Нақши ҳукуматҳо дар ҳидоят ва гумроҳии мардум

Нақши ҳукуматҳо дар ҳидоят ва гумроҳии мардум

Масъалаи ҳукумат як масъалаи асосӣ ва муҳим ва дараҷаи аввал дар ислом аст. Намешавад нисбат ба масъалаи ҳукумат ва ҳокимият беэътино ва бетафовут буд. Нақши ҳукуматҳо ҳам дар ҳидояти мардум ё дар гумроҳ кардани мардум, амрест, ки таҷрибаи башар ба он ҳукм мекунад. Ин ки дар низомномаҳои исломӣ ва маорифи исломӣ бар масъалаи мудирияти исломӣ такя мешавад, ба хотири ҳамин решаи бисёр амиқ аст, ки дар ислом нисбат ба ҳамин масъала ҳаст. Ин як нукта аст, ки набояд аз назар дур бошад.

Дар ривоёти исломӣ ба ин мазмун ҳадисе нақл шудааст, ки мефармоянд, агар сарриштаи низоми як ҷомеа, ба дасти инсонҳои фосид ва ситамгару мунҳариф бошад, ҳаракоти мӯъминонаи афроде, ки дар ин ҷомеа ҳастанд, ба ҷое намерасад; ва агар дар он чунон ҷомеае касоне таслим бошанд ва аз он ситамгарон итоат кунанд, Худо онҳоро азоб мекунад. (Ба мазмуни ҳадис иктифо шудааст).

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон беш аз буҷаи солона аст
Ҷаҳони ҳастӣ аз нигоҳи Мавлоно

Матолиби пурбоздид