Музокироти Эрон ва Амрико дар роҳ аст
Ахбори байналмилал
Вазири хориҷаи Эрон: “Музокироти Эрон бо Амрико рӯзи шанбе дар “сатҳи олӣ” анҷом мешавад”
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаи Х навишт:
“Эрон ва Омрико рӯзи шанбе дар Уммон барои музокироти ғайримустақим дар сатҳи олӣ дидор хоҳанд кард. Ин ба ҳамон андоза, ки як фурсат аст, як озмун ҳам ҳаст. Тӯб дар замини Амрикост”.
Ироқчӣ гуфтанист, ки ҳоло аксуламали Амрикоро мунтазир ҳастем, ки бубинем чӣ гуна рафтор хоҳад кард.
x.com
Қаламонлайн