Низоми ҳуқуқи зан дар ислом – III

Низоми ҳуқуқи зан дар ислом – III

Қисмати севвум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши аввал: хостгорӣ ва номзадӣ

* Оё хостгории мард аз зан иҳонат ба зан аст?

* Ғаризаи мард, талаб ва ниёз аст ва ғаризаи зан, ҷилва ва ноз

* Мард, харидори висоли зан аст, на рақабаи ӯ

* Расми хостгории мард аз зан, як тадбири бисёр оқилона ва зарифона аст, ки барои ҳифзи эҳтиром ва ҳайсияти зан ба кор рафтааст

* Иштибоҳи нависандаи “40 модда дар қонуни маданӣ”

Хостгорӣ ва номзадӣ

Ман сухани худро дар бораи 40 моддаи пешниҳодӣ, аз ҳамон нуқта оғоз мекунам, ки дар ин пешниҳодҳо оғоз шудааст. Дар ин пешниҳодҳо, ба тартиби “қонуни маданӣ”, аввал аз хостгорӣ ва номзадӣ баҳс ба миён омадааст.

Назар ба ин ки қонунҳои марбут ба хостгорӣ ва номзадӣ, ки дар қонуни маданӣ омадааст, қонунҳои мустақими исломӣ нест, яъне насс ва дастури сареҳе аз худи ислом дар ағлаби инҳо нарасидааст ва қонуни маданӣ он чи дар ин замина гуфта, тибқи истинботе аст, ки аз қоъидаҳои куллии исломӣ кардааст, мо худро мукаллаф ба дифоъ аз қонуни маданӣ намедонем ва вориди баҳс дар ҷузъиёти назариёти пешниҳодкунанда намешавем, бо ин ки пешниҳодкунанда муртакиби иштибоҳоти азиме шудааст ва ҳатто аз дарки мафҳуми саҳеҳи он чанд моддаи содда оҷиз будааст. Аммо аз ду матлаб дар инҷо наметавонем сарфи назар кунем.

Оё хостгории мард аз зан иҳонат ба зан аст?

  1. Пешниҳодкунанда мегӯяд:

“Қонунгузори мо ҳатто дар ин чанд моддаи казоӣ (марбут ба хостгорӣ ва номзадӣ) ҳам, ин нуктаи иртиҷоъӣ ва ғайриинсониро фаромӯш накардааст, ки мард асл аст ва зан фаръ. Дар таъқиби фикри мазбур, моддаи 1034-ро, ки аввалин моддаи қонун дар китоби никоҳ ва талоқ аст, ба наҳви зер танзим намудааст:

Моддаи 1034 — аз ҳар зане, ки холӣ аз мавонеъи никоҳ бошад, метавон хостгорӣ намуд.

Ба тавре, ки мулоҳиза мешавад, ба мӯҷиби моддаи мазбур, бо ин ки ҳеч гуна ҳукм ва илзоме баён нашудааст, издивоҷ ба маънии “зан гирифтан” барои мард матраҳ шуда ва ӯ ба унвони муштарӣ ва харидор талаққӣ гардида ва дар муқобил, зан навъе коло вонамуд шудааст. Ин қабил таъбирот дар қонунҳои иҷтимоӣ асари равонии бисёр бад ва ногувор эҷод мекунад ва махсусан таъбироти мазбур дар қонуни издивоҷ, бар рӯйи робитаи зану мард асар мегузорад ва ба мард жести оқоӣ ва моликият ва ба зан вазъи мамлукӣ ва бандагӣ мебахшад.“

Ба дунболи ин мулоҳизаи дақиқи “равонӣ”, маводде, ки худи пешниҳодкунанда таҳти унвони “Хостгорӣ” зикр мекунад, барои ин ки хостгорӣ ҷанбаи яктарафа ва ҳолати “зан гирифтан” ба худ нагирад, хостгориро, ҳам вазифаи занон дониста ва ҳам вазифаи мардон, то дар издивоҷ танҳо “зан гирифтан” сидқ накунад, “мард гирифтан” ҳам сидқ кунад ё лоақал на зан гирифтан сидқ кунад ва на мард гирифтан. Агар бигӯем, зан гирифтан, ё агар ҳамеша мардонро муваззаф кунем, ки ба хостгории занон бираванд, ҳайсияти занро пойин оварда ва онро ба сурати колои хариданӣ даровардаем.

Ғаризаи мард, талаб ва ниёз аст ва ғаризаи зан, ҷилва ва ноз

Иттифоқан яке аз иштибоҳоти бузург, ҳамин аст. Ҳамин иштибоҳ сабаби пешниҳоди илғои маҳр ва нафақа шудааст ва мо дар ҷойи худ машрӯҳан дар бораи маҳр ва нафақа баҳс хоҳем кард.

Ин ки аз қадимулайём мардон ба унвони хостгорӣ назди зан мерафтаанд ва аз онҳо тақозои ҳамсарӣ мекардаанд, аз бузургтарин омилҳои ҳифзи ҳайсият ва эҳтироми зан будааст. Табиат, мардро мазҳари талаб ва ишқ ва тақозо офаридааст ва занро мазҳари матлуб будан ва маъшуқ будан. Табиат, занро гул ва мардро булбул, занро шамъ ва мардро парвона қарор додааст. Ин яке аз тадобири ҳакимона ва шоҳкорҳои хилқат аст, ки дар ғаризаи мард ниёз ва талаб ва дар ғаризаи зан нозу ҷилва қарор додааст. Заъфи ҷисмонии занро дар муқобили нерӯмандии ҷисмонии мард, бо ин васила ҷуброн кардааст.

Хилофи ҳайсият ва эҳтироми зан аст, ки ба дунболи мард бидавад. Барои мард қобили таҳаммул аст, ки аз зане хостгорӣ кунад ва ҷавоби рад бишнавад ва он гоҳ аз зани дигаре хостгорӣ кунад ва ҷавоби рад бишнавад, то билохира зане ризояти худро ба ҳамсарӣ бо ӯ эълом кунад. Аммо барои зан, ки мехоҳад маҳбуб ва маъшуқ ва мавриди парастиш бошад ва аз қалби мард сар дароварад, то бар саросари вуҷуди ӯ ҳукумат кунад, қобили таҳаммул ва мувофиқи ғариза нест, ки мардеро ба ҳамсарии худ даъват кунад ва аҳёнан ҷавоби рад бишнавад ва суроғи марди дигаре биравад.

Ба ақидаи Уилям Ҷеймс, файласуфи маъруфи омрикоӣ, ҳаё ва худдории зарифонаи зан ғариза нест, балки духтарон Ҳавво дар тӯли таърих дарёфтанд, ки иззат ва эҳтиромашон ба ин аст, ки ба дунболи мардон нараванд, худро мубтазал накунанд ва аз дастраси мард худро дур нигаҳ доранд; занон ин дарсҳоро дар тӯли таърих дарёфтанд ва ба духтарони худ ёд доданд.

Ихтисос ба ҷинси башар надорад, ҳайвоноти дигар низ ҳамин тавранд; ҳамвора ин маъмурият ба ҷинси нар дода шудааст, ки худро дилбохта ва ниёзманд ба ҷинси мода нишон бидиҳад. Маъмурияте, ки ба ҷинси мода дода шуда ин аст, ки бо пардохтан ба зебоӣ ва лутф ва бо худдорӣ ва истиғнои зарифона, дили ҷинси хашинро ҳар чи бештар шикор кунад ва ӯро аз маҷрои ҳассоси қалби худаш ва ба ирода ва ихтиёри худаш дар хидмати худ бигуморад.

Мард, харидори висоли зан аст, на рақабаи ӯ

Аҷабо! Мегӯянд, чаро қонуни маданӣ лаҳне ба худ гирифтааст, ки мардро харидори зан нишон медиҳад? Аввалан, ин марбут ба қонуни маданӣ нест, марбут ба қонуни офариниш аст.

Сониян, магар ҳар харидорӣ аз навъи моликият ва мамлукияти ашё аст? Талаба ва донишҷӯ харидори илм аст, мутааллим харидори муаллим аст, ҳунарҷӯ харидори ҳунарманд аст. Оё бояд номи инҳоро моликият бигузорем ва мунофии ҳайсияти илм ва олим ва ҳунар ва ҳунарманд ба шумор оварем? Мард, харидори висол зан аст, на харидори рақабаи ӯ. Оё воқеан шумо аз ин шеъри шоири ширинсухани мо Ҳофиз, иҳонат ба ҷинси зан мефаҳмед, ки мегӯяд:

Шероз маъдани лаби лаъл асту кони ҳусн,

Ман ҷавҳарии муфлисам, иро мушаввашам.

Шаҳрест пуркарашмаву хубон зи шаш ҷиҳат,

Чизем нест, в-арна, харидори ҳар шашам.

Ҳофиз афсӯс мехӯрад, ки чизе надорад нисори хубон кунад ва илтифоти онҳоро ба худ ҷалб кунад. Оё ин иҳонат ба мақоми зан аст ё мазҳари олитарин эҳтиром ва мақоми зан дар дилҳои зинда ва ҳассос аст, ки бо ҳамаи мардӣ ва мардонагӣ, дар пешгоҳи зебоӣ ва ҷамоли зан хузӯъу хушӯъ мекунад ва худро ниёзманд ба ишқи ӯ ва ӯро бениёз аз худ муаррифӣ мекунад?

Мунтаҳои ҳунари зан ин будааст, ки тавониста мардро дар ҳар мақоме ва ҳар вазъе будааст, ба остони худ бикашонад.

Акнун бибинед ба номи дифоъ аз ҳуқуқи зан, чӣ гуна бузургтарин имтиёз ва шараф ва ҳайсияти занро лаккадор мекунанд?

Ин аст, ки гуфтем, ин оқоён ба номи ин ки абрӯи зани бечораро мехоҳанд ислоҳ кунанд, чашми вайро кӯр мекунанд.

Расми хостгорӣ як тадбири зарифона ва оқилона барои ҳифзи ҳайсият ва эҳтироми зан аст

Гуфтем, ин ки дар қонуни хилқат, мард мазҳари ниёз ва талаб ва хосторӣ ва зан мазҳари матлубият ва посухгӯӣ офарида шудааст, беҳтарин зомини ҳайсият ва эҳтироми зан ва ҷубронкунандаи заъфи ҷисмонии ӯ дар муқобили нерӯмандии ҷисмонии мард аст ва ҳам беҳтарин омили ҳифзи таъодул ва тавозуни зиндагии муштараки онҳост. Ин навъе имтиёзи табиӣ аст, ки ба зан дода шуда ва навъе таклифи табиӣ аст, ки ба дӯши мард гузошта шудааст.

Қонунҳое, ки башар вазъ мекунад ва ба иборати дигар, тадобири қонунӣ, ки ба кор мебарад, бояд ин имтиёзро барои зан ва ин таклифро барои мард ҳифз кунад. Қонунҳои мабнӣ бар яксон будани зану мард аз лиҳози вазифа ва адаби хосторӣ, бар зиёни зан ва манофеъ ва ҳайсият ва эҳтироми ӯст ва таъодулро ба зоҳир ба нафъи мард ва дар воқеъ ба зиёни ҳар ду баҳам мезанад.

Аз ин рӯ, маводде, ки аз тарафи нависандаи “40 пешниҳод” мабнӣ бар ширкат додани зан ба вазифаи хостгорӣ пешниҳод шуда, ҳеч гуна арзише надорад ва бар зиёни ҷомеаи башарӣ аст.

Иштибоҳи нависандаи “40 модда дар қонуни маданӣ”

Матлаби дуввуме, ки ба муносибати ин фасл лозим аст тазаккур диҳам ин аст, ки оқои Маҳдавӣ, нависандаи “40 пешниҳод”, дар шумораи 86 маҷаллаи “Зани рӯз”, сафҳаи 72 менависанд:

“Ба мӯҷиби моддаи 1037, ҳар як аз номзадҳо, ки бидуни иллати муваҷҷаҳ васлати мазбурро баҳам занад, бояд ҳадоёеро, ки тарафи муқобил ва ё волидайни ӯ ва ё ашхоси солис ба манзури васлати мазкур додаанд мустарад дорад ва дар сурате, ки айни онҳо боқӣ набошад, қимати онҳоро бояд рад кунад, магар ин ки ҳадоё бидуни тақсири тараф талаф шуда бошад.

Тибқи муқаррароти моддаи мазкур, номзадӣ ҳам аз назари қонунгузори мо монанди ваъдаи издивоҷ ҳеч асари қонунӣ ва замонати иҷроӣ надошта ва нисбат ба тарафайн ҳеч навъ таъаҳҳуде эҷод намекунад ва танҳо асари он ин аст, ки тарафи мутахаллиф, ки ба қавли нависандаи қонуни мазбур “бидуни иллати муваҷҷаҳ” васлати мазбурро баҳам занад, айн ё қимати ҳадоёеро, ки ба манзури васлат аз тараф дарёфт дошта, бояд мустарад дорад ва ҳол ин ки ғолибан дар даврони номзадӣ, тарафайн ба манзури васлат чизе ба якдигар намедиҳанд, вале барои хотири худи номзадӣ мутаҳаммили махориҷи фавқулъода сангин мешаванд…“

Чунонки мулоҳиза мефармоед, эроди оқои Маҳдавӣ бар ин моддаи қонунӣ ин аст, ки барои номзадӣ асари қонунӣ ва замонати иҷроӣ қоил нашудааст; танҳо асаре, ки қоил шуда ин аст, ки тарафи мутахаллиф бояд айни ҳадоёе, ки дарёфт дошта ё қимати онҳоро ба тараф бипардозад ва ҳол он ки умдаи хасорате, ки шахс ба воситаи номзадӣ мутаҳаммил мешавад, хасоратҳои дигар аст, мисли хасорате, ки ба воситаи ҷашни номзадӣ ё меҳмонӣ кардани номзад ва гардиш бо ӯ мутаҳаммил мешавад.

Ман мегӯям, эроди дигаре низ бар ин моддаи қонунӣ ворид аст ва он ин ки мегӯяд, агар тарафи мутахаллиф “бидуни иллати муваҷҷаҳ” васлатро баҳам занад, бояд айн ё қимати ҳадоёе, ки дарёфт дошта мустарад дорад ва ҳол он ки тибқи қоъида агар бо иллати муваҷҷаҳ низ васлатро баҳам занад, бояд лоақал айни ҳадоёе, ки дарёфт дошта дар сурат мутолибаи тарафи муқобил мустарад дорад.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳеч кадом аз ин эродҳо ворид нест.

Қонуни маданӣ дар моддаи 1036 чунин мегӯяд:

“Агар яке аз номзадҳо васлати манзурро бидуни иллати муваҷҷаҳе баҳам занад, дар ҳоле, ки тарафи муқобил ё абавайн (волидайн)-и ӯ ё ашхоси дигар ба эътимоди вуқӯъи издивоҷ мағрур шуда ва махориҷе карда бошанд, тарафе, ки васлатро баҳам задааст, бояд аз ӯҳдаи хасорати ворида барояд, вале хасорати мазбур фақат марбут ба махориҷи мутаъорафа хоҳад буд.“

Ин моддаи қонун ҳамон чизеро, ки оқои Маҳдавӣ хаёл мекунанд қонун пешбинӣ накардааст баён мекунад. Дар ин модда аст, ки қайди “бидуни иллати муваҷҷаҳ” зикр шудааст.

Тибқи ин модда, на танҳо тарафи мутахаллиф зомини махориҷе, ки шахси номзад мутаҳаммил шудааст мебошад, зомини махориҷи абавайн ё ашхос дигар низ мебошад.

Дар ин модда бо такя рӯйи калимаи “мағрур шуда” ба решаи ин моддаи қонунӣ, ки ба номи қоъидаи “ғурур” маъруф аст ишора мекунад.

Ба илова, дар қонуни маданӣ “тасбиб” яке аз мӯҷиботи замони қаҳрӣ шинохта шуда ва аз моддаи 332, ки марбут ба тасбиб аст низ метавон замони тарафи мутахаллифро дар ин гуна маворид истифода кард.

Бинобар ин, қонуни маданӣ на танҳо дар бораи хасоратҳои номзадӣ — ки ба қавли нависандаи пешниҳодҳо, ба хотири худи номзадӣ сурат мегирад — сукут накардааст, дар ду модда онро гунҷонидааст.

Аммо моддаи 1037-и қонуни маданӣ ин аст:

“Ҳар як аз номзадҳо метавонанд дар сурати баҳам хӯрдани васлати манзур, ҳадоёеро, ки ба тарафи дигар ё абавайни ӯ барои васлати манзур додааст мутолиба кунанд. Агар айни ҳадоё мавҷуд набошад, мустаҳиққи қимати ҳадоёе хоҳад буд, ки одатан нигоҳ дошта мешавад, магар ин ки он ҳадоё бидуни тақсири тарафи дигар талаф шуда бошад.”

Ин модда марбут ба ашёе аст, ки тарафайн ба якдигар эҳдо мекунанд ва чунонки мулоҳиза мефармоед, дар ин модда ҳеч гуна қайд нашудааст, ки як тараф бидуни иллати муваҷҷаҳ васлатро баҳам зада бошад; қайди “бидуни иллати муваҷҷаҳ” истинботи беҷойе аст, ки оқои Маҳдавӣ кардаанд.

Аҷабо! Касоне, ки аз дарки мафҳуми чанд моддаи соддаи қонуни маданӣ нотавонанд — бо ин ки як умр корашон баррасии онҳо будааст ва солҳо будҷаи мамалакатро ба номи тахассуси фаннӣ дар дарки ин қонунҳо масраф кардаанд — чӣ гуна ангезаи тағйири қонунҳои осмониро, ки ҳазорон мулоҳизот ва резакориҳо дар онҳо ба кор рафтааст, дар сар мепарваронанд? Ин нукта низ ногуфта намонад, ки оқои Маҳдавӣ то панҷ сол қабл, ки машғули таълифи китоби “Паймони муқаддас ё мисоқи издивоҷ” будаанд, ҷумлаи болоро ба сурати “бидуни иллат ва мӯҷибе” қироат мекардаанд. Дар китоби худашон доду фарёд роҳ андохтаанд, ки магар дар дунё коре бидуни иллат ва мӯҷиб мумкин аст? Аммо ахиран мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки солҳо ин ҷумларо ғалат қироат мекарда ва мефаҳмидаанд ва ҷумлаи мазбур “бидуни иллати муваҷҷаҳ” будааст.

Аз эродоти дигаре, ки дар фасли хостгорӣ ба нависандаи “пешниҳодҳо” ворид аст, феълан сарфи назар мекунам.

Идома дорад…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиёни ҳамоқат
Ато Мирхоҷа: Осонтарин роҳи барҳам додани ифротгароӣ

Матолиби пурбоздид