Ҳусиҳо омодаи ҷанг бо Омрико мешаванд

Ҳусиҳо омодаи ҷанги тӯлонимуддат бо Омрико мешаванд

 Тунел‏‏ҳои сиррӣ дар кӯҳистонҳои Яман

Ахбори байналмилал

Гузорише дар хабаргузории Bloomberg:

Ҳусиҳо (Ансоруллоҳи Яман) дар ҳоли афзоиши қобилиятҳои низомӣ ва дифоъии худ барои идомаи ҳамалот дар баҳри Сурх ҳастанд. Иқдомоти ин гурӯҳ шомили тақвияти махфигоҳҳои кӯҳистонӣ дар ҷиҳати партоби мушак ба шевае эминтар ва муассиртар ва озмоиши абзорҳои ҷангии бидуни сарнишин аст, ки метавонанд ба шакли ҳавоӣ ва дар зери об мавриди истифода қарор бигиранд.

Яке аз мушовирони давлати Арабистон ба Bloomberg эълом кард, ин кишвар нигарони ҳар гуна иқдоми Ҳусиҳо барои осеб расондан ба кобли интернет мустақар дар бистари баҳр аст. Ба таври маъмул, ҳудуди 30 дарсад аз рафту омади киштиҳои ҷаҳон аз тариқи баҳри Сурх анҷом мешавад ва дар ҳар сол, колоҳое ба арзиш беш аз як триллион доллар аз ин оброҳи фавқулъода муҳим убур мекунанд.

Бо иқдомоти Ҳусиҳо дар баҳри Сурх аз моҳи ноябр, Омрико ва Ангилис аз миёнаҳои январ бар зидди Ҳусиҳо ҳамалоти ҳавоӣ анҷом медиҳанд ва Пентогун иддао карда, ки дар натиҷаи ин ҳамалот, қобилиятҳои низомии ин гурӯҳ заъиф шудааст.

Ҳусиҳо барои берун рондани Омрико аз Ховари Миёна, дар чанд ҳафтаи гузашта мавозеъи худро дар се минтақаи кӯҳистонӣ тақвият кардаанд. Ин гурӯҳ сангарҳо ва тунелҳои бештареро дар кӯҳҳои шимоли ғарбии Санъо, воқеъ дар марзи Арабистони Саудӣ ва мушриф ба баҳри Сурх ва ҳамчунин дар атрофи қуллаҳои Яман ҳафр кардааст.

Чаҳор манбаъи огоҳ ба Bloomberg гуфтанд, ки ин маконҳои дурдаст ва ноҳамвор барои махфӣ кардани захоири мушакӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва манотиқи кӯҳистонӣ бо баландии беш аз 2 ҳазор метр имкони ҳадафгирии киштиҳо дар нуқоти дурдсттар аз ҷумла халиҷи Адан ва баҳри Арабро фароҳам мекунанд.

Ҳамчунин Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, рӯзи панҷшнба дар як суханронӣ эълом кард, ки силоҳи зердарёиро вориди рӯёрӯӣ дар баҳри Сурх кардаанд. Ба гузориши Исно, вай гуфт: “Ин силоҳе аст, ки душманро нигарон мекунад. Амалиёти мо алайҳи аҳдоф Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ болиғ бар 183 мушак ва паҳпод будааст. Ба рағми ҳамаи фиребкориҳои омрикоиҳо ва тавоноиҳои бузурги онҳо, ҳанӯз дар ҳоли ба даст овардани иттилооти дақиқ дар бораи киштҳо дар баҳри Сурх ҳастем.”

Ба гуфтаи Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, омрикоиҳо натавонистанд мушакҳоро раҳгирӣ кунанд ва натавонистанд аз исобати онҳо ба киштиҳо ҷилавгирӣ кунанд. Вай таъкид кард: “Амалиёти мо дар баҳри Сурх, баҳри Араб, халиҷи Адан ва тангаи Бобулмандиб идома дорад ва онро афзоиш хоҳем дод.” Ин мақоми яманӣ изофа кард: “Муҷоҳидони мо таҷҳизоти ҷосусии сойти “Баракат ришо”-ро бо силоҳҳои муносиб ҳадаф қарор доданд ва мустақиман ба онҳо зарба заданд.”

Вай афзуд: “Ҷабҳаи Ҳизбуллоҳи Лубнон, бисёр бузург, фаъол ва муассир аст ва хасороти азиме ба душман ворид кардааст. Размандагони ироқӣ ба рағми ҳамалоти Омрико, ба амалиёти худ алайҳи саҳюнистҳо идома медиҳанд. Теъдоди киштиҳои мавриди ҳадаф дар баҳрҳои Сурх ва Араб, ба 48 киштӣ расид. Дар ҷабҳаи Яман, мо тамоюл ба ташдиди амалиёт доштем, дар ҳоле, ки душман тамоюл ба ташдиди бештар дар навори Ғазза дошт.”

Вай ҳамчунин гуфт: “13 амалиёт дар ҳафтаи гузашта анҷом додаем, ки яке аз ин амалиётҳо, ғарқ кардани як киштии ангилисӣ буд, душман қодир ба ҷилавгирӣ аз амалиётҳои дарёии мо нест. Омрико пас аз он ки новгонаш дар баҳри Сурх ва баҳри Араб ҳадаф воқеъ шуд, худро дар тангно дид. Амалиётҳои дарёии мо боиси таваққуфи 40 дарсад аз тиҷорати дарёии режими Исроил шудааст.” Иқдомоти Ҳусиҳо алайҳи киштиҳои тиҷорӣ мунҷар ба ихтилол дар тиҷорати дарёӣ дар баҳри Сурх шуда ва бо посухи низомии Омрико ва бархе аз муттаҳидонаш мувоҷеҳ шудааст.

Bloomberg

Қаламолайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

 Эрон чаро аз Амрико мутанаффир аст?
Суханронии таърихии Никита Хрушов

Матолиби пурбоздид