Нигоҳе ба зиндагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ
Андешасозон
Субҳ механдаду ман гирякунон аз ғами дӯст
Эй дами субҳ, чӣ дорӣ хабар аз мақдами дӯст.
Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Ҷалолуддини Румӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Румӣ, Мавлоно ва Мавлавӣ, аз зубдатарин орифон ва яке аз машҳуртарин шоирони Эронзамин ба шумор меояд. Номи ӯ Муҳаммад ва лақабаш дар даврони ҳаёти худ “Ҷалолуддин” ва гоҳе “Худовандгор” ва “Мавлоно Худовандгор” буда ва лақаби “Мавлавӣ” дар қарнҳои баъд (зоҳиран аз қарни нӯҳум) барои вай ба кор рафта. Аз бархе аз ашъораш, тахаллуси ӯро “Хомӯш” ва “Хамӯш” донистаанд. Хонаводаи вай аз хонаводаҳои мӯҳтарами Балх буд ва гӯё насабаш ба халифаи аввал Абӯбакри Сиддиқ (р) мерасад ва падараш ҳам аз сӯи модар ба қавле духтарзодаи Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ буд, ҳарчанд Бадеъуззамон Фурӯзонфар (аз Мавлоношиносони номдор) бо ироаи далоили кофӣ, ин назарияро рад кардааст.
Оғози зиндагӣ
Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар 6 рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 30 сентябри 1207) дар Балх зода шуд. Балх дар он даврон ҳудудаш фаротар аз Балхи имрӯзӣ буда ва шомили қисмате аз ҷануби Тоҷикистони имрӯз ҳам мешуд.
Падари ӯ Мавлоно Муҳаммад ибни Ҳусайни Хатибӣ аст, ки ба Баҳоуддин Валад маъруф аст. Ва низ ӯро бо лақаби Султонулуламо ёд кардаанд. Баҳо Валад аз акобири сӯфия ва бузургони урафо буд ва хирқаи ӯ ба Аҳмади Ғаззолӣ мепайваст. Вай дар илми ирфон ва сулук собиқае дерин дошт ва аз он рӯ, ки миёнаи хуше бо қилу қол ва баҳсу ҷидол надошт ва илму маърифати ҳақиқиро дар сулуки ботинӣ медонист ва на дар мубоҳисоту муноқишоти каломӣ ва лафзӣ, парчамдорони калом бо ӯ аз сари ситез даромаданд.
Ба дурустӣ маълум нест, ки Султонулуламо дар чӣ соле аз Балх кӯчид. Гӯянд, Ҷалолуддин Муҳаммад 13 сол дошт, ки бо падараш Султонулуламо рахти сафар барбаст ва Балху балхиёнро тарк гуфт ва савганд ёд кард, ки то Муҳаммади Хоразмшоҳ бар тахти ҷаҳонбонӣ нишастааст, ба шаҳри хеш бознагардад. Пас, шаҳр ба шаҳр ва диёр ба диёр рафт ва дар тӯли сафари худ, бо Фаридуддини Аттори Нишопурӣ низ мулоқот дошт ва билохира Алоуддини Кайқубод қосиде фиристод ва ӯро ба Қуния (шаҳре дар Туркияи имрӯз) даъват кард. Ӯ аз ҳамон оғози вуруд ба Қуния, мавриди таваҷҷӯҳи хоссу омм қарор гирифт.
Саранҷом шамъи вуҷуди Султонулуламо дар ҳудуди соли 628 ҳиҷрии қамарӣ хомӯш шуд ва дар диёри Қуния ба хок супурда шуд. Дар он замон Мавлоно Ҷалолуддин гом ба 25-умин соли ҳаёти худ мениҳод, муридон гирди ӯ издиҳом карданд ва аз ӯ хостанд, ки бар маснади падар такя занад ва бисоти ваъзу иршод бигустарад.
Ҳама карданд рӯ ба фарзандаш,
Ки туӣ дар ҷамол монандаш.
Шоҳи мо з-ин сипас ту хоҳӣ буд,
Аз ту хоҳем ҷумла мояву суд.
Сайид Бурҳонуддини Муҳаққиқи Тирмизӣ, муриди сиддиқ ва покдили падари Мавлоно буд ва нахустин касе, ки Мавлоноро ба водии тариқат роҳнамоӣ кард. Моҷаро аз ин қарор аст, ки вай ногаҳон бори сафар барбаст, то ба дидори муршиди худ Султонулуламо дар Қуния бирасад. Шаҳр ба шаҳр роҳ паймуд, то ин ки ба Қуния расид ва суроғи Султонулуламоро гирифт, ғофил аз он ки ӯ як сол пеш аз дунё рафта буд.
Вақте ки Сайид натавонист ба дидори Султонулуламо ноил шавад, рӯ ба Мавлоно кард ва гуфт, дар ботини ман улумест, ки аз падарат ба ман расида, ин маъониро аз ман биёмӯз, то халафи сидқи падар шавӣ. Мавлоно низ ба дастури Сайид ба риёзат пардохт ва муддати 9 сол бо ӯ ҳамнишин буд ва з-он пас Бурҳонуддин реҳлат кард.
Буд дар хидматаш ба ҳам нӯҳ сол,
То, ки шуд мисли ӯ ба қолу ба ҳол.
Тулӯи Шамс
Мавлоно дар остонаи 40-солагӣ марде ба тамоми маънӣ ориф ва донишманди даврони худ буд ва муридон ва оммаи мардум аз вуҷуди ӯ баҳраҳо мебурданд, то ин ки қаландаре гумном ва жандапӯш ба номи Шамсуддин Муҳаммад ибни Маликдоди Табрезӣ рӯзи шанбе 26 ҷумодиулохари соли 642 ҳиҷрии қамарӣ ба Қуния омад ва бо Мавлоно бархӯрд кард ва офтоби дидораш қалбу руҳи Мавлоноро бигудохт ва шайдояш кард. (Дар ин мулоқоти кӯтоҳ, вай давраи пуршӯреро оғоз кард. Дар ин давра, ки 30 сол аз ҳаёти Мавлоноро шомил мешавад, Мавлоно осоре бар ҷой гузоштааст, ки ҷузъи олитарин натоиҷи андешаи башарӣ аст.) Шамс ин саҷҷоданишини бовиқор ва муфтии бузургворро саргаштаи кӯю барзан кард, то бад-он ҷо, ки худ ҳоли худро чунин васф мекунад:
Зоҳид будам, таронагӯям кардӣ,
Сарҳалқаи базму бодаҷӯям кардӣ.
Саҷҷоданишини бовиқоре будам,
Бозичаи кӯдакони кӯям кардӣ.
Ҳикояти пайвастани Шамс ба Мавлоно
Рӯзе Мавлавӣ бо хурсандӣ ва бехиёлӣ аз роҳи бозор ба хона бозмегашт, ногаҳон обире ношинос аз миёни ҷамъият пеш омад, густохвор ъинони фақеҳ ва мударриси пурмаҳобати шаҳрро гирифт ва дар чашмҳои ӯ хира шуд ва густохона суоле бар вай тарҳ кард:
“Саррофи олами маънӣ Муҳаммад (с) бартар буд ё Боязиди Бастом?”
Мавлоно, ки олитарин мақоми авлиёро аз нозилтарин мартибаи анбиё ҳам фурӯтар медонист, бо лаҳне оканда аз хашм ҷавоб дод:
“Муҳаммад (с) сарҳалқаи анбиёст, Боязиди Бастомро бо ӯ чӣ нисбат?”
Аммо дарвеши тоҷирнамо, ки бо ин сухан қонеъ нашуда буд, бонг бардошт:
“Пас чаро он як “Субҳонака мо арафнок” гуфт ва ин як “Субҳонӣ мо аъзама шаънӣ” ба забон ронд?”
Мавлоно лаҳзае таъаммул кард ва гуфт:
“Боязид тангҳавсала буд, ба як ҷуръа арбада кард. Муҳаммад дарёнӯш буд, ба як ҷом ақлу сукуни худро аз даст надод.”
Мавлоно инро гуфт ва ба марди ношинос нигарист. Дар нигоҳи сареъе, ки байни онҳо радду бадал шуд, бегонагии онҳо табдил ба ошноӣ гашт. Нигоҳи Шамс ба Мавлоно гуфта буд, аз роҳи дур ба ҷустуҷӯят омадаам, аммо бо ин бори гарони илму пиндорат чӣ гуна ба мулоқоти Аллоҳ метавонӣ расид?
Ва нигоҳи Мавлоно ба ӯ посух дода буд: “Маро тарк макун дарвеш, ва ин бори музоҳимро аз шонаҳоям бардор.”
Пайвастани Шамс ба Мавлоно дар ҳудуди соли 642 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтод ва чунон ӯро волаҳу шайдо кард, ки дарсу ваъзро канор гузошт ва ба шеъру тарона ва даффу самоъ пардохт ва аз он замон табъи зарифи ӯ дар шеъру шоирӣ шукуфо шуд ва ба сурудани ашъори пуршӯру ҳоли ирфонӣ пардохт. Ин ки Шамс ба Мавлоно чӣ гуфт ва чӣ омӯхт ва чӣ фасонаву фусуне сохт, ки саропо дигаргунаш кард, муаммоест, ки “Кас нагушуду нагушояд ба ҳикмат ин муамморо”. Аммо возеҳ ва мубарҳан аст, ки Шамс марде оламу ҷаҳондида буд. Ва бархе ба хато гумон кардаанд, ки ӯ аз ҳайси донишу фанн бебаҳра будааст. “Мақолот”-и ӯ беҳтарин гувоҳ бар дониш ва иттилоъи васеъи ӯ бар адабиёт, луғат, тафсири Қуръон ва ирфон аст.
Ғайбати муваққати Шамс
Рафта-рафта оташи ҳасодати муридони хоми Мавлоно забона кашид ва худро нишон дод. Онҳо медиданд, ки Мавлоно муриди жандапӯше гумном гашта ва ҳеч таваҷҷӯҳе ба онон намекунад, аз ин рӯ фитнаҷӯиро оғоз карданд ва дар аёну ниҳон ба Шамс носазо мегуфтанд ва ҳамагӣ ба хуни Шамс ташна буданд.
Шамс аз гуфтору рафтори газандаи муридони худбину мутаъассиби кӯру оташини қунавиён ранҷида шуд ва чорае ҷуз кӯч надид. Аз ин рӯ дар рӯзи панҷшанбе 21 шавволи соли 643 шаҳри Қунияро ба мақсади Димишқ тарк гуфт.
Шамс дар ҳиҷоби ғайбат фурӯ шуд ва Мавлоно низ дар оташи ҳиҷрони ӯ беқарору ноором гашт. Муридон, ки диданд рафтани Шамс низ Мавлоноро мутаваҷҷеҳи онон насохт, назди ӯ омаданд ва пӯзишҳо хостанд.
Пеши шайх омаданд лобакунон,
Ки бибахшо, макун дигар ҳиҷрон.
Тавбаи мо бикун зи лутф қабул,
Гарчӣ кардем ҷурмҳо зи фузул.
Мавлоно фарзанди худ Султон Валадро ҳамроҳи ҷамъе ба Димишқ фиристод, то Шамсро ба Қуния бозгардонанд. Султон Валад ҳам ба фармони падар ҳамроҳи ҷамъе аз ёрон сафарро оғоз кард ва пас аз таҳаммули сахтиҳои роҳ саранҷом пайки Мавлоно ба Шамс даст ёфт ва бо эҳтиром пайғоми ҷонсӯзи ӯро ба Шамс расонд ва он офтоби ҷаҳонтоб азми бозгашт ба Қуния намуд. Султон Валад ба шукронаи ин мавҳибат як моҳ пиёда дар рикоби Шамс роҳ паймуд, то он ки ба Қуния расиданд ва Мавлоно аз гирдоби ғаму андӯҳ раҳо шуд.
Ғуруби доими Шамс
Муддате кор бад-ин минвол сипарӣ шуд, то ин ки дубора оташи ҳасодати муридони хом шӯълавар шуд, тавба шикастанд ва озору азияти Шамсро аз сар гирифтанд. Шамс аз рафтору кирдори нобихрадонаи ин муридон ранҷидахотир шуд, то бад-он ҷо, ки ба Султон Валад шикоят кард:
Хоҳам ин бор ончунон рафтан,
Ки надонад касе куҷоям ман.
Ҳама гарданд дар талаб оҷиз,
Надиҳад кас нишон зи ман ҳаргиз.
Чун бимонам дароз, гӯянд ин:
Ки ӯро душмане бикушт яқин.
Ӯ чандин бор ин суханонро такрор кард ва саранҷом бехабар аз Қуния рафт ва нопадид шуд. Бад-ин сон, таърихи реҳлат ва чигунагии он бар касе маълум нагашт.
Шайдоии Мавлоно
Мавлоно дар фироқи Шамс ноором шуд ва якбора дил аз даст бидод ва рӯзу шаб ба самоъу рақс пардохт ва ҳоли зору ошуфтаи ӯ дар шаҳр бар сари забонҳо афтод.
Рӯзу шаб дар самоъ рақсон шуд,
Бар замин ҳамчу чарх гардон шуд.
Ин шайдоии ӯ бад-он ҷо расид, ки дигар Қунияро ҷойи диранг надид ва Қунияро ба сӯи Шому Димишқ тарк кард. Мавлоно дар Димишқ ҳарчӣ гашт, Шамсро наёфт ва ночор ба Қуния бозгашт. Дар ин сайри руҳонӣ ва сафари маънавӣ, ҳарчанд ки Шамсро ҷисман наёфт, вале ҳақиқати Шамсро дар худ дид ва дарёфт, ки он чи ба дунболи ӯст, дар худ ҳозир ва мутаҳаққиқ аст. Ин сайри руҳонӣ дар ӯ камоли матлуб падид овард. Мавлоно ба Қуния бозгашт ва рақсу самоъро аз сар гирифт ва хоссу омм ҳамонанди заррае дар офтоби пуранвори ӯ мегаштанд ва чарх мезаданд. Мавлоно самоъро василае барои тамрини раҳоӣ ва гурез медид. Чизе, ки ба руҳ кӯмак мекард, то дар раҳоӣ аз он чи ӯро муқайяд дар олами ҳиссу модда медорад, пилла-пилла то боми олами қудс уруҷ намояд. Чандин сол бар ин минвол сипарӣ шуд ва боз ҳолу ҳавои Шамс дар сараш афтод ва озими Димишқ шуд, вале ҳарчӣ кӯшид, Шамсро наёфт, саранҷом чорае ҷуз бозгашт ба Қуния надид.
Салоҳуддини Заркӯб
Мавлоно бино бар ақидаи орифон ва сӯфиён, бар ин бовар буд, ки ҷаҳон ҳаргиз аз мазҳари Ҳақ холӣ нагардад ва Ҳақ дар ҳамаи мазоҳир пайдову зоҳир аст, ва инак бояд дид, ки он офтоби ҷаҳонтоб аз кадомин карона сар бурун меоварад ва аз вуҷуди чӣ касе намоён мешавад? Рӯзе Мавлоно аз ҳаволии заркӯбон мегузашт, аз овози зарби эшон ҳоле дар вай зоҳир шуд ва ба чарх даромад. Шайх Салоҳуддин ба илҳом аз дӯкон берун омад ва сар дар қадами Мавлоно ниҳод ва аз вақти намози пешин то намози дигар бо Мавлоно дар самоъ буд. Бад-ин тартиб буд, ки Мавлоно шефтаи Салоҳуддин шуд ва Шайх Салоҳуддини Заркӯб тавонист ин лиёқат ва шоистагиро дар худ ҳосил кунад ва ҷойи холии Шамсро то ҳудуде пур созад. Салоҳуддин марде оммӣ ва уммӣ аз мардуми Қуния буд ва пешаи заркӯбӣ дошт ва аз илму савод бебаҳра.
Мавлоно Заркӯбро халифаи худ сохт ва ҳатто Султон Валадро, бо он ҳама мақоми илмӣ, суфориши акид кард, ки бояд ҳалқаи иродати Заркӯбро ба гӯш кунад. Ҳарчанд Султон Валад таслими суфориши падари худ буд, вале дар айни ҳол мақоми худро ба вежа дар улум ва маориф, бартар аз Заркӯб медонист, вале саранҷом ба фиросат дарёфт, ки маълумоту маорифи зоҳирӣ наметавонад чорасози мушкилоти руҳӣ ва муъзалоти маънавӣ бошад. Ӯ бо ин таъаммул худбиниро канор гузошт ва аз сари сидқу сафо муриди Заркӯб шуд. Салоҳуддини Заркӯб низ ҳамонанди Шамси Табрезӣ мавриди ҳасодати муридон воқеъ мешуд, аммо ба ҳар ҳол Мавлоно муддати 10 сол бо вай мусоҳибат дошт, то ин ки Заркӯб бемор шуд ва саранҷом вафтид ва дар Қуния дафн шуд.
Ҳисомуддини Чалабӣ
Ҳисомуддини Чалабӣ маъруф ба “Ибни Ахи Турк”, аз акобири урафо ва муриди сиддиқи Мавлоно буд. Мавлоно бо ӯ низ 10 сол муҷолисат дошт ва ҳатто назми китоби шарифи Маснавӣ ба дархости ӯ сурат гирифт, аммо қабл аз оғози назми дафтари дуввум завҷаи Ҳисомуддин вафот ёфт ва Мавлоно ҳам писари ҷавонаш Алоуддин Муҳаммадро, ки 36 сол дошт аз даст дод ва аз шиддати таъассур ба ҷанозаи ӯ ҳозир нашуд. Ба ин тартиб, муддати ду сол назми Маснавӣ мутаваққиф шуд ва дар соли 662 ҳиҷрии қамарӣ муҷаддадан оғоз шуд.
Ҳисомуддин назди Мавлоно мақоме воло ва азиз дошт, то бад-о нҷо, ки овардаанд: “Рӯзе Мавлоно бо ҷамъи асҳоб ба иёдати Чалабӣ мерафт, дар миёни маҳалла саге баробар омад, касе хост ӯро биранҷонад, фармуд, ки саги кӯи Чалабиро нашояд задан.”
Он сагеро, ки бувад дар кӯйи ӯ,
Ман ба шерон кай диҳам як мӯйи ӯ.
Ҳамчунин овардаанд, ки аз ҳазрати Худовандгор (Мавлоно) суол карданд, ки аз ин се халифа ва ноиб кадомин ихтиёр аст? Фармуд: Мавлоно Шамсуддин ба масобаи офтоб аст ва Шайх Салоҳуддин дар мартибаи моҳ аст ва Ҳисомуддин Чалабӣ миёнашон ситораест равшан ва раҳнамо.
Вафоти Мавлоно
Муддатҳо буд ҷисми наҳифу хастаи Мавлоно дар каманди беморӣ гирифтор шуда буд, то ин ки саранҷом ин офтоби маъно дар рӯзи якшанбе 5-уми ҷамодиулохари соли 672 ҳиҷрии қамарӣ (баробари бо 17 декабри 1273) реҳлат фармуд.
Дар он рӯзи пурсӯз, сармо ва яхбандон дар Қуния бедод мекард ва донаҳои нарму ҳаририни барф дар фазо мерақсиданд ва бар замин менишастанд. Сайли пурхурӯши мардум, пиру ҷавон, мусалмону габр, масеҳиву яҳудӣ, ҳамагӣ дар ин мотам ширкат доштанд. Афлокӣ мегӯяд: “Басе мустакбирону мункирон, ки он рӯз зуннор буриданд ва имон оварданд” ва чиҳил шабонарӯз ин азову сӯг барпо буд.
Баъди чил рӯз сӯйи хона шуданд,
Ҳама машғули ин фасона шуданд.
Рӯзу шаб буд гуфташон ҳама ин,
Ки шуд он ганҷ зери хок дафин.
Оре, чунин буд зиндагии Мавлонои мо, зиндагии ин худовандгори калому ирфон ва шеъру адаб.
Манобеъ:
1) Абдулҳусайни Зарринкӯб, Пилла-пилла то мулоқоти Худо
2) Аллома Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ, Тафсири Маснавӣ, ҷилди аввал
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: