Монеи илму ҳунар аммома нест
Лутфан, зоҳирбин набошем!
Бисёре аз мо, бо вуҷуди он ки ба забон зоҳирбиниро сарзаниш мекунем, аммо дар амал зоҳирбинем дар ҳоле, ки худамон мутаваҷҷеҳ нестем.
Масалан, ин гумон ва пиндор, ки зоҳири инсон ҳикоятгари воқеият ва моҳияти ӯст, боваре аст, ки нохудогоҳ домани бисёре аз моро гирифта ва ба он мӯътақидем.
Магар на ин аст, ки зоҳири яманиҳо гӯламон задааст ва хелеҳоро мебинед, масхараашон мекунанд?! Аммо ҳамин побараҳнаҳо пешрафтатарин текнулужиҳоро доранд, мунтаҳо чашми ману шумо ба зоҳири онҳост ва довариҳоямон ҳамеша аз рӯйи зоҳири онҳо, фикр мекунем одами пешрафта зоҳири шик дорад! Ҳамин ақида аст, ки моро нобуд карда.
Омору арқом то ин соат гӯёи он аст, ки Ҳусияҳои побараҳна – ки шумо барояш механдед – падари Омрико ва Исроилро даровардаанд, мунтаҳо расонаҳояшон мисли ҳамеша пинҳон мекунанд. То ба ин соат, 22 паҳподи пешрафтаи омрикоиҳо (MQ-9), ки ҳар як ҳудуди 30 миллион доллар қимат дорад, тавассути Ҳусияҳо соқит шуда. Мушакҳои ҳамин побараҳнаҳо Исроилро доғун карда, мунтаҳо чун медонанд, ки ақли аксари мусалмонҳо чашмашон аст, инҳоро эълон намекунанд ва мо низ нохудогоҳ таҳти таъсири ин расонаҳо мондаем ва ҳарфи онҳоро “ваҳйи мунзал” медонем.
Гӯ ин ки ин гуфтаи Иқболро ҳанӯз дарк накардаем:
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеи илму ҳунар аммома нест.
Илму фанро эй ҷавони шӯхшанг,
Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.
Сайидюнус Истаравшанӣ
Қаламонлайн