Наврӯз
Рустам Ваҳҳоб
(дар ҳошияи тақвим)
Наврӯз рӯзи хилқати Инсон аст,
Рӯзи кушудани дари кайҳон аст.
Рӯзи шукуфтани гули Хуршед аст,
Рӯзи таваллуди маҳи Обон аст.
Наврӯз рӯзи тантанаи уммед,
Наврӯз рӯзи рӯйиши имон аст.
Рӯзи фуруд омадани фарвар,
Рӯзи фароз омадани Ҷон аст.
Наврӯз рӯзу соати мисоқ аст,
Ёдовари нахустин паймон аст.
Наврӯз рӯзи шустани лавҳи дил
Аз нақшҳои ботили шайтон аст.
Донӣ, чаро ба суфраи наврӯзӣ
Ойина дар баробари Қуръон аст?
То ки ба рӯйи хеш назар созӣ,
Рӯйи ту низ Мусҳафи Яздон аст.
Рӯзи фурӯғи ҷоми ҷаҳонбин аст,
Пайдоии нигини Сулаймон аст.
Шерозбанди маърифати Тӯрон,
Ойинаи тамаддуни Эрон аст.
Наврӯз рӯзи бастани Заҳҳок аст,
Рӯзи фирори галлаи девон аст.
Рӯзе, ки бод роиҳаи минуст,
Ҳар шоха хушку тар ҳама райҳон аст.
Рӯзе, ки бо сухан натавон нозид,
Рӯзе, ки обу хок ғазалхон аст.
Рӯзе, ки баршумурдани авродаш
Дилсӯзтар зи чомаи Ҳассон аст.
Гар кор бандӣ, ин ҳама тадбир аст
В-ар ноз ҷӯйӣ, он ҳама афсонаст.
Наврӯз рӯзи адлу сахову ҷуд,
Наврӯз ҳамсиришти мусулмон аст.
Ҳар чиз ки Худо написандад, нест,
Маҷмӯаи худойписандон аст.
Наврӯз рамзи давлати Сомонист,
Кори ҷаҳон аз он чу ба сомон аст.
Рӯзе, ки ҳар куҳан бишавад тоза,
Дар бостон таровати бустон аст.
Боғи Нишоти хуррами Кашмир аст
Ҳар ҷой, ки шикаста биёбон аст…
***
Бозой, эй фариштаи фаррухпай,
Бозой, эй ки дар қадамат ҷон аст.
Бозой, ки ситода ба сад уммед
Дар остонаи ту кӯҳистон аст.
Минои субҳу он шафақ и рангин
Дар обгина лаъли Бадахшон аст.
Бозо ба даштҳои ҳазороняшт
Аз сабза сад саҳифаву девон аст.
Бозову хуш хиром ба лоластон,
Ҳар лола як пиёлаи паймонаст.
Ранги дигар маҷӯй аз ин лола,
Якранг чун шаҳодати Нӯъмон аст.
Ҷони ҷаҳон ба домани ту бастаст,
Имрӯз, ки ҷаҳонт ба фармон аст.
Милоди ту валодати фарҳанг аст,
Оғози ту муқаддами Зарвон аст.
Рӯзи заволи салтанати зулмат,
Рӯзи ҷалоли Оли Хуросон аст.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: