Музокироти Русия ва Тоҷикистон дар бораи тавсиаи майдонҳои нафту газ дар кишвар

Музокироти Русия ва Тоҷикистон дар бораи тавсиаи майдонҳои нафту газ дар кишвар

Ахбори минтақа

Русия ва Тоҷикистон музокироти фаъолро ҷиҳати рушду истифодабарии конҳои нафту газ дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз намудаанд.

Дар ин бора дар ҷараёни мулоқоти Александр Новак, муовини Сарвазири Федератсияи Русия, бо Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳошияи Ҳафтаи энержии Русия баргузор шуд, иттилоъ дода шуд.

Ҷониби Русия изҳор дошт, ки музокирот оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди конҳои нафту газ дар Тоҷикистон идома дорад ва ҳарду тараф барои ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ кардаанд.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳқиқоти ҷадид: Ҳатто камтарин миқдори машруботи алкулӣ хатари заволи ақлро афзоиш медиҳад
Сарбози озодшудаи исроилӣ: “Ҳамос ба ман иҷоза медод намоз бихонам ва Таврот бароям таҳия кард”

Матолиби пурбоздид