Нахуствазири Банглодеш бар асари эътирозот, бо дуздидани миллионҳо доллар, аз кишвар фирор кард
Ахбори байналмилал
Шайх Ҳасина, нахуствазири Банглодеш, дар авҷи эътирозот дар ин кишвар, ки хостори истеъфои ӯ шуда буданд, Даккаро ба мақсади Ҳинд тарк ва фирор кард.
Ин хонуми нахуствазир, яъне Шайх Ҳасина Воҷид, дар пайи эътирозоти мардумӣ, аз кишвараш фирор кард.
Ба навиштаи расонаҳои банглодешӣ, нахуствазири фирорӣ, миллионҳо дулор аз хазонаи давлат бардошта ва бо худ бурдаст.
Фаъолони банглодешӣ, фирори эшонро дуруст шабеҳи фирори оқои Ашраф Ғанӣ медонанд, ки вай низ миллионҳо дулор аз хазонаи давлат бардошта фирор карда буд.
Қаламонлайн