Мусалмон шудани фаъоли машҳури омрикоӣ ва ҳамсараш дар аввалин рӯзи моҳи Рамазон

Мусалмон шудани фаъоли машҳури омрикоӣ ва ҳамсараш дар аввалин рӯзи моҳи Рамазон

Ахбори Ҷаҳони Ислом

Fararu

Бо оғози моҳи Рамазон, Шон Кинг, фаъоли омрикоӣ, ки ба ҳимоят аз аҳдофи башардӯстона шӯҳрат дорад, дар масҷиди дар Тегзос ба ҳамроҳи ҳамсараш ба дини ислом гаравид.

Ҷефри Шон Кинг (Jeffery Shaun King), нависанда ва фаъоли расонаии омрикоӣ, ки ба далели ҳимоят аз мардуми Фаластин ва мавозеъи зидди исроилии худ машҳур аст, бо интишори видеое, аз мусалмон шудани худ ва ҳамсараш ҳамзамон бо аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон хабар дод.

Ба гузориши Фарорӯ, Шон Кинг, фаъоли омрикоӣ ва ҳамсараш рӯзи душанбе (11 март) ҳамзамон бо аввалин рӯзи моҳи мубораки Рамазон, пас аз илҳом гирифтан аз муқовамати мардуми Ғазза дар баробари наслкушии Исроил алайҳи онҳо, ба дини ислом гаравиданд.

Вай ба ҳамроҳи ҳамсараш Рэй Кинг бо ҳамкории Умар Сулаймон, фаъоли исломии фаластинитабор дар видеои зинда, шаҳодатайн гуфтанд ва ба дини мубини ислом мушарраф шуданд.

Кинг дар ёддошти худ навишт: “Ман ва ҳамсарам ҳамакнун баъд аз намози ъишо (хуфтан) дар масҷидамон дар минтақаи Далас дар аёлати Тегзос ба манзил баргаштем. Дар масҷид шаҳодатайнро гуфтем ва ҳамзамон бо оғози моҳи мубораки Рамазон ба ислом мушарраф шудем. Рӯзи зебо ва қавӣ ва маънодоре барои мо буд, ки ҳаргиз онро фаромӯш намекунем.”

Вай афзуд: “Бо шумо, мусалмонон намоз мехонам, ин субҳ ҳамроҳ бо беш аз як миллиард мусалмон дар ҷаҳон, рӯзаро шурӯъ мекунем.”

Fararu

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Неруи мусаллаҳи муздурони исроилӣ дар Ғазза
Расонаи исроилӣ: Эрон бояд ба шаш кишвар таҷзия шавад

Матолиби пурбоздид