Мақоми амниятии Исроил: “Мо ҷиҳодиҳоро бар Эрон тарҷеҳ медиҳем”

Мақоми амниятии Исроил: “Мо ҷиҳодиҳоро бар Эрон тарҷеҳ медиҳем”

Ахбори байналмилал

Мордехай Кедар, мақоми бознишастаи амниятии режими саҳюнистӣ, дар барномае дар шабакаи i24 news, дар посух ба ин суол, ки барои Исроил кадом давлат дар Сурия хатар дорад: бо меҳварияти Эрон ё меҳварияти Қатар ва Туркия, гуфт:

“Бидуни ҳеч шакке, меҳвари Эрон барои Исроил як хатари стратегӣ аст, чун Эрон мушакҳои болистикии бузург дорад ва шояд дар ояндаи наздик силоҳи атомӣ ҳам дошта бошад. Дар ҳоле, ки ҷиҳодиҳои ҳокимшуда дар Сурия силоҳҳои соддае монанди “Калашников” ва RPG ва бархе тирборҳои насбшуда рӯйи Toyota доранд. Инҳо хатари токтикӣ ҳастанд, аммо Эрон хатари стратегӣ аст. Ба ҳамин хотир, мо ҷиҳодиҳоро, ки фақат хатари токтикӣ ҳастанд, бар Эрон, ки хатари стратегӣ алайҳи Исроил аст, тарҷеҳ медиҳем. Агар байни ҷиҳодиҳо ва эрониҳо маҷбур ба интихоб шавам, равшан аст, ки интихобам ҷиҳодиҳо хоҳад буд. Хусусан агар ҷиҳод алайҳи Исроилро раҳо кунанд ва як ҳукумати дорои мақбулият ташкил диҳанд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷуброни гузашта
Ғулҳои расонаӣ ва афкори умумӣ

Матолиби пурбоздид