Намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон баргузор шуд
Ахбори минтақа
Ёздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон рӯзи сешанбе ифтитоҳ шуд.
Дар маросими расмии ифтитоҳи иннамоишгоҳ, муовини вазири фарҳанги кишвар ва намояндагони сафорати кишварҳои Эрон, Русия, Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон дар маҳалли Осорхонаи миллӣ ширкат намуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон бо ҳузури ҳашт кишвари хориҷӣ ва мушорикати 50 ношир аз кишварҳои мухталиф, аз 3 то 5-октябри 2023 баргузор гардид ва Русия меҳмони вижаи ин давра аз намоишгоҳ аст.
“Хонаи китоб ва адабиёти Эрон” дар ғурфаи намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо арзаи 800 унвон китоб дар мавзӯоти адабиёти классик ва муосир, шеъру достон ва китобҳои муртабит бо маорифи исломӣ, торих ва зиндагии Паёмбари Акрам(с) дар ин намоишгоҳ ширкат намуд.
Сомонаи Қаламонлайн