Мудирияти беҳтари умур бо назм
Муҳимтарин фоидаҳои назм дар зиндагӣ:
Доштани назми шахсӣ таъсироти худро бар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии худ мегузорад ва бар афкор ва ҳатто рафтор бо дигарон низ муассир аст.
Навъи нигоҳи дигарон дар бархурд бо чунин фарде ҳамеша мутафовит ва хос аст ва дигарон бо эътимоди бештаре ба инсон нигоҳ мекунанд.
Муҳимтарин фоидаҳои назм дар зиндагӣ:
Истифодаи муфид аз замон ва фурсатҳои зиндагӣ
Мудирияти беҳтари зиндагӣ
Барномарезии беҳтар барои расидан ба ҳадафҳо
Афзоиши эътимод ба нафс ва худбоварӣ, афзоиши иззати нафс ва истиқлол дар зиндагӣ
Робитаи беҳтар бо дигарон
Коҳиши изтироб
Тасаллут бар корҳо ва умури мухталиф.
***
Роҳҳои афзоиши назми шахсӣ дар зиндагӣ:
Ёддошт кардан
Кори имрӯзро ба фардо нагузоштан
Ҳар чизеро сари ҷои худ гузоштан
Барномарезӣ барои масоили сода
Ташвиқ кардани худ
Эътимод ба дигарон.
Риояти назму интизом дар анҷоми ҳамаи корҳо ва дар муҳитҳои гуногун лозим ва зарурист.
Дар сурате ки битавонед назми шахсӣ дошта бошед, ба беҳдошти ҷисмӣ ва равонии худ кӯмаки бисёре мекунед ва аз ҳар гуна стрессу изтироб дур хоҳед буд.
Барои доштани назм, лозим аст, ки аз қадамҳои кучак оғоз кунем то ба мурур, назм дар мо ниҳодина шавад.
Агар дар зиндагӣ назм дошта бошед, бовар дошта бошед, ки ба ҳама чизҳое, ки бихоҳед, мерасед ва муваффақияти шумо тазмин хоҳад шуд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: