Муҳаммад(с) – хушрафтортарини инсонҳо
«Барои комил кардани арзишҳои ахлоқӣ фиристода шудаам»
Ба муносибати милоди босаодати Паёмбари Акрам(с)
Паёмбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармуд:
“Беҳтарини шумо хушрафтортарини шумо бо хонаводаи хеш аст ва ман хушрафтортарини шумо бо онҳоям. Ҷуз каримон занонро такрим намекунанд ва ҷуз инсонҳои паст ба занон иҳонат наменамоянд.” (Мухтасари Таърихи Димишқ, 7/50);
Мефармуд: “Комилтарини мӯъминон аз назари имон, хушахлоқтарини онҳост.” (Туҳаф-ул-уқул, 47);
Мефармуд: “Дар бахшиш миёни фарзандони духтар ва писар, баробариро риоят кунед. Агар мехостам якеро бар дигарӣ бартарӣ диҳам, духтарон буданд.” (Ҷомеъ-ус-сағир, 2/282);
Мефармуд: “Ҳамоно барои комил кардани арзишҳои ахлоқӣ фиристода шудаам.” (Ҷомеъ-ус-сағир);
Мефармуд: “Ҳамоно барои таълим ва ёддиҳӣ фиристода шудаам.” (Мунятул-мурид, 10);
Мефармуд: “Аз зулм кардан бипарҳезед, ки дар рӯзи қиёмат сабаби зулумот ва торикиҳо мешавад.” (Усули Кофӣ, 2/332);
Мефармуд: “Ҳаққи мусофир бар ҳамсафарон ин аст, ки агар бемор шуд, се рӯзро ба хотири ӯ таваққуф дошта бошанд.” (Усули Кофӣ, 2/670);
Мефармуд: “Мудоро кардан бо мардум, ниме аз имон аст ва мулойимат ва рифқ бо онон, ниме аз хушии зиндагӣ мебошад.” (Усули Кофӣ, 2/117).
Қаламонлайн