест, сирфи хароб шудан нест, инҳидом нест, балки мурдан интиқол аст ва он ки мемирад, дар ҳамон оне, ки мемирад, дар лаҳзае, ки мемирад, аз инҷо мунтақил мешавад ба ҷойи дигар ва дар ҷойи дигар зинда аст, ҳаст ва ҳаст ва ҳаст то рӯзи қиёмат, ки масъалаи қубур ва ҳашри ҷисмонӣ пайдо шавад ва баданҳо аз хокҳо берун биёянд. Қуръон албатта калимаи авди арвоҳ бар аҷсодро надорад, вале дар айни ҳол мегӯяд, ки мардум аз қабрҳо зинда мешаванд. Дар айни ҳол, Қуръон худи мурданро мегӯяд, ки интиқол аст, ҷудоӣ аст. Албатта ин чизе, ки мегӯям, истинботи ман аст, ҳоло ман оётро мехонам, мумкин аст истинботи шумо таври дигаре бошад ва хушвақт мешавам назари худатонро бигӯед.

Оятҳои зиёде дар ин замина ҳаст. Баъзе аз оятҳо оёте аст, ки ба таври умум дар бораи мурдан сӯҳбат карда, баъзе ба таври хусус масалан дар бораи суъадо хусусан шуҳадо сӯҳбат карда ва баъзе ба таври хусус дар бораи ашқиё сӯҳбат карда ва баъзе дар бораи ҳама, вале ба наҳви тақсимбандӣ сӯҳбат кардааст. Аз маҷмӯъи инҳо ин тавр истифода мешавад:

Таъбири Қуръон дар бораи марг

Оятҳои умум, ки аз онҳо мешавад тафсири маргро аз забони Қуръон донист, яке он оёте аст, ки аз марг ба “таваффӣ” таъбир мекунад, ки ин оятҳо зиёд аст:

الَّذِینَ تَتَوَفّاهُمُ الْمَلائِكَةُ ظالِمِي أَنْفُسِهِمْ

(Наҳл/28)

الَّذِینَ تَتَوَفّاهُمُ الْمَلائِكَةُ طَیِّبِینَ

(Наҳл/32)

اللّهُ یَتَوَفَّی الْأَنْفُسَ حِینَ مَوْتِها وَالَّتِي لَمْ تَمُتْ فِي مَنامِها

(Зумар/42)

وَهُوَ الْقاهِرُ فَوْقَ عِبادِهِ وَیُرْسِلُ عَلَیْكُمْ حَفَظَةً حَتّی إِذا جاءَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ تَوَفَّتْهُ رُسُلُنا وَهُمْ لا یُفَرِّطُونَ

(Анъом/61) Худо қоҳир аст дар болои бандагон ва барои шумо нигаҳбонон мефиристад, то он вақте, ки мурдани яке аз шумо мерасад, ҳамон русул ва фиристодаҳои мо ӯро таваффӣ мекунанд.

حَتّی إِذا جاءَتْهُمْ رُسُلُنا یَتَوَفَّوْنَهُمْ

(Аъроф/37)

أَعْبُدُ اللّهَ الَّذِي یَتَوَفّاكُمْ

(Юнус/104)

وَقالُوا أَإِذا ضَلَلْنا فِي الْأَرْضِ أَإِنّا لَفِي خَلْقٍ جَدِیدٍ بَلْ هُمْ بِلِقاءِ رَبِّهِمْ كافِرُونَ. قُلْ یَتَوَفّاكُمْ مَلَكُ اَلْمَوْتِ الَّذِي وُكِّلَ بِكُمْ

(Саҷда/10 ва 11)

Аз ин оятҳо зиёд дорем, ки маргро таъбир ба “таваффӣ” кардааст. “Таваффӣ” аз моддаи “вафо” аст, ҳамон моддае, ки “вафо” ва “истифо” аз он модда аст. “Таваффӣ” аз моддаи фавт нест. Мо форсизабонҳо гоҳе фавтро бо вафот муродиф хаёл мекунем. Фавт аз даст рафтан аст, агар таъбири фавт мекард, марг ба ҳамон маънои табоҳӣ ва тамом шудан ва аз даст рафтан буд. Вафот аз моддаи “вафо” ва “истифо” аст ва ба иттифоқи тамоми луғатҳо “таваффӣ” яъне истифо кардан ва таҳвил гирифтани як чиз ба тамом.

اللّهُ یَتَوَفَّی الْأَنْفُسَ حِینَ مَوْتِها

Яъне Худо нафсҳоро дар вақти мурдан, ба тамом ва ба камол мегирад. Ва ҳамчунин оятҳои дигаре, ки дар ин замина ҳаст, ҳамон мафҳуми қабзро медиҳад.

Дар Қуръон калимаи “қабз” наомада ва мо дар урфи худамон мегӯем, Азроил руҳро қабз кард, қобизуларвоҳ аст, вале қабз бо таваффӣ, ки дар Қуръон омада ҳар ду як маъниро медиҳанд.

Дар яке аз ин оятҳо масъалаи хобро бо мурдан дар як радиф мешуморад, мефармояд:

اللّهُ یَتَوَفَّی الْأَنْفُسَ حِینَ مَوْتِها وَالَّتِي لَمْ تَمُتْ فِي مَنامِها

Худо нафсҳоро дар вақти мурдан ва (нафси) зиндаҳоро, ки ҳанӯз намурдаанд, дар вақти хобидан мегирад, он ки мурд, дигар нафсаш барнамегардад ва он ки хобидааст, онро думартиба мефиристад. Маълум мешавад, аз назари Қуръон як чизе ҳаст, ки номи ӯ “нафс” аст.

فَیُمْسِكُ الَّتِي قَضی عَلَیْهَا الْمَوْتَ

Он ки ҳукми марг бар ӯ шудааст, нигаҳаш медорад —

وَ یُرْسِلُ الْأُخْری إِلی أَجَلٍ مُسَمًّی

(Зумар/42) ва он дигарӣ (яъне хобида)-ро мефиристад, то як вақти муқаддар ва таъйиншуда, ки он ҳам барои ҳамеша бояд гирифта шавад.

Худи хобиданро боз агар мо аз назари ҷисмонӣ дар назар бигирем, як ҳолати хеле оддӣ аст. Агарчӣ ман намедонам ва дар баъзе китобҳо хондаам, ки ҳанӯз рози хобидан ҳам сад дар сад кашф нашудааст, то чӣ расад ба рози хоб дидан, вале хоб аз назари усули ҷисмонӣ ҷуз қатъи як силсила равобит чизе нест. Аммо Қуръон хобро, ки дар он ҳоли шуъури инсон заъиф шуда ва дар як ҳадде (аз байн) рафта, як навъ ақиб бурдан ва ақиб кашидани ҳамон нафс медонад, ҷудо кардани он нафс медонад ва бедориро мусовӣ бо бозгаштани ҳамон нафс (он чизе, ки худаш исмашро нафс гузоштааст).

Ин як силсила оятҳо аст. Ҳоло шумо роҷеъ ба ин оятҳо тааммул кунед, бибинед ин оётро мешавад таври дигаре тафсир кард, ки мафҳумаш ин набошад, ки мурдан берун бурдан ва таҳвил гирифтани як чиз аст аз инсон ё на? Зоҳираш, ки ин аст.

Идома дорад…

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таниш дар равобити Эрон ва Ироқ
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳамаи дунё қабул доранд мардуми Ғазза пирӯзанд”

Матолиби пурбоздид