Мутолиа
Мутолиа – сармояи заволнопазирест, ки ба василаи он хеле чизҳоро метавон харид ё сохт.
Бо мутолиа метавон биноҳое сохт, ки ҳазорон сол побарҷо бошад.
Дар бораи мутолиаи хуб Ниче мегӯяд: “Зимни мутолиа саъй кунед монанди сайёде чирадаст ба сайди афкори хуб биравед ва афкори кӯҳнаву пӯсидаро яксара ба дур андозед”.
Ба василаи мутолиа метавон аз таҷрибаҳо ва андӯхтаҳои дигарон истифода намуд.
Бо равиши улгубардорӣ ва моделсозӣ, дар вақт ва сармоя низ сарфаҷӯӣ мешавад; мағзи шумо бо мағзи дигарон иртибот пайдо мекунад ва бад-ин васила роҳи муваффақиятро зудтар ва саҳлтар пайдо мекунед.
(tebyan)