Мор ва деҳқон

Адаб

Мор ва деҳқон

Қиссаҳои омӯзанда

Рӯзе рӯзгоре деҳқоне дар як ободӣ зиндагӣ мекард. Деҳқон марди бисёр меҳрубону дилсӯз буд.

Дар яке аз рӯзҳои зимистон, ҳангоми бозгашт аз мазраа, дар канори роҳ мори яхзада ва беҷоне дид. Деҳқон дилаш ба ҳоли мор сӯхт ва гуфт: Бечора аз сармо мемирад, бояд кӯмакаш кунам.

Ӯ морро бо дастони худ бардошт ва дар остини либосаш гузошт то гарм шавад. Мор кам-кам ҷон гирифт, чашмонашро боз кард ва ба худ омад. Аммо ҳамин ки қувват гирифт, бо неши заҳрогин, деҳқонро газид!

Деҳқон дар ҳоле ки аз дард ба замин афтода буд, бо садои заифе гуфт: Ман туро аз марг наҷот додам, чаро ин корро бо ман кардӣ?

Мор посух дод: Ман морам, неш задан дар табиати ман аст. Набояд аз море интизори меҳрубонӣ дошта бошӣ, ҳатто агар ба ӯ некӣ карда бошӣ.

***

Панди қисса:

Дар зиндагӣ, ҳамеша бо шафқату меҳрубонӣ рафтор кунем, аммо ҳаргиз табиат ва сиришти воқеии дигаронро нодида нагирем. Бархе мавҷудот – ё инсонҳо – ҳатто дар баробари некӣ ҳам неш мезананд.

Доноӣ дар он аст, ки хубиро бо ҳушёрӣ ҳамроҳ бисозем.

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Агар мехоҳед ҳамеша олӣ бошед…
Қонуни зиндагӣ

Матолиби пурбоздид