Озодаи фаротар аз дину мазҳаб – (2)

Озодаи фаротар аз дину мазҳаб – (2)

Ҳодисаи Карбало

Бахши дуввум

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар “Муснад”-и худ аз Абдуллоҳ ибни Нуҷай ва ӯ аз падараш ривоят карда, ки замоне ки Алӣ ба тарафи Сиффайн ҳаракат мекард, ӯ (падари Абдуллоҳ ибни Нуҷай) дар ин сафар дар канори он ҳазрат (а) буда.
Дар васати роҳ, вақте Алӣ дар баробари Найнаво (Карбалои имрӯз) қарор гирифт, фармуд: Диранг кун, эй Абӯабдуллоҳ! Диранг кун, эй Абӯабдуллоҳ дар канори рӯди Фурот!
Ровӣ гӯяд, пурсидам: Алӣ чӣ гуфт?
Арз кард: Алӣ гуфт: Рӯзе ҳузури Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) расидам, дидам аз чашмони муборакаш ашк меборанд.
Арз кардам: Эй Паёмбари Худо! Оё касе шуморо ба хашм оварда, чаро аз чашмони шумо ашк меборад?
Паёмбар (с) фармуд: Ҳамин ҳоло Ҷабраил (а) аз наздам рафт, ӯ ба ман гуфт: Ҳусайн дар каронаи рӯди Фурот кушта хоҳад шуд.
Алӣ ба ӯ арз кард: Оё метавонам аз турбати (муште аз хоки) он макон бибӯям?!
Паёмбар (с) фармуд: Бале.
Сипас, аз ҷойе муште хок бардошт ва ба ман дод, (то бибӯям), ман ҳам натавонистам худамро ба даст бигирам, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд”.
(Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, 2/119, Ашшомила, ба нақл аз Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро муаллим беқадр шудааст?
Калиди биҳишт…

Матолиби пурбоздид