Ба расмият шинохтани давлати Фаластин тавассути Норвеж

Ба расмият шинохтани давлати Фаластин тавассути Норвеж
Ахбори байналмилал
Guardian: Порлумони Нурвеж (Норвегия) барои ба расмият шинохтани давлати Фаластин омода мешавад
Порлумони Нурвеж (Норвегия) мегӯяд, барои ба расмият шинохтани давлати Фаластин омодааст.
Ба гузориши Guardian, порлумони Нурвеж қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он аз давлат мехоҳад барои ба расмият шинохтани кишвари мустақилли Фаластин омода бошад. Ин пешниҳод тавассути эътилофи ҳокими Нурвеж барои муқобала бо қатъномаи аҳзоби кучактар мабнӣ бар ба расмият шинохтани фаврии кишвари Фаластин матраҳ шудааст.
Ин қатънома, ки бо аксарияти қотеъи порлумон тасвиб шуд, аз давлат мехоҳад, ки омодаи ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони як кишвари мустақил бошад он ҳам дар замоне, ки ба расмият шинохтан метавонад таъсири мусбате бар раванди сулҳ дошта бошад, бидуни ин ки тавофуқномаи сулҳи ниҳоиро шарт кунад.
Ин иборат ба ин маънӣ аст, ки дар ояндаи наздик имкони шиносоӣ вуҷуд надорад, аммо нишонае аз нигаронӣ дар мавриди ҷанги Ғазза дар маҷомеъи миллии саросари Урупо аст. Исланд, Суэд (Шветсия), Лаҳистон (Полша), Чек (Чехия) ва Румонӣ (Руминия) аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки қаблан як кишвари фаластиниро ба расмият шинохтаанд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

 Ифшои иттилооти пойгоҳи низомии Амрико дар Юнон
Посух ба як шубҳа дар бораи дуо

Матолиби пурбоздид