Навиштаҳои фалсафӣ

Навиштаҳои фалсафӣ

Луқмон Бойматов

Ҷанг ва сулҳ дар ҳикмати торих

Замони мо барои ворисон, табдил ба гузашта хоҳад шуд. Чун гузашта гарчӣ барои мо гузашта аст, вале барои муосиронаш замони ҳол будааст. Пас, вазифаи наслҳост, ки гузашта ва ҳолро барои ояндагон амонат бигузоранд ва ояндагон барои ворисонашон. Ҳифзи торих ва пос доштани ёди неки гузаштагон, яке аз вазоифи аслии ҷомеа аст. Бозшиносӣ ва бозсозии фарҳанги солим ва ҷаҳди фаровон барои оянда, дар воқеъ ҳамон ҳифзи торих ва пос доштани ёди гузаштагон аст.

Оянда ҳарчӣ ҳаст, ҳамеша наздик ва дар пеши рӯй аст; чун гузашта пушти сари мост, нигариши мо ба гузашта бояд барои бунёди саодати оянда бошад.

Мардуме, ки аз ҳикмати торих хуб огоҳанд, ҳамеша бо ёди гузаштаи хеш ва ҳол тақдирро устувор месозанд ва ояндаро умедбахш менамоянд.
Торих махзани бузург ва ганҷи нодири маънавият аст, адабиёт, фарҳанг, ирфон ва фалсафа низ аз зумраи неъматҳо ва ганчҳои ториханд. Хато нахоҳад буд, агар бигӯем, ки беҳтарин бозгӯкунандаи моҳияти ҷанг ва сулҳ торих аст. Моҳият ва мазомини камии ҷангҳо, дар махзани торих қарор гирифтаанд. Ва фақат ҳикмати торих аст, ки тамоми сифоти ҷанг ва сулҳро барои инсон ошкор менамояд. Ба ин хотир, фалсафаи торихро набояд фалсафаи кучаке пиндошт.

Торих шоҳид аст, ки дар зиндагии инсонҳо, ҷангу хунрезӣ ҳамвора будааст. Мутаассифона акнун ҳам ин сифот, бо анвоу анҳои мухталиф вуҷуд дорад, мардум, ки ҳанӯз ҳам огоҳ нестанд, аз ҷаҳл, ҳаққу ҳақиқатро поймол мекунанд. Чун хиради инсон ниёз ба такомул дорад, саъй мекунад тамоми аносури бадӣ, мабдаъ ва заминаҳои тафаккури хусуматангезро аз байн барад. Торихи башар, нишонгари он аст, ки ҳамаи ҷангҳо, аз батни ҷаҳолат бархоста ва ба иллати иштибоҳи ақл, табдил ба модари фоҷеа шудааст, аз ин рӯ, заковат ва руҳи ҷомеаро набояд тира кард. Зеро аз ноогоҳӣ, ҷомеа мунҳариф хоҳад шуд. Торихи тамоми ҷангҳо нишон медиҳад, ки дар замони ҷанг, марги нобаҳангом ба як ҳодисаи ом табдил мешавад. Чун ҳама гуна ҷангҳо натиҷаи иштибоҳи ақл аст ва ин иштибоҳ ҳаққу ҳақиқатро поймол мекунад.
Ҷанги озодихоҳӣ агарчӣ ҷанг аст, аммо дар зоти худ, муқаддас аст. Чаро ки барои талоши ниҳоии ақлу хирад ҷиҳати маҳву нобудии нируи бадӣ ва фасод ва барои ҳифозат ва ҳимоят аз сулҳу сафо, барои вуҷуди зиндагӣ ва шодӣ ва баҳри саодати одамиён барои пок нигаҳ доштани замину осмон аст.

Торих вазифаи худ медонад, то дар батни худ созандагон ва ҳомиёни сулҳу сафо ва ҳофизони саодати инсонро парвариш диҳад.
Ба таври табиӣ ҳар насл дорои ормоне ҷасур ва фидокори роҳи осоиш ва озодист. Тавассути ҳамин ҷасоратҳо ва фидокориҳои қаҳрамонон аст, ки дар ҷавомеъ сулҳу сафо, оромиш ва рушду шодкомӣ падидор мешавад. Миллате, ки маҳрум аз вуҷуди афроди фидокор аст, қатъан ба саодату озодӣ нахоҳад расид. Замоне ки чароғи ҷасорат ва дилсӯзӣ хомӯш мешавад, ҳақкушӣ авҷ мегирад ва беҳуқуқӣ худ заминасози тахриби сулҳу сафост. Торих ҳамчунин собит кардааст, ки адами сулҳу сафо боиси ба вуҷуд омадани фоҷиаҳои ҷадид мешгавад. “Ҷое, ки сафо нест, ҷафо хоҳад буд”. Торих шоҳид аст, ки инсон маъно, қадр ва манзалати сулҳу осоишро фақат ва фақат ҳамнгоми ҷангу ҷидол ба таври ҷиддӣ эҳсос мекунад. Вай дар замони пойдории сулҳу сафо ба аҳамияти он чандон таваҷҷӯҳе надорад. Ба ин иллат аст, ки ҳанӯз заминаи ҷангҳои ҷадид, хурду калон, миллӣ ва мазҳабӣ, низоъҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз миён бардошта нашудааст. Метавон гуфт, ки: бузургтарин хатар барои дарҳам шикастани сулҳу сафо, ҳамон бетаваҷҷӯҳии ҷомеа нисбат ба сарнавишти худ ва қадру манзалати сулҳу сафо, дар замони сулҳу оромиш аст. Инсон бояд мутаваҷҷеҳи аҳвол ва ҷомеаи худ бошад то ҷафо ва ҷангу бадбахтӣ ҷойгузини сафову сулҳ ва саодат нашавад, зеро ки торих саросар мактаби ибрат аст ва ҳикматаш чароғи роҳи оянда.

(Маҷмӯаи “Озодии гумшуда”, Луқмон Бойматов)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳазрати Иброҳим(а) ва занбури асал
Бойден бо сарони Осиёи Миёна мулоқот мекунад

Матолиби пурбоздид