Мо ба зоҳир ҳукм мекунем ва Худованд ботинҳоро сарпараст аст

Мо ба зоҳир ҳукм мекунем ва Худованд ботинҳоро сарпараст аст

Мавлоно фармояд: “Одамиён дар андаруни дил аз рӯйи ботин муҳибби Ҳаққанд ва толиби ӯянд ва ниёз бад-ӯ доранд ва чашмдошти ҳар чизе аз ӯ доранд ва ҷуз вайро бар худ қодир ва мутасарриф намедонанд. Инчунин маънӣ, на куфр асту на имон ва онро дар ботин номе нест. Аммо чун аз ботин сӯйи новдони забон он оби маънӣ равон шавад ва нақшу иборат шавад, ин ҷо номаш куфру имон ва неку бад шавад. Ҳамчунон ки наботот аз замин мерӯянд, дар ибтидои худ сурате надоранд ва чун рӯй ба ин олам меоваранд, дар оғози кор латифу нозук менумояд ва сафедранг мебошад (ва) чандин ки ба ин олам қадам пеш мениҳад ва сӯйи олам меояд, ғализ ва касиф (мегардад) ва ранге дигар мегирад.

Аммо чун мӯъмину кофир ҳамнишинанд, чун ба иборат чизе нагӯянд, ягонаанд. Бар андеша гирифт (бозхост) нест ва даруни олам озодист; зеро андешаҳо латифанд, бар эшон ҳукм натавон кард, ки:

نَحْنُ نَحْکُمُ بِالظَّاهِرِ وَاللهُّ یَتَوَلَّی السَّرَائِر

(Мо ба зоҳир ҳукм мекунем ва Худо худ ботинҳоро сарпараст аст.)”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, саҳ.167-168)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рамазон – баҳори Қуръон
Осори гуноҳон

Матолиби пурбоздид