Мақоми олмонӣ: Як қадам бо ҷанги ҷаҳонӣ фосила дорем
Вазири хориҷаи собиқи Олмон: “Як қадам бо ҷанги ҷаҳонӣ фосила дорем”
Ахбори байналмилал
Bild
Йошка Фишер, вазири хориҷаи собиқ ва муовини собиқи садри аъзами Олмон, гуфт: “Даргириҳо дар Ғазза ин зарфиятро дорад, ки кулли минтақаро вориди ҷанг кунад ва дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки мо як қадам бо ҷанги ҷаҳонӣ фосила дорем.
Ба гузориши Bild, Фишер дар изҳороте афзуд: “Талош барои тағйири мувозанаи қудрати ҷаҳонӣ ва эҷоди назми байналмилалии ҷадид, ҳаргиз бидуни хушунат сурат нагирифтааст.”
Вазири хориҷаи собиқи Олмон гуфт: “Ин мавзӯъ сабаб мешавад, то лаҳни қудратҳои бузург нисбат ба якдигар таҳоҷумитар ва нигаронкунандатар шавад.”
Вай дар идома, бо баёни ин ки дар ҳоли ҳозир хатари даргирии низомӣ дар баҳри Чин ва тангаи Тойвон дар ҳоли афзоиш аст, афзуд: “Дар он даргирии эҳтимолӣ, абарқудратҳои Омрико ва Чин ба таври мустақим бо якдигар даргир хоҳанд шуд.”
Фишер дар идома, ба ҷанги Русия ва Укройн ишора кард ва гуфт: “Амалиёти низомӣ, ки Русия дар феврали соли гузашта дар Укройн оғоз кард, аввалин мушкиле буд, ки сулҳи ҷаҳониро бо бӯҳрон мувоҷеҳ кард.”
Вай афзуд: “Ҳамчунин даргириҳои кунунӣ дар Ғазза ин зарфиятро дорад, ки кулли минтақаро вориди ҷанг кунад ва дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки мо як қадам бо ҷанги ҷаҳонӣ фосила дорем.”
Ба гуфтаи Фишер, он чи мо имрӯз мебинем, танҳо бозмондае аз дунёи бидуни назм аст.
Bild
Қаламонлайн