Муҳосараи бемористони Ашшифои Ғазза тавассути низомиёни саҳюнист

Муҳосараи бемористони Ашшифои Ғазза тавассути низомиёни саҳюнист
Оксигени мавҷуд дар бемористон комилан тамом шудааст
Ахбори байналмилал
Раиси бемористони Ашшифо дар Ғазза авзоъи фоҷеабори ин бемористонро тавсиф ва таъкид кард, ки қонуни ҷангал ҳам иҷозаи чунин ҷиноётеро намедиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммад Абӯсилмия, раиси бемористони Ашшифо дар Ғазза, авзоъи ин бемористонро фоҷеабор тавсиф кард ва гуфт: “Афроди ҳозир дар бемористон, аз ташнагӣ фарёд мезананд.”
Абӯсилмия бо ишора ба ин ки тирандозии низомиёни саҳюнист ба самти бемористон ҳамчунон идома дорад, таъкид кард: “Ҳеч кас наметавонд аз сохтмон ба сохтмони дигар биравад. Иртиботи мо бо ҳамкоронамон қатъ шудааст.”
Вай бо баёни ин ки паҳподҳои исроилӣ бевақфа дар ҳоли парвоз бар рӯйи бемористон ҳастанд, тасреҳ кард: “Низомиёни саҳюнист дар бахшҳо дар ҳоли гаштзанӣ ҳастанд ва чанд ҷанозаро бо худ бурдаанд. Мо ҳудуди 80 ҷанозаро дар саҳни бемористон дафн кардаем.”
Ин мақоми фаластинӣ хотирнишон кард: “Оксигени мавҷуд дар бемористон комилан тамом шудааст. Достонсароиҳои исроилӣ дар бораи вуҷуди силоҳ дар бемористон, кизби маҳз аст. Аз дохили бемористон, як гулӯла ҳам ба самти нерӯҳои Исроил шиллик нашудааст. Пас афроди мусаллаҳ (вобаста ба муқовамат) куҷо ҳастанд?”
Абӯсилмия ҳамчунин гуфт: “Ҳатто қонуни ҷангал ҳам иҷоза намедиҳад вазъияте монанди бемористони Ашшифо рух диҳад. Тонкҳои исроилӣ ҳамчунон бемористонро муҳосара кардаанд. Беш аз 650 бемор ва 5 ҳазор овора дар бемористон мустақар ҳастанд. Бемористон комилан дар муҳосара аст ва Исроил хатти аслии лӯлаи обро низ мунҳадим кардааст.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми фармондеҳи Сипоҳи Эрон ба фармондеҳи гурдонҳои Қассом
Беаҳамиятӣ ва бетаваҷҷуҳии Исроил ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ

Матолиби пурбоздид