Нигоҳе мухтасар ба андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ибни Халдун
Тамаддуни исломӣ
Абузайд Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун (1332-1406), файласуф ва ҷомеашиноси исломӣ, дар Тунис ба дунё омад ва дар Миср даргузашт. Ибни Халдун зиндагии пурмоҷарое дошт. Зеро аз як сӯ, падар, модар ва ҷамъе аз устодони худро дар асари тоъун, ва сипас ҳамсар ва фарзандонашро дар асари тӯфони баҳр аз даст дод. Ва аз сӯйи дигар, аз мулозимат бо султон то муҳоҷиратҳои фаровон, ҳабс ва зиндонро ба худ дид.
Ба таври хулоса, зиндагии вай муташаккил аз чаҳор давра аст: фарогирии илм, фаъолиятҳои сиёсӣ (монанди дабирии султони сарзамини Мағриб), гӯшагирӣ ва тадрис ва тасаддии маносиби қазоӣ (мисли қозиюлқузоти Миср). Ду китоби маъруфи вай ба номҳои “Таърихул-ъибар” ва “Муқаддима”-и Ибни Халдун, ҳосили ин зиндагии пурфарозу нишеб аст. (1)
* * *
Чароии ниёз ба давлат
Ибни Халдун аз он даста соҳибназарони исломӣ ва балки машҳуртарини онҳост, ки давлатро падидае пӯё ва дар ҳоли такомул медонад. Ба баёни соддатар, ӯ ҳамонанди Форобӣ зиндагии иҷтимоиро зарурӣ медонист; ба ин далел, ки таъмини ниёзҳои моддӣ, бақои насл ва дифоъ дар баробари хатарҳо, машрут ба ҳамкорӣ ва пазириши тақсими кор миёни афроди ҷомеа аст. Дар марҳилаи тақсими кор, албатта таҷовуз ба ҳуқуқ ва амволи якдигар оғоз ва ҳаёти инсонӣ ба саҳнаи кашмакаш ва даргирӣ табдил меёбад. Ва барои ҷилавгирӣ аз ҷанг миёни инсонҳо, давлате лозим аст, ки ба василаи қавитарин ва донотарин фарди ҷомеа идора мешавад, ва бад-ин сон, “пешрафти зиндагии иҷтимоӣ ниёз ба давлатро падид меоварад”. (2)
Ба ақидаи Ибни Халдун, шаклгирии давлат машрут ба ин аст, ки маҷмӯае аз афрод дар сарзамине мушаххас даври ҳам гирд оянд ва ҳукумат ташкил диҳанд. Чунин давлате муваззаф ба мубориза бо душман, таъйини ҳудуди ҷуғрофиёӣ ва ҳиросат аз онҳо, дарёфти молиёт, манъи мардум аз даст задан ба аъмоли хилофи қонун ва вазоифе монанди он аст. Давлате, ки шамшер (сарбозон), қалам (нависандагон), коргузорон ва дастгоҳи девонӣ, аз аносури асосии ташкилдиҳандаи он шумурда мешаванд. (3)
Ибни Халдун мегӯяд, давлат як мавҷуди зистманд ва дар натиҷа, ҳамонанди инсон дорои таваллуд, рушд ва марг аст. Умри ҳар давлат монанди умри инсон, аз 120 сол таҷовуз намекунад. Дар ин муддат, давлат панҷ марҳиларо пушти сар мегузорад: истиқрор, худкомагӣ, азамат, оромиш ва парешонӣ. Дар марҳилаи ахир исроф, табзир, шаҳватронӣ, бакоргирии афроди нолоиқ, ба табоҳӣ рафтани сипоҳ, тундӣ бо бузургон ва бархе масоили дигар буруз мекунад. Ба дигар сухан, давлат дар марҳилаи парешонӣ, аз инсиҷоми кофӣ бебаҳра аст, таъорузҳои мутаъаддид онро иҳота мекунад ва аз нерӯи кофӣ, имконоти молӣ ва ҳамбастагӣ баҳрае надорад. Ба ҳамин далоил, марг ва инқироз давлатро дарбар мегирад ва давлати дигар ҷойгузини он мешавад.
Ибни Халдун ҳамчунин ин назарияро дар мавриди тамаддунҳо ба кор мегирад ва мӯътақид аст, ки ҳар тамаддуне панҷ марҳиларо сипарӣ мекунад: таҳоҷум, авҷ, таҷаммул, истибдод ва инҳитот (фурӯпошӣ). (4)
* * *
Асабият
Мафҳуми “асабият”, ки назарияи маъруфи Ибни Халдун аст, нақше асосӣ дар дидгоҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсии ӯ дорад ва аз назари вай, асоси торих ва меҳвари таҳаввули иҷтимоӣ аст. Дар дидгоҳи Ибни Халдун, истилоҳи “асабият” ба маънои “пайванд ва пайвастагӣ” ва аз “ъасаба” ба маънои наздикон ва хешони одамӣ аз ҷониби падар муштақ шудааст, ва мурод аз он, дифоъи мардум аз ҳарими қабила ва давлати хеш аст. Вожаи “ъасаба” дар чаҳор ояти Қуръон омада ва дар ҳамаи ин маворид, ба маънои гурӯҳе, ки тавассути як омил ба ҳам сахт пайванд зада шуда ва мустаҳкам гардидаанд мебошад. (5)
Асабият маншаи фитрӣ дорад ва дар натиҷа, як мавзӯи табиӣ аст. Бо ин васф, Ибни Халдун дар посух ба ин суол, ки асабият чӣ гуна шакл мегирад ва ё чӣ чизҳое мӯҷиби пайдоиши асабият мешавад, ба аносури зайл ишора мекунад:
- Пайвандҳои хешовандӣ;
- Ҳампаймонӣ ва ҳамсавгандӣ;
- Дини муштарак;
- Аҷдод ё аслу насаби воҳид;
- Муҳит ва шароити ҷуғрофиёӣ. (6)
Таассуби нажодӣ, эҳсоси бародарӣ, ватанхоҳӣ ва дар як калима, асабият, дар мардуми бодиянишин афзунтар аст ва ба ҳамин далел, ҳамбастагӣ ва тӯли умри сиёсии онон бештар аст. Вале ҳар гоҳ яке аз қабоил ба ташкили давлат бипардозад, ба тадриҷ асабияти хешро аз даст медиҳад ва саранҷом, марг давлаташро фаро мегирад. Зеро муҳит ва низоми шаҳр, ки давлат дар он ташкил мешавад ва тадовум меёбад, аз асабияти каме бархӯрдор аст. Ҳатто агар давлат ба умрон ва ободонии шаҳрҳо ҳиммат гуморад, тақвият ва таҳкими давлат фароҳам намеояд, балки ҳар қадр умрон ва ободонии шаҳрҳо бештар шавад, аз мизони ҳамбастагӣ, ҳамоҳангӣ ва таҷонуси инсонҳо мекоҳад ва давлатро ба марҳилаи нестӣ наздиктар месозад. (7)
Илова бар таъсиси давлат, ки ба заволи асабият кӯмак мекунад, шаҳрнишинӣ низ ба нобудии асабият мадад мерасонад. Ҳамчунин, нобудии дин ва ахлоқ ба ҳаёти асабият хотима медиҳад ва ривоҷи истибдод марги тамаддунҳо ва асабиятҳоро фароҳам меоварад. Ҳамчунин интиқол ва ё табдили зиндагии домдорӣ ба кишоварзӣ, ба зиндагии асабият поён мебахшад ва молиёт ситондан мунҷар ба забунӣ, хорӣ ва гусастани маншаи асабият мешавад ва ихтилот ва омехтагии тозиён бо милали ғайри тозӣ ба табоҳии асабият меанҷомад. Яъне, ҳамон асабияте, ки мӯҷиби пайванди фард бо дигарон, мояи инсиҷоми дарунгурӯҳӣ ва боиси таслимнопазирӣ, иттиҳоди қавмӣ ва динии мардум шуда буд,(8) ба восиати яке аз иллатҳои мазкур фурӯ мерезад.
* * *
Давлати хилофат
Ибни Халдун дар бештари дидгоҳҳои худ дар бораи давлат ва вазоифи он, аз аҳдофи давлати исломӣ, ки бар пояи фазилат ва ахлоқ устувор аст, хориҷ намешавад. Илова бар он, дар бархе аз назариёти ӯ ба вузуҳ баён шудааст, ки “муроъоти ахлоқ дар сиёсати давлат мунҷар ба касби тавоноӣ мешавад ва балки муроъоти ахлоқ унсуре асосӣ аз аносури қудрати давлат аст”. (9)
Ибни Халдун давлати хилофатро аз давлати подшоҳӣ ҷудо мекунад. Ӯ мӯътақид аст, ки давлатҳо бар ду синфи аслӣ мебошанд: яке, хилофат, ва дигар подшоҳӣ. Ва маншаи ҳар ду синф ба ниёзи инсон ба возеъе (боздорондае) бармегардад, ки ҷилави набард бо якдигарро мегирад. Ва ин возеъ дар давлати шариат, ба сурати “иқноъӣ” аст. (10)
Тавзеҳ он ки: манбаи султа дар давлати хилофат аз назари Ибни Халдун, ношӣ аз иқноъ аст, дар ҳоле, ки дар давлати подшоҳӣ баргирифта аз икроҳ ва иҷбор аст. Иллати иртиботи давлати хилофат ба “возеъи иқноӣ”, ки Ибни Халдун матраҳ мекунад ин аст, ки ақида ва бавижа ақидаи исломӣ, пайванде байни фармонраво ва раъият ё ҳоким ва маҳкум бар мабнои иқноъ эҷод мекунад ва итоат, дар натиҷаи он иқноъ мебошад. Аммо дар давлати подшоҳӣ, ба ҷиҳати дурӣ аз тамассук ба шариат, итоати раъият коста шуда ва пайвандҳо бар икроҳ ва иҷбор шакл мепазирад. Зеро дар ин вазъият, возеъи дохилӣ вуҷуд надорад ва возеъе ҷуз возеъи хориҷӣ (икроҳ ва зӯр) дар ҷиҳати итоат нахоҳанд дошт.
Аз ин рӯ, Ибни Халдун давлати хилофатро давлати бартар ва бофазилаттар медонад. Ва муҳимтарин далели вай дар баёни бартарӣ, возеъ ва нерӯи он возеъ (11) аст. Ҳар гоҳ возеъ ба сурати иқноъӣ ё дохилӣ дар миёни мардумон бошад, қавитар хоҳад буд. (12) Зеро возеъи иқноъӣ ба дунболи ҳақ буда ва бар он эътимод менамояд ва дар маърази фасод қарор намегирад. Ва ин, давлатро дар масири саодат, хайр, рафоҳ ва озодии мардумон қарор медиҳад. Баръакс, ҳангоме ки возеъ қаҳрӣ, хориҷӣ ва таҳмилӣ бошад, дар маърази фасод қарор мегирад. Ва ин гароиш дар давлати подшоҳӣ зоҳир мешавад, ки бар пояи иҷбори раъияташ устувор шудааст. Ин чизе аст, ки монеъи озодии сокинон шуда ва давлатро аз рушд дар масири пешрафт ва шукуфоӣ бозмедорад ва он чӣ аз пешрафт ва осоиш ба даст овардааст, марҳилае кӯтоҳмуддат мебошад, ки онро давлат сипарӣ менамояд ва сипас ба измиҳлол ва нобудӣ равон мегардад.
* * *
Анвои иҷтимоъ
Сиришт ва фитрати инсон ба гунае аст, ки вайро барои таъмини ниёзҳои зарурӣ ва ба манзури дифоъ дар баробари хатарҳо, ба ёрии ҳамдигар ва ба зиндагии иҷтимоӣ савқ медиҳад. Афзун бар он, дар партави ҳаёти ҷамъӣ аст, ки инсон ба камол даст меёбад ва шоистаи ҷонишинии Худо бар рӯйи замин мегардад. Аз назари Ибни Халдун, зиндагии иҷтимоӣ ба ду шакл таҳаққуқ меёбад:
- Бодиянишинӣ: ки зиндагии инсонҳое аст, ки барои таъмини ниёзҳои зарурӣ (монанди ғизо) дар кӯҳ, биёбон ва ё бодия (саҳро) даври ҳам гирд меоянд;
- Шаҳрнишинӣ: шаҳрнишинон гурӯҳе аз бодиянишинон ҳастанд, ки барои таъмини ниёзҳои таҷаммулии худ, шаҳрҳоро сохтанд ва дар он сокин шуданд. (13)
Бодиянишинон ахлоқи некӯтар аз шаҳрнишинон доранд ва низ диловарӣ, размоварӣ ва тундхӯии онон беш аз аҳолии шаҳр аст. Ҳамчунин дорои зиндагии содда ва ибтидоӣ ҳастанд ва аз сармо ва гармо ба шикофи кӯҳҳо ва хонаҳои сохташуда аз пашми ҳайвонот, шохаи дарахтон ва сангҳои табиӣ паноҳ мебаранд. Онон маишати худро ба сахтӣ аз кӯҳ, дашт ва саҳро таҳия мекунанд ва хӯрокашон аз маводди табиӣ фароҳам меояд. Ибни Халдун бар асоси навъи хӯрок, бодиянишинонро ба се даста тақсим мекунад:
а) Дастае, ки ба кори кишоварзӣ мепардозанд ва дар қаряҳо ва кӯҳистонҳо сокин ҳастанд;
б) Дастае, ки ба молдорӣ ва монанди он иштиғол доранд ва байни даштҳо ва чарогоҳҳо дар ҳаракатанд;
в) Дастае, ки аз тариқи шутурдорӣ имрори маош мекунанд ва доим дар ҳоли биёбонгардӣ мебошанд. (14)
Аз дидгоҳи Ибни Халдун, бодиянишинон пас аз ин ки дар асари кору талош вазъияти маош ва иқтисоди хешро беҳбуд бахшиданд, майлҳои рафоҳталбона ва гароишоти таҷаммулхоҳона дар эшон буруз мекунад, ононро вомедорад, ки ба таъсис ё тасхири шаҳрҳо бипардозанд ва шаҳрнишиниро ҷойгузини бодиянишинӣ намоянд. Аммо таҷаммулгароӣ ва густариши ниёзҳои ғайри зарурӣ сабаби густариши фасод ва дар ниҳоят, суқути умрон ва тамаддуни шаҳрнишинони имрӯз ва бодиянишинони дирӯз мегардад. Ба баёни дигар, зиндагии шаҳрӣ ба сӯйи таҷаммулгароӣ, осоишталабӣ, зиёдахоҳӣ, лоуболигарӣ, сустии равобити хонаводагӣ, худмеҳварӣ ва тарс ва монанди он савқ меёбад ва ҳар гоҳ ин сифот ба авҷи худ бирасад, тӯмори зиндагии шаҳриро дарҳам мепечад. (15)
* * *
Пайнавишт:
(1) Шинохти анвоъи иҷтимоъот аз дидгоҳи Форобӣ ва Ибни Халдун, с.60-72; Андешаи иҷтимоии мутафаккирони мусалмон аз Форобӣ то Ибни Халдун, с.279-280.
(2) Давлат ва ҳукумат дар ислом, с.261-266.
(3) Ҳамон, с.272; Андешаи иҷтимоии мутафаккирони мусалмон аз Форобӣ то Ибни Халдун, с.313.
(4) Андешаи иҷтимоии мутафаккирони мусалмон аз Форобӣ то Ибни Халдун, с.314-315 ва 322; Таърихи андешаҳои иҷтимоӣ дар ислом, с.146.
(5) Таърихи андешаҳои иҷтимоӣ дар ислом, с.140.
(6) Ҳамон, с.141-142.
(7) Андешаи иҷтимоии мутафаккирони мусалмон аз Форобӣ то Ибни Халдун, с.307-308.
(8) Ҳамон, с.309-310; Таърихи андешаҳои иҷтимоӣ дар ислом, с.141-142.
(9) Фил-муҷтамаъ ва назмил-ҳукм, с.122.
(10) Ҳамон.
(11) Ҳамон.
(12) Ҳамон.
(13) Шинохти анвоъи иҷтимоъот аз дидгоҳи Форобӣ ва Ибни Халдун, с.98-99 ва 102-103.
(14) Ҳамон, с.105-107 ва 110-112.
(15) Ҳамон, с.115 ва 133-134.
Қаламонлайн