Некӯкорӣ ва инфоқ ба мардум

Некӯкорӣ ва инфоқ ба мардум

Маърифат

“Касоне, ки моли худро дар шабу рӯз инфоқ кунанд, ниҳону ошкор, ононро назди Парвардигорашон подоши некӯ хоҳад буд ва ҳаргиз бимноку андӯҳгин нахоҳанд шуд”. (Қуръони Карим, ояти 274, сураи Бақара).

Аз дидгоҳи мактаби ҳаётбахши Ислом, анҷоми кори хайр, инфоқу эҳсон ва хидматгузорӣ ба афроди ҷомеа, ҳадду марзе надорад ва як мӯъмини ҳақиқӣ дар тамоми саҳнаҳои зиндагӣ бо илҳом аз раҳбарони осмонии хеш мекӯшад, то бореро аз дӯши дигарон бардорад ва хидматеро ба башар ироа кунад.

Имом Ҳусейн(р) бо таъкид бар ин бовари ваҳёнӣ мефармоянд:

“Бидонед, ки ниёзмандиҳои мардум, (ки ба шумо муроҷиа мекунанд), аз неъматҳои илоҳист, пас неъматҳоро афсурда насозед, ки ин вазифаи хидматрасонӣ ба дигарон вогузор хоҳад шуд”.

Раҳи неки мардони озода гир

Чу истодаӣ, дасти афтода гир. (Шайх Саъдӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зулме, ки Худованд аз он намегузарад
Инсонҳои хатарнок

Матолиби пурбоздид