Мақоми исроилӣ: Исроил феълан ба Эрон ҳамла намекунад

Мақоми исроилӣ: Исроил феълан ба Эрон ҳамла намекунад

Ахбори байналмилала

Мақоми амниятии Исроил: “Исроил ба ин далел феълан ба Эрон ҳамла намекунад”

Ба гузориши Тобнок

Амос Ҳаррелл, мақоми амниятии Исроил, дар мусоҳибае, дар бораи хатари ҷанги қарибулвуқӯъи Эрон ва Исроил гуфт: “Дар ҳоли ҳозир чунин хатаре вуҷуд надорад, чаро ки дар поёни ҷанг (ҷанги 12-рӯза), равшан шуд, ки хасоратҳои эҳтимолӣ (-и посухи мушакии Эрон) метавонад беш аз ҳадди тасаввур бошад. Ҳарчанд дар оғоз муваффақиятҳое доштем, аммо бо мушкилоте дар сомонаҳои раҳгирии мушакиамон мувоҷеҳ шудем ва ниёз доштем, то омрикоиҳо ба кӯмаки мо биёянд. Афзун бар ин, бахше аз хасоратҳо дар Телавив, Беъруссабъ ва дигар манотиқ, воқеан сангин буд. Мардум (дар Исроил) аз ин мавзӯъ беш аз соири масоил нигаронанд.”

Ин мақоми амниятии Исроил гуфт: “Тавҷеҳи Натонёҳу барои ҳамла ба Эрон, танҳо барномаи ҳастаӣ набуд, балки суръати барномаи мушакии Эрон буд. Эрон дар талош аст, 8000 мушак бо бурди кофӣ барои расидан ба Исроил зарфи се сол тавлид кунад ва ба ҳамин далел бояд ин зарфиятҳо аз байн мерафт. Ин ки то чӣ андоза муваффақ шудем, ҳеч гузорише дарёфт накардем. Бинобар ин шояд таҳдиди фаврӣ набошад, аммо метавонад сенарияи тарснок бошад, ки дар он авзоъ ногаҳон ба сӯйи ташдиди даргирӣ биравад.”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бозкушоии сафорати Деҳлӣ дар Кобул
Таҳлилгари саҳюнист: Ҷанги Эрон ва Исроил қатъӣ аст

Матолиби пурбоздид